ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. БОЗТОБИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТ БО ҲУЗУРИ МУОВИНИ САРВАЗИР

СУҒД. БОЗТОБИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТ БО ҲУЗУРИ МУОВИНИ САРВАЗИР

19 июл 2023, Чоршанбе
15
0
Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҷаласаи фаъолон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон ширкат варзид. Дар ин бора хадамоти матбуоти вилоят хабар додааст.
 
Бо таъқиди раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2023 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Вобаста ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар гузориши муовини якуми раиси вилоят Хол Ҳайдар омадааст, ки давоми нимсола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 12 млрд 106,2 млн сомонӣ расонда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 111,1 дарсад таъмин гардид.
Кишоварзон ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида,  ба ҳолати 1 июл дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи  4 млрд 201,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 дарсад таъмин гардид. 
Дар натиҷаи рушди бонизоми соҳаҳо нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар нимсолаи аввал ба андозаи 107,5  дарсад таъмин гардида, ба хазина 2099,3 млн сомонӣ  ворид шуд, ки аз нақша 146,8 млн сомонӣ зиёд аст.  
Вобаста ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, занону кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ низ маълумот ироа гардида, зикр гашт, ки ба соҳаҳои иҷтимоӣ чун ҳарвақта таваҷҷуҳ зоҳир шуда, маблағҳои зарурӣ интиқол ёфтанд.
Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо барои таъмини рушди соҳаи саноат ва истифодаи имконияту иқтидорҳои мавҷуда, зиёд намудани коркарди меваю сабзавот, омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ ва захираи маводи сӯхт барои соҳаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, бунёди муассисаҳои тиббӣ ва маориф, таъмини соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо кадрҳои ҷавон, рушди сайёҳӣ, дар муҳлати муқарраршуда гузарондани кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҷиноятсодиркунӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 19.07.2023 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив