ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧУ АЗ ОШТӢ ШОДӢ ОЯД БА ЧАНГ…

ЧУ АЗ ОШТӢ ШОДӢ ОЯД БА ЧАНГ…

19 июл 2023, Чоршанбе
17
0
Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад.                                                                                              
Эмомалӣ  Раҳмон
Бо ин ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдор буда, пуштибонии комили худро изҳор медорам. Модоме ки ҷангу ҷидол, балову фалокат барои зиндагист, пас, сулҳофаринӣ - кӯшиши боздоштани ҷараёни марги оммавӣ, гурезагиву оворагӣ ва фақру гуруснагӣ бояд дар сатҳи умумиҷаҳонӣ қадр карда шавад ва номи сулҳоварон дар тамоми дунё ба ҳамагон ҳамчун қаҳрамони сулҳ маъруф  гардад.
Мо, мардуми  Тоҷикистон, аз ҷумла  ҷавонон, бояд ба арзишҳои миллию давлатӣ арҷ гузошта, роҳ надиҳем, ки нохалафе чун хоинони Ватан ва хоҷагони хориҷии онҳо бо суханҳои беасосу бемағзи хеш ба рӯҳияамон ва насли ояндасози миллат таъсир расонанд.
Албатта, ҳизбҳои оппозитсионӣ дар ҳамаи давлатҳо ҳамеша ҳукумат ва мақомоти давлатиро интиқод мекунанд ва ин як ҷузъи раванди сиёсӣ мебошад. Аммо дар ҷаҳони сиёсат ва сиёсатшиносӣ истифода аз усулҳои сиёҳу ноҷоиз дар ташаккули афкори сиёсии ҷомеа қобили  қабул  намебошад.
Мо пайваста бояд насли наврасро ба меҳанпарастӣ ва дар ҳама ҳолат афзалият додан ба арзишҳои миллию давлатӣ даъват намоем. Ҳамаи мо бояд талош кунем, ки номи нек, фарзанди нек, аъмоли нек дошта бошем ва бо ҳисси баланди ватанпарастию ватандорӣ аз худ дарак диҳем.
Фарзанди фарзонаи тоҷик, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронияшон таъкид мекунанд, ки бо ҳамдигар дӯст бошем, тифоқ бошем, бародар бошем, шукронаи миллату Меҳан кунем. Паёмбари мо Расули акрам (с) низ, фармудааст:  «Меҳрубон бошед, тифоқ бошед, чун ки муъмин  бародари  муъмин  аст».
Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, пас, бояд ҳама якҷо барои ҳифзи якпорчагии давлат, таҳкими сулҳу субот, амнияти миллӣ, пешгирӣ аз ифротгароӣ, терроризм ва тафриқаандозию гурӯҳбозӣ ва нигоҳ доштани сохти конститутсионии Тоҷикистони азиз талош ба харҷ дода,   дар чорчӯбаи қонун бояд кору фаъолият  намоем.
 Тавре ки Пешвои  муаззами миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, бояд тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешорӯи хатарҳои ҷаҳонишавӣ, таҳдидҳои беруна ба амнияти давлату миллат, иттифоқи назар ва неру нишон диҳем.
 Ин  ҳам хизмат ба халқ, садоқат ба Ватан ва пуштибонӣ   аз сиёсати пешгирифтаи  Роҳбари давлатамон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  мебошад.
Мо бояд фарҳанги сулҳро дар кишвар, бахусус дар миёни ҷавонон, бештар ташвиқ намоем, насли наврасро ба дӯстию рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии комил таҳрик диҳем. Зеро фарҳанги сулҳ маҷмуи арзишҳо, мақсадҳо ва рафтор тарзи зиндагиест, ки дар заминаи даст кашидан аз зӯроварӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард бунёд шудааст.   Дар ин робита  Абушакури Балхӣ  хеле зебо гуфта:
Чун аз оштӣ шодӣ оянд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накушад ба ҷанг.
 
Ибодуллоҳ  ОДИНАЗОДА, 
сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Балх»-и 
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив