ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ГОРИЛЛА”. АЗ ДАРДИ САР ТО ФИШОРИ ҚАЛБ

“ГОРИЛЛА”. АЗ ДАРДИ САР ТО ФИШОРИ ҚАЛБ

19 июл 2023, Чоршанбе
82
0
 
Вақтҳои охир, бавижа дар фасли гармо, бештари одамон, ҳангоми эҳсоси бемадорӣ ё хастагӣ ба нӯшокиҳои энергетикӣ ё ба истилоҳ нерубахш, рӯ меоранд, ҳарчанд табибон таъсири манфии онҳоро барои саломатӣ нисбат ба қаҳва ва дигар нӯшокиҳои кофеиндор бештар медонанд. 
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиби Аврупо, нӯшокиҳои энергетикӣ – “Горилла”, “Ред Булл”, “Адреналин” ва амсоли инҳо,  дорои ангезаҳое мебошанд, ки боиси изтироб, бехобӣ, ташнашавӣ, хашмгинӣ, вайроншавии узвҳои ҳозима, асабоният, сурх шудани пӯст мегарданд. Инчунин, истеъмоли зиёди нӯшокиҳои энергетикӣ, сабаби тез-тез задани набзи дил шуда, фишори баланди хун ва бехобиро ба амал меоварад ва баъзан, хунравӣ мушоҳида мешавад. 
Моддаҳои кимиёвии таурин (аз он, махсусан маҳсулоти гӯштӣ ва баъзе рустаниҳо боянд) ва глюкуронолактон (доруест, ки фаъолияти майнаи сарро бамаротиб беҳтар мекунад) дар алоҳидагӣ зарарнок нестанд, вале дар омезиш бо ҳам ё кофеин ва гуарана (як навъи гиёҳ), ки дар таркиби нӯшокиҳои энергетикӣ мавҷуданд, ба саломатии инсон ниҳоят хавфноканд.  
Табиби оилавии маркази саломатии шаҳрии рақами 13-и пойтахт Кароматулло Музаффаров иброз медорад, ки истеъмоли пайвастаи нӯшокиҳои энергетикӣ ба дил фишор оварда, ба бемориҳои гуногуни қалб мубтало менамояд. "Мо ҳолатҳоеро ба қайд гирифтаем, ки, ҳатто кӯдакону наврасон мутеи чунин нӯшокиҳо гашта, ба саломатии худ зарари ҷиддӣ мерасонанд. Волидон бояд фарзандони ноболиғи худро аз нӯшидани онҳо боздоранд, зеро бунёни наврасон хуб инкишоф наёфтааст ва истеъмоли барзиёди чунин нӯшокиҳо метавонад ба оқибатҳои фалокатбор оварда расонад". 
Тавре таҳқиқотҳо муайян намуданд, кофеин, ки нӯшокиҳои энергетикӣ аз он боянд, метавонад чандирии рагҳои хунро тағйир диҳад ва сабаби хуруҷи бемориҳои дилу шараёнҳо гардад. Дар баробари ин, агар нӯшокиҳои энергетикӣ бо машрубот истеъмол шаванд, хатар ба саломатӣ дучанд меафзояд.
Чуноне Кароматулло Музаффаров таъкид намуд, дар иртибот ба хавфу хатари чунин нӯшокиҳо ба саломатии инсон, коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавсия медиҳанд, ки кӯдакони  то 12-сола ва занони ҳомила аз  истеъмоли онҳо худдорӣ намоянд, то оқибаташ ҳалокатбор нашавад.
                                         
Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив