ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲАММАД ҒОИБ. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

МУҲАММАД ҒОИБ. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

18 июл 2023, Сешанбе
73
0
 
Ин ҳамоиш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хотири рӯнамоии Китобномаи Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, баргузор шуд. Воқеан, маврид ба зикр аст, ки ин муассиса чанд соли охир бо чунин иқдомҳои наҷиб, яъне омода намудани нашри китобномаҳои шахсиятҳои маъруфи кишвар, рӯзномаҳои бонуфуз дар боло бурдани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва шинохти бештару беҳтари таърихи миллат саҳми назаррас гирифта истодааст.
 
Ҳамоиш бо суханронии Файзализода Ҷумахон Хол, директори ин муассиса, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ифтитоҳ ёфт. Дар ин зимн аз имконоти фароҳамовардаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ӯ дар тарғиби китобу китобхонӣ ёдовар шуд.
Мураттибони Китобнома Наргис Валиева ва Ҳусния Назирова, муҳаррир Шариф Комилзода, саъй ба харҷ додаанд, то ба ин васила хонандагон, мутахассисон, пажӯҳандагон дар пайдо кардани номҳои осори ин адиб ва навиштаҳои дигарон дар мавриди ӯ ва эҷодаш ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нагарданд. 
Китобнома аз ду қисм иборат мебошад. Дар қисми якум ҳамаи афкору андешаҳои адибону муҳаққиқони соҳа дар бораи рӯзгору осори шоир, ки ба нашр расидаанд, ҷой дода шудааст. 
Қисми дуюм осори назмию насрии шоирро бозгӯанд. 
 Тавре дар пешгуфтор омадааст: “Дар Китобнома унвони асарҳо тибқи стандарти маъмул номнавис шуда, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда тибқи замони нашрашон, зери як асар, бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ пешниҳод шудааст. Мундариҷаи асарҳои бузургҳаҷм шарҳ ёфта, асарҳое, ки тавассути сарлавҳаашон дарки мазмуни нашр душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд. Тақризҳои марбут ба китобҳо зери тасвири ҳамон китобҳо ҷой дода шудаанд. Мавод дар зерқисмҳои Китобнома тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо аввал ба забони тоқикӣ ва сипас, ба забони русӣ, ҷо ба ҷо гузошта шудааст. 
Дар ҳамоиш адибон ва пажӯҳишгарони маъруф Аскар Ҳаким, Кароматулло Мирзо, Ато Мирхоҷа, Абдулло Раҳнамо, Толиби Луқмон, Аламхон Кучарзода, Аслиддин Низомӣ, Ҳафиз Раҳмон дар баробари сипосгузорӣ аз роҳбарону кормандони Китобхона барои нашри Китобнома, аз рӯзгору саҳми адиб дар рушди адабиёти миллӣ, сурудҳои ватандӯстияш, сухан гуфтанд.
Дар ҳақиқат, Муҳаммад Ғоиб дар эҷоди шеърҳо барои кӯдакон, миёнасолону калонсолон, ҳикояву қиссаву романҳои насрӣ эътирофшуда мебошад. Ҳанӯз бо чандин даҳсола пеш, дақиқтараш замоне ки қадамҳои нахустинро дар шоҳроҳи адабиёт мегузошт, устоди шодравон Лоиқ Шералӣ  навишта буд: “Пай бурдам, ки ӯ азми дурусту саъйи комил дорад. Ҷавоне, ки факултети физикаро хатм карда, ин қадар ба шеъру шоирӣ дил бохтааст ва шеърҳояш на танҳо бӯи дашту саҳро, балки бӯи умед ҳам доранд, маро дилпур мекунад, ки ба азми ӯ бовар кунам ва дар олами печидаи шеър ба ӯ хоҳони сафари нек бошам”. 
Устод Соҳиб Табаров (руҳаш шод бод!) навишта буд: “Банда аминам, ки ҳоло аксари ҳамзабонони имрӯза, ки даст ба сина зада, дар бораи миллат, худшиносии миллати тоҷик гап мезананд, “Сӯхтан кард баланд оташи истеъдодам”-и Шуморо нахондаанд. Аммо рӯзе мерасад, ки байтҳои ҷудогонаатон вирди забони шоирону шоирдӯстон мегардад”.
Дар ҳақиқат, ин пешгӯӣ ва баҳои арзандаи мунаққиди тоҷик ҳақиқати худро дар зиндагӣ пайдо карданд ва ҳоло ашъори ӯ, байтҳои ҷудогонааш, сурудҳои аз нигоҳи муҳтаво ғанӣ вирди забони аксар мардуми кишваранд. 
Муҳаммад Ғоиб дар ҷамъбасти ҳамоиш, аз ин иқдом сипосгузорӣ карда, аз роҳи тайнамудааш дар олами эҷод, масъулияти сухансанҷиву сухангӯӣ, хосса каломи мавзун, суҳбати ҷолиб намуд.
 
Абдулқодири РАҲИМ,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.07.2023 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив