ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Модар 

Модар 

14 июл 2023, Ҷумъа
61
0
Фарзандҳои мо ҳама ҳамҷони модаранд,
Аз ранҷи зоду ҳастии хандони модаранд.
Садҳо бузург саҷдагари хоки пояшон,
Зеро ҳама бузург бузургони модаранд.
Дар пешашон сарою саморо магӯ баланд,
Паст он ҳама зи арши пурармони модаранд.
Аз хурд то калон таги ин чатри чархи пир
Парвардае зи ширу лаби нони модаранд.
Пайғамбаре набуд агарчи зи модаре,
Пайғамбарон зи ҷаннати домони модаранд.
 
Дуои хайр
Дуои хайр мехоҳам, аё модар,
Дуои хайр мехоҳам!
«Ниҳол аз обу Инсон аз дуо ёбад камоли умр»
Шунидам аз забони ту,
Дуоям деҳ, набинам то заволи умр.
Аз он рӯзе, ки худро мешиносам ман,
Агар болида бошам, аз дуои хайр болидам,
Агар нолида бошам, бо дареғ аз саркашии хеш нолидам,
Ки роҳе пеша кардам бе дуои ту.
Маро ин дам, ки роҳи дур дар пеш аст,
Дили ту аз ҷудоиҳо,
Дили ман аз сафар нокарданам реш аст,
Дуоям деҳ, ки аз файзи дуои ту
Ба роҳам файзҳо резад,
Ки шояд файзҳо рӯзе 
Паи ман сабз ҳамчун сабзаҳо хезад.
Ки монад то зи дунёи умеду ормони ту,
Зи дунёи ҷавони ман
Ба дунё як нишони ту,
Ба дунё як нишони ман.
Ба ин умед, эй модар,
Зи манзил то ба манзил роҳпаймоям, 
Равонам то диёри сабзи фардоям,
Ки бунёдаш бикардам дар умеду орзуҳоям…
Дар ин дарё, дар ин вақту фазо,  ки бешинойӣ нест,
Шино кардан, шиновар будан охир расми мардон аст. 
Бубояд ғарқ шуд ё то ба як соҳил шино бояд,
Ҳар он марде, ки соҳил шишт, 
Маҳкумтар зи маҳкумони зиндон аст…
Пайи ин ҳукм дар роҳам, аё модар,
Дуоям деҳ,
Дуои туст ҳамчун тӯша ҳамроҳам, аё модар! 
Ту мегӯӣ, ки дар дунё
Ҳар он кӣ хайр мекобад,
Зи дунё хайр меёбад.
Ман охир бо ҳамин умед умре роҳ меҷӯям,
Зи ишқу ормон,
Аз қисмати инсон
Ба раҳҷӯёни қисмат қисса мегӯям,      
Ки шояд қиссаҳо рӯзе
Миёни синаҳо сарсабз чун себаргаҳо рӯянд,
Ки шояд ман ҳаме сарсабз
дар себаргазорони диле рӯям.
Пайи ин орзуҳо зиндаам модар,
Хумории рухи ояндаам, модар.
Ба дил умеди истиқбол,
Раҳораҳ аз баҳори орзуҳоят гул афшонам.
Ба ҳаққи ҳурмати шират,
Ба номи он кӣ дар майдон
Ба мардӣ бо гуноҳу бо савоби хеш меафтад,
Сано хонам.
Вале онро, ки чун оина сад рӯ акс месозад,
Ба саҳни зиндагӣ сад нақш мебозад,
Намебахшам…
Гар аз ман нек ояд,
Пеши ту дар хандаам,  модар,
Бад ояд, пеши ту шармандаам, модар.
Маро мебахшӣ, эй модар!
Манам кӯчак,
Туӣ  акбар.
Ва дар дунёи хайру шар,
Касе чун ту намедонад
Чи сон бахшидани фарзандҳои пургуноҳашро…
Гунаҳҳои маро ҳам бахш, эй модар!
Ту медонӣ
Чаро Искандари хунхорро бо ҷумла хунхорӣ,
Ба ҷумла модарозорӣ,
Накушт он модари бечора, ки исмаш ба ин фарзанд
Бишуд машҳур ҳамчун «модари Искандари хунхор»…
Ва ӯ дар марги Искандар
Фиғонҳо дошт бас ҷонкоҳ,
Фиғонҳо дошт бо дарёи ашку оҳ…
Фиғонҳо дошт на чун шоҳхонум, моми бечора,
Фиғонҳо дошт ҳамчун модари одии бечора…
Ту дар бахшиш бузургӣ, бо бузургиҳои баҳру бар,
Ту бо бахшиш бузургӣ, модар, эй модар!
Дуоям деҳ.
Кунун вақти сафар кардан фаро омад,
Кунун вақти дуо омад,
Дуоям деҳ, аё модар,
Дуои муддаоям деҳ, аё модар…
… Худоё, бо дуои модарам дар раҳ 
барорам деҳ,
Ба ин як каф дуо файзе зи файзи 
кирдигорам деҳ. 
 
Ҳақназар ҒОИБ, 
Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 14.07.2023 №: 144
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив