ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

19 июл 2023, Чоршанбе
8
0
ТОҶИКИСТОН БО СИНГАПУР БОЗИИ РАФИҚОНА АНҶОМ МЕДИҲАД
 
Бар пояи маълумоти ФФТ, вохӯрии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Сингапур 8 сентябр дар Сингапур баргузор мегардад. 
Ёдовар мешавем, ки қаблан мунтахабҳо се бор бо ҳам рақобат намуда, як пирӯзии доранд ва як қувваозмоии дигар мусовӣ хотима ёфтааст. 
 
 
 
МЕКСИКА БАРАНДАИ ҶОМИ ТИЛЛОИИ КОНКАКАФ
 
Тими миллии Мексика дар бозии финалии Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ (17 июл, Соу-Фай Стэдиум, ИМА) бар Панама бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, бори 12-ум ин ҷоизаро ба даст овард. 
Бино ба ахбори сомонаи terrikon.com, тӯби ғалабаоварро дар дақиқаи 88-ум ҳамлагар Сантяго Хименес ба самар расонд.
 
ҶАВОНОНИ ИТАЛИЯ – ҚАҲРАМОНИ АВРУПО 
Футболбозони то 19-солаи Италия, ки дар бозии даври гурӯҳии Чемпионати Аврупо-2023 (U19) аз мунтахаби Португалия бо ҳисоби бузурги 5:1 мағлуб шуда буданд, дар финал онҳоро бо натиҷаи 1:0 шикаст дода, қусури бохтро ситонданд,– хабар медиҳад сомонаи uefa.com.
Дар рақобати ҳалкунанда Микаел Кайоде (дақ.19) тӯбро бо сар вориди дарвозаи ҳарифон намуда, тимашро қаҳрамон кард. 
Бори охир 20 сол қабл ҷавонони Италия бо шикаст додани Португалия (3:1) дар финал чемпиони Аврупо гардида буданд. 
 
 
 
«CAFA FUTSAL CUP-2023» 
ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ БОЗ ЯК МУСОБИҚАИ МИНТАҚАВӢ 
 
23-30 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» баргузор мешавад. 
Тибқи иттилои CAFA, дар мусобиқа мунтахабҳои – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманис-тон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат мекунанд. 
Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. 
Дар даври аввал 23 июл Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Эрон бо Туркманистон ва Қирғизистон бо Афғонистон неру месанҷанд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив