ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БЕМОРИҲОИ ТЕЛЕФОНӢ. РОҲИ РАҲОӢ ЧИСТ?

БЕМОРИҲОИ ТЕЛЕФОНӢ. РОҲИ РАҲОӢ ЧИСТ?

13 июл 2023, Панҷшанбе
27
0
 
Телефони мобилӣ беҳтарин воситаи алоқаи муоширати инсонӣ буда, бисёр масъалаҳои ҳаёт ба воситаи он ҳал мешаванд. Аммо фарҳанги дурусти истифодабарии он аз тарафи шаҳрвандон ташвишовар аст. Аксар волидон кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандони худ телефонҳои қимат харида диҳанд, аммо онҳо кӯшиш намекунанд, донанд, ки фарзандонашон дар фазои маҷозӣ чӣ мехоҳанду чӣ кор мекунанд? Бинобар ин, педагогҳо ҳам бояд вобастагии бачаҳоро аз телефону интернет ба дарсу хондан иваз кунанд, ки, мутаассифона, аз уҳдаи он баромада натавониста истодаанд.
Барои раҳонидани ҷавонон аз ин вобастагӣ, дар навбати аввал бояд сифати таълим боло бурда шавад, институтҳои таълимӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шаванд. 
Дар интернет шабакаҳои махсус хело зиёданд, аммо мо онҳоро бояд дуруст истифода барем. Он чи, ки имрӯз боиси нигаронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст, риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқист.  Сабаби чунин рафторро мо вобаста ба дурӣ ҷустан аз мутолиаи китобҳои ахлоқию тарбиявӣ, беназоратии волидайну омӯзгорон ва бетафовутии ҷомеа медонем.
Саъю талоши давлатҳо барои аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахшанд. Аз ин рӯ, ҷавонон ва падару модарони онҳо, ҳар як аъзои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки аз дастовардҳои замони муосир самаранок истифода бурда, фарзандон ва насли ҷавонро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд, ки ба ин бемориҳо гирифтор нашаванд.
Ҷойи таассуф аст, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ боиси беҳуда гузарондани вақт (72,4%), тамошои видеоҳои фаҳш (52,9%), ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои каҷрафтор (51,1%), коста шудани ахлоқ (44,6%), дур шудан аз муоширати зинда (33,5%) ва вобастагӣ пайдо шудан (26,2%) мегардад.
Шумораи гурӯҳҳои радикалӣ ва шабакаҳои интернетии хусусияти ифротгароидошта меафзояд. Пайдо шудани фазои ягонаи иттилоотӣ ва воситаҳои коммуникатсия эҳтимолияти рушди минбаъдаи пайдоиши радикализмро бамаротиб зиёд намудааст. Намояндагони таблиғоти ифротӣ аз маърифати паст ва фанатизми динии баъзе ҷавонон суистифода намуда, таваҷҷуҳи онҳоро бо роҳҳои гуногун, махсусан технологияи коммуникатсионӣ (сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ), ба худ ҷалб менамоянд. 
Ҳамзамон бо ин, бозиҳои электронӣ бинобар, асосан, саҳнаҳои ҳарбу зарб ва қатлу кушторро фарогир буданашон аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷараёни тарбияи ахлоқӣ – ҳуқуқии насли ҷавон низ, халали ҷиддиву ислоҳнопазир ворид месозанд. 
Бо мақсади пешгирӣ кардани ҷавонон, миллат ва баъзе шахсони ба ифротгароии иттилоотӣ вобастабуда пешниҳод менамоям:
Истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ба як низоми муайян мутобиқ карда шаванд. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни омма (тариқи телевизиону радио бо воситаи роликҳои иҷтимоӣ) оид ба зарари ифротгароии иттилоотӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ бо роҳи гузарондани суҳбату вохӯриҳо ҷоннок карда шаванд. Дар ин самт ҷалби тамоми ҷомеа, махсусан волидайни ҷавонон, мувофиқи мақсад мебошад. Ба ҷавонон фаҳмонда шавад, ки аз веб-сайтҳои ба ифротгароии иттилоотӣ вобастабуда дуруст истифода баранд (масалан, дар гузоштани  «лайкҳо» ин ба зарари мо эҳтиёткор бошанд ё умуман лозим нест).
Масъулини Кумитаи кор бо ҷавонони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин самт кори намоядагиҳои худро, хусусан дар деҳоту ҷамоат ва ноҳияҳои малакат, ҷоннок   намоянд.
Қонуни махсус оид ба истифодаи шабакаҳои интернетӣ, махсусан зараровар, қабул карда шавад.
Дар  Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» – чунин омадааст: «- ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1594);»
Дар асоси қонун кӯдакони то синни 18, ки ба ин касалӣ гирифтор мешаванд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ҳоло дар баъзе ҷойҳо эҳсос мешавад, ки ташкилотҳои иртиҷои барои мағзшӯии ҷавонони муҳоҷири мо барномаҳои махсусеро рӯи даст гирифтаанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидани барномаҳои муғризонаю тарғибгари ғояҳои ифротӣ моро вазифадор месозад, ки дар самти ҳамкории густурда бо волидайн, ҷамоату деҳот, ноҳияҳою шаҳрҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ робитаи мустаҳкаму мустақим дошта, бо ин қишри осебпазири ҷомеа бештар кору фаъолият намоем, ки ин вазифаи мо аъзоёни ҲХДТ мебошад.
 
Бойалӣ Ҳусенов,
номзади илмҳои педагогӣ,  устоди  ДДТТ 
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив