ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО» ДАР СУҒД

«МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО» ДАР СУҒД

13 июл 2023, Панҷшанбе
29
0
10 июл корвони «Модарони ваҳдатсаро», ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд қарор дорад, вориди ноҳияи Айни гардид. 
 
“Модарони ваҳдатсаро”-ро дар майдони Парчами давлатӣ раиси ноҳия Муқим Муродзода ва Хуршеда Хоҷазода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд, истиқбол гирифта, роҳандозии корвони «Модарони ваҳдатсаро»-ро аз ҷумлаи иқдомҳои наҷиби таҳкимбахшандаи ваҳдату субот номиданд. Ҳадаф аз сафарбаршавии корвон, таҳкими пояҳои сулҳу оромӣ, якдиливу якмаромӣ буда, инчунин, баҳри пешгирӣ намудани пошхӯрии оилаҳо, омилҳои номатлуби ҷомеа, хурофот ва терроризму экстремизм мусоидат менамояд.
«Тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳия баланд бардоштани нақши занон бамаротиб афзуда, сафи занони коргар сол ба сол меафзояд. Ҳамзамон, фаро гирифтани духтарон ба зинаи сеюми таҳсил дар деҳоти дурдаст дар ҳоли афзоиш аст. Ин ҳама пешравиҳо аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан – модар гувоҳӣ медиҳад, зеро, имрӯз зан дар мақоме қарор дорад, ки дар ҳеҷ давру замон чунин ҷойгоҳи баланду эҳтиром ва ғамхорӣ насибаш нагардида буд», – гуфт Муқим Муродзода.
Пас аз пазироии меҳмонон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ бо иштироки меҳмонон, занони фаъоли ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳо доир гардид. 
Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Хуршеда Хоҷазода, доир ба нақши занон дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа ва иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо сухан ронданд.
Ёдовар мешавем, ки аҳли корвони «Модарони ваҳдатсаро» аз 10 то 15 июли соли равон дар 70 ҷамоати деҳот ва 34 қисми сарҳадию низомии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир карда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан менамоянд.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив