ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

09 феврал 2023, Панҷшанбе
74
0
АМИТ
Илми ватанӣ рушди назаррас дорад
 
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳо зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки олимони ин ниҳод дар соли 2022 бисту ҳашт патент, понздаҳ қарори мусбат доир ба додани патент барои ихтироот ва панҷ шаҳодатнома доир ба сабти давлатии захираҳои иттилоотиро ба даст оварданд.
Пажӯҳишгарони АМИТ дар давоми давраи ҳисоботӣ дар маҷаллаҳои илмии ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур 340 мақола бо забонҳои гуногун чоп кардаанд, ки бесобиқа аст. Дар робита ба ҳидоятҳои Сарвари давлат шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис ёфт, ки дар рушди иқтисоди миллӣ саҳм хоҳад гирифт.
– Дар соҳаи математика бори нахуст қонуни тақсимшавии қиматҳои характери ғайриасосии Дирихле аз рӯи модулҳои таркибӣ пайдо шуд. Ситорашиносони тоҷик дар ҳамкорӣ бо муҳаққиқони 7 расадхонаи Россия, Словакия ва Ҳиндустон объектҳои ҳайратовар, аз ҷумла астероидҳои фаъол ва кометаҳои алоҳидаро ба таҳқиқ кашида, нахустмаъулмотро ба пойгоҳи махзани иттилоотии Маркази ҷаҳонии сайёраҳои хурд ворид карданд, – гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 
 
 
Пахши телевизиони рақамӣ густариш меёбад 
 
Соли гузашта аз ҷониби шабакаҳои давлатии Кумитаи телевизиони ва радио 55 филми ҳунарӣ (бадеӣ), 198 мустанад, 54 илмӣ-оммавӣ, 311 силсилафилм (сериал) ва 42 филми тасвирӣ (аниматсионӣ)  таҳия, тарҷума ва дубляж гардида, манзури бинандагон шуд. Ин нишондод нисбат ба нақшаи пешбинишуда хеле зиёд аст.
Ин нуқтаро Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд. Инчунин, гуфта шуд, ки айни ҳол Кумита бо як  қатор давлатҳо, аз ҷумла  Амрико, Россия, Ҳиндустон, Чин, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Эрон, Италия, Туркманистон, Покистон, Белорус, Фаластин ва Кувайт, дар соҳаи телевизион ва радио ҳамкорӣ дорад.
 
Зикруллоҳ РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ 65 ШАҲРУ НОҲИЯ ТАҲИЯ ШУД 
 
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, иттилоъ дод, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 1 миллиону 701 ҳазору 500 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ бештар мебошад. Сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи беш аз 16 миллиарду 279,5 миллион сомонӣ истифода шуд. 
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Ҳоло нақшаҳои генералии 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд. Гузашта аз ин, тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Норак, Леваканд, Вахш ва Балҷувон аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» пурра ба охир расида, дар мувофиқасозии вазорату идораҳоянд. Тасҳеҳ ва таҳияи лоиҳаҳои муфассали банақшагирии марказҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент, Бӯстон, Шаҳринав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сангвор, Хуросон, Рӯшон, қисматҳои алоҳидаи шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат идома доранд.
Раиси Кумита илова кард, ки тибқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли рафта дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар 886 иншоот 2190 санҷиши сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ гузаронда шуда, 4798 камбудӣ ошкор ва қонуншиканҳо ба маблағи 1186252 сомонӣ ҷарима гаштанд. 
Дар робита ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта гуфта шуд, ки дар ин самт Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор чораҷӯӣ намуда истодааст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда идома доранд.
 
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”
 
 
 
 
 
СУЛАЙМОН ДАВЛАТЗОДА: 
«Видеобарномаҳои диниву ахлоқӣ таҳия мекунем»
 
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар соли 2022 бештар аз сиву як ҳазор рейд гузаронда, 770 қонуншиканиро вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор кардааст. Ин шумора нисбат ба соли 2021 ҳаштоду нуҳ адад зиёда аст. 
Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси ниҳоди мазкур дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфтаи ӯ, 475 ҳолати қонуншиканӣ ба базми арӯсиву домодӣ дахл дошта, дар 99 ҳолати дигар маросими мотам берун аз меъёри Қонун гузаронда шудааст. Ҳамзамон, бо мусоидати Кумита базми хонадоршавии 93 ҷуфт ва хатнасури 2081 тифл аз оилаҳои нодор ва эҳтиёҷманд ташкил ва гузаронда шуд.
Раиси Кумита дар робита ба саволи рӯзноманигори «Ҷумҳурият» ҷиҳати ба Ҳукумати электронӣ пайвастани ин ниҳод ва таҳияи барномаҳои видеоӣ чунин гуфт: «Мо гардиши ҳуҷҷатҳои дохилӣ ва баъзе аз корҳоро бо роҳи электронӣ ба роҳ мондаем, аммо ҳанӯз пурра ба ин система напайвастем. Оянда нақша дорем, ки бо таҳияи видеобарномаҳои хурди динӣ, ахлоқӣ ва фиқҳӣ ба фазои шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандем ва дар ин замина корҳоро суръат бахшем. Зеро ҳазорҳо наворҳои беасос ва бидуни хулосаҳои зарурӣ доир ба масоили диниву шариатӣ фазои иҷтимоии моро пур кардаанд».
 
Бузургмеҳр САЛИМОВ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
ЖИЛО ГУЛНАЗАРЗОДА: 
“Муассисаи мо мақоми байналмилалӣ гирифт”
 
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишкада мақоми байналмилалиро касб карда, унвони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон  ба номи Сотим Улуғзодаро сазовор шуд. Ин нуктаро Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон  ба номи Сотим Улуғзода, зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Дар баробари ин, бо иштироки Сарвари давлат бинои наву замонавии Донишгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва барои муҷаҳҳазгардонии Муассиса яксаду сӣ компютер, бисту як принтер, бисту як проектор, чордаҳ тахтаи электронӣ, се ноутбук ва ду сервер харида шуд. 
Дар Донишгоҳ бори аввал Маркази омӯзиши корномаи Пешвои миллат бо фарогирии беш аз 665 нусха адабиёт таъсис ёфт. Ҳамчунин, бо истифода аз неруи илмии ҳайати устодону профессорон, ҷилди аввали асари Пешвои миллат “Забони миллат – ҳастии миллат” бо се забон: русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума ва ба нашр расид. 
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
 
ТВ "САФИНА". "Бабри барфӣ" дар Кореяи Ҷанубӣ намоиш дода шуд
 
Носир Саидов, директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки идораи таҳия ва дубляжи филмҳои Муассиса дар соли гузашта 60 филми бадеиро дар ҳаҷми зиёда аз 5 911 дақиқа дар мавзуъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардонд. Ҳамчунин, коргардони ҷавон Усмон Юсуфов филми бадеии “Ситора”- ро бо фарогирии як соату даҳ дақиқа наворбардорӣ намуд, ки нахустнамоиши он рӯзҳои наздик ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки ТВ “Сафина» ҳамкориҳоро бо шабакаҳои телевизионии хориҷӣ сол то сол тақвият мебахшад. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо телевизиони давлатии «KBS»-и Кореяи Ҷанубӣ дар бораи “Бабри барфӣ” филми мустанаде таҳия шуда, дар он кишвар пахш гардид.  
– Дар соли 2023 дар ҳамкорӣ бо студияи “Hong Pictures”-и Ҷумҳурии Корея  филми мустанади муштарак доир ба қутосҳои ваҳшӣ ва дигар ҳайвоноти нодири Тоҷикистон навобардорӣ  мешавад, – хабар расонд Носир Саидов.
 
Раҷаб ЗИКРУЛЛОҲ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив