ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

18 июл 2023, Сешанбе
20
0
 
Чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, сокинон ва фаъолони Ҷамоати мазкур маҳфили хотирмон бахшида ба 90-солагии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сабоҳат Ҷамолова баргузор гардид. 
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар ин маврид, аз ҷумла иброз дошт, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр намудани хизматҳои фарзандони барӯманд ва шоистаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми бориз гузоштаанд, ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро дар ҳар давру замон давлату Ҳукумат амали созанда ва заҳмати фидокоронаи фарзандони барӯмандашро, ки бар нафъи ҷамъият равона карда шудааст, қадр менамояд. 
Ба ин муносибат, дар маркази Ҷамоати деҳоти Ниҷонии шаҳри Истаравшан нимпайкараи Сабоҳат Ҷамолова гузошта шуд. 
Сабоҳат Ҷамолова барои меҳнатҳои бенуқсону пурсамари хеш дар самти чорводориву ширҷӯшӣ бо ду ордени Ленин ва як қатор медалҳо қадрдонӣ карда шуда, сазовори унвони Чорводори хизматнишондодаи Тоҷикистон ва, инчунин, бо медалҳои тилло ва нуқраи Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР мукофотонида шудааст. Ӯ борҳо дар Шурои депутатҳои халқи шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ва вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) вакил интихоб шудааст.
Зикр шуд, ки Сабоҳат Ҷамолова 1 июли соли 1933 дар деҳаи Ниҷонии шаҳри Ӯротеппа дар оилаи деҳқон таваллуд ёфта, фаъолияти меҳнатиашро соли 1949 ҳамчун колхозчии колхози "Москва"-и ин шаҳр оғоз намудааст. 
Меҳнату заҳматаш соли 1976 бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ қадр карда шуд. 
Сабоҳат Ҷамолова 18 декабри соли 2018 дар синни 85-солагӣ ин дунёро падруд гуфтааст, аммо дар дили дӯстону пайвандон, шогирдон ва аҳли заҳмат ҷой дорад. 
 
Саъдулло МАҲКАМОВ, 
рӯзноманигор, шаҳри Истаравшан
Санаи нашр: 17.07.2023 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив