ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Раиси Маҷлиси намояндагон ба Қазоқистон сафар кард

Раиси Маҷлиси намояндагон ба Қазоқистон сафар кард

09 феврал 2023, Панҷшанбе
69
0
Ҳайати Парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Маҳмадтоир Зокирзода дар форуми мазкур, ки 9 – 10 феврал дар шаҳри Туркистон таҳти мавзуи «Дар хусуси таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд» баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад.
Дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ раисони парлумонҳои Қазоқистон, Тоҷикистон. Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон  иштирок менамоянд.
 
 
 
Баррасии ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби президенти гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт Мансур Мухтар сурат гирифт.
Ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва энергетика, инчунин, дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.
 
 
 
Мансур Мухтар аз НБО “Роғун” боздид намуд
Ноиби президенти Бонки исломии рушд оид ба амалиёт Мансур Мухтар дар доираи сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” дидор ба амал овард. Меҳмононро дар ин сафар вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва директори генералии ҶСК “НБО Роғун” Хайрулло Сафарзода ҳамроҳӣ ва пазироӣ карданд. 
Тавре аз ҶСК “НБО Роғун” иттилоъ доданд, мулоқот бо меҳмонон дар мавриди лоиҳаи Неругоҳ, ҷараёни воқеии корҳо дар иншоот ва дигар масъалаҳои алоқаманд ба сохтмон сурат гирифт. Директори генералии Неругоҳ меҳмононро бо мушаххасоти лоиҳаи нодири “Роғун” шинос кард.  
Сипас, меҳмонон аз иншооти сохташавандаи Неругоҳ, аз ҷумла нақби сохтмонии қабати 4, сарбанд, обқабулкунаки доимӣ, нақбҳои обрасони агрегатҳои 1-6, баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати 3, толори мошинҳо,  аз наздик шинос шуданд. 
 
 
 
Давлаталӣ Саид бо намояндаи JICA вохӯрд
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) баргузор гардид, – хабар дод шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят. 
Давлаталӣ Саид ба намояндагони Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳамкориҳои самарабахш ва татбиқи нақшаҳои неку созандаи ду давлати дӯст, сатҳи ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин, барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳо дар самтҳои таъмини оби нӯшокӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия, энергетика ва дигар самтҳои давлатӣ дар ҳудуди вилоят изҳори сипос намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулотҳои кишоварзии вилоят, рушди инфрасохтори зарурии саноат ва содирот мавриди муҳокима қарор дода шуд.
 
 
 
 
Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад
Рӯзҳои 22 – 24 июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд» Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд – 2023» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори дахлдори раиси вилояти Суғд аз 27 январи соли 2023 ба имзо расидааст.
Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷӣ ташкил гардида, дар доираи ярмарка гузарондани форуми сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Санаи нашр: 09.02.2023 №: 32
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив