ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУМОРИ МОДАР

ХУМОРИ МОДАР

13 июл 2023, Панҷшанбе
18
0
 
РӮЗИ МАРГ
10 август, 37 сол пеш,  хонандаи синфи шаш будам. Бародари хурдиам шашмоҳа буд. Дар ин вақт модарамон дар синни 40-солагиаш аз дунё гузашт. Ҳоло аз модар танҳо як сураташ ва чанд хотироти кӯтоҳе бароям боқӣ мондааст. Ҳамааш аз гиряҳои бародарам сар шуд. Баъди дафни модарам беист гиря мекард… 
Баъд аммаам ба падарам гуфт, ки кӯдакро хумори модараш гирифтааст. Ба апаам иҷозат надоданд, ба аммаҳоям низ. Падарам куртаи гардии модарамро пӯшид, бародарамро дар бағалаш гирифт, бародарам куртаи модарамро бӯй кашиду хомӯш шуд…
Пас аз чил рӯзи даргузашти модарам дигар куртаи гардиаш ба гиряҳои бародарам асар накард, бӯйи модарам аз куртаи гардиаш рафта буд… Ин охирон куртае буд, ки модарам пеш аз бистарӣ шуданаш пӯшида буд…
Аммо мо ба якдигар танҳо як савол доштем: «Модарамро дидӣ, модарам дар хобатон даромад, модарам баъд чӣ гуфт?»
Расмашро медидам, аммо хуморам намешикаст. Баъд як рӯз, кампири Гулдаста ба ман гуфт: «Мехоҳӣ, модаратро дар хоб бинӣ? Фарзанди дӯстдорашро биранҷон, ҳатман дар хобат медарояд».
Ман аввал ба гуфтааш ҳеҷ бовар накардам, баъд хумори модарам зӯрӣ кард. Охир мо – ҳама барояш дӯстдор будем, азиз будем, азиз.
Аввал чор бародари хурдсоламро ба ҳар баҳона ранҷондам, аммо модарам дар хобам надорамад. Баъд пинҳонӣ мазори деҳа рафтам, як каф аз хоки гӯраш гирифтам. Хостам, ба амаки муллоям бидиҳам, то чизе хонаду модарамро дар хоб бубинам…
Аммо, ҷуръати ин як каф хокро пеши амакам бурдан надоштам. Бародари хурдиамро ранҷодам. Ҳамон шаб модарам дар хобам даромад… Баъди маргаш ман аввалин бор ӯро дар хоб дидам. Дидам, ки дар хонаамон ҳаст, гаҳвораи додарамро меҷунбонад, аллааш мегӯяд… Хобам парид, оҳиста бедор шудам,  гаҳвораи бародарам меҷунбад, аммо дидам, ки падарам гаҳвораро худ меҷунбонад…
Рӯзи маргашро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Аммаҳоям моро аввал аз хона бароварданд, баъд аз пӯшти тирезаи хона рафтем. Дидем, ки кокулони бофтаи модарамро мекушоянд, баъд гарданбанду гӯшвораҳояшро мегиранд, баъди матои сафед, матоъҳои рангаро ба рӯяш мепартоянд. Ман аввалин бор ҳамин гуна матоъҳои рангаро дидам… Хурсанд шудам, бисёраш ранги сабз буд, ҳамааш ба модарам мезабид, агар дӯзанд, чӣ қадар куртаҳо, зебо, бисёр…
Баъд садои гиряи аммаҳоям баланд шуд, гиряи падарамро бори аввал дидам, шунидам… Ману чор бародари хурдсоламро ба хонаи дигар бурданд. Аммаҳоям, хешу таборҳоямон ба хонае, ки мо будем медаромаданд, моро навозиш мекарданд, аммо навозишҳои бо садои гиря….
Аммаи Фотима, аммаи Мамлакатам баъд ҳамин хона ҳам даромаданд. Дар дасташон сони сафед. Баъди худро шинохтан, фаҳмидам, ки кафани модарамро дар пеши чашмонамон пора мекарданд…
Аз ҳама хотироти дардолуд, ин манзараи баровардани тобути модарам аз хона буд. Тобуташро дар рӯи ҳавлиамон гузоштанд. Падарам додари шашмоҳаамонро дар бағалаш гирифту сари тобути модарам рафт, баъд…
Имрӯз бародаронам ҳама пайи зиндагии худ, осуда ором, апаҳоям низ. Падарам баъди марги модарам дигар зан нагирифт, баъди 15 соли даргузашти модарам ӯ ҳам даргузашт…
Маро то ҳол хумори модарам мегирад. Ба наздикону пайвандонам мегӯям: «Модарҳоятонро дӯст бидоред, фурсат дошта бошед, бо модаронатон бошед…».
 
КУРТАИ ГАРДӢ…
То ҳол ман худамро намебахшам, бахшида ҳам наметавонам, кӯдакиамро низ… Баъди як рӯзи даргузашти модарам, сандуқи ӯро кушоданд, куртаҳо, рӯймолҳои рангорангашро гирифтанд. Баъд деги калонамонро дар ҳавлӣ гузоштанд. Ман барои гарм кардани оби дег аловро даргирондам. Пас аз он аммаҳоям: аммаи Мамлакат, аммаи Фотима либосҳои модарамро гирифтанд, бо собуни мушк шустанд. Падарам дар ҳавлӣ як торбанд кашид, либосҳои модарамро баъди шустан овезон карданд: сабз, сурх, гулобӣ…
Ду курта, як рӯймоли модарамро нашустанд. Аммаи Мамлакатам онҳоро низ дар қатори либосҳои шуста дар торбанд чанд қатра об пошид. Ман хурсанд шудам, ки модарам чӣ қадар либос дорад: сабз, сурх, гулобӣ…
Аммо аз ҳама либосҳояш ба ман куртаи гардиаш маъқул буд. Гулҳои лола дошт, лола. Бегоҳ либосҳои модарамро ҷамъ ва дар чанд буғча бастанд, куртаи гардиашро низ…
Аммаи Мамлакатам гиря кард, падарамро оғӯш кашида гуфт:
– Сафармоҳ ҳеҷ умр надид, осудаи фарзандонро низ… 
Буғчаҳои бастаро ба чанд зани деҳа тақсим карданд. Аммаам таъкид кард:
– Ба хотири фарзандҳои акаам ҳеҷ вақт ин либосҳоро напӯшед…
Хонаамон дар сари роҳ буд, занони деҳа аз пеши чашми мо ба саҳро ба кор мерафтанд, аммо ҳеҷ гоҳ куртаҳои модарамро дар тани онҳо надидам. Баъд фаҳмидам, ки онҳо либосҳои модарамро ба занони деҳаи ҳамсоя тақсим кардаанд…
Дуруд ба шумо, занҳои деҳаи ҳамсоя. Агар зинда бошед, шумо, ҳар кадоматон, модари ман ҳастед. Ҳоло ҳам шумо дар назари ман чилсолаед, ҷавон ҳастед… Модари ман, ягон бемории сироятӣ надошт. Модарамро оби селитраи пахтазор кушт…
Тайёраҳо… тайёраҳо парвоз кунед, чарх занед дар фазои кишварам. Медонам, дигар ба сару рӯйи ман дору намепошед… Пахтазорҳо мисли пештара ҳам нестанд… Модарам дар чилсолагиаш мурд, ман он замон сенздаҳсола будам, ман то ҳол намурдаам… 
Дуруд, модар! Пайғомамро бароят рӯзе, соле меорам. Меорам, ки дар таги дег алов мондам, коғази собуни мушкро кушодам, баъд либосҳоятро шустанд, дар торбанди кашидаи падарам овезон карданд…
Ман ҳеҷ намехостам, куртаи гардиатро бишуянд… Ман то ҳол либоси гардӣ меҷӯям, барои апаҳоям, барои хоҳарам, барои духтарони онҳо ва бародарону пайвандонам…
 
Қурбоналӣ МАҶИДЗОДА
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив