ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ ЗАВҚӢ ЗАВҚИЗОДА ДАР ФОРУМИ САТҲИ БАЛАНД

ИШТИРОКИ ЗАВҚӢ ЗАВҚИЗОДА ДАР ФОРУМИ САТҲИ БАЛАНД

19 июл 2023, Чоршанбе
12
0
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар Форуми сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии хеш З. Завқизода зикр кард, ки дар панҷ соли охир рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ дар сатҳи 7,3 дарсад таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ 2,1, музди меҳнат 1,5 ва нафақа 1,3 маротиба афзоиш ёфтаанд. Сатҳи камбизоатӣ аз 31 дарсади соли 2019 то 19,5 дарсад дар соли 2022 коҳиш ёфт. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Вазорат хабар доданд. 
 
 
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА
Дар ҷаласае, ки оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати мудофиа дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид, котиби Шурои амният, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ширкат варзиданд.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки дар ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла таҳлили барномаҳои таълимии самти омодабошӣ, натиҷаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, бурду бохти сохторҳои таркибии навъи қӯшунҳо, беҳбудии вазъи иҷтимоии афсарону сарбозони ҷузъу том, таъминоти ақибгоҳ, омодагӣ ба фасли сармо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
ВОХӮРИИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО БАҲРОМ АЙНУЛЛОҲӢ
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ  вохӯрд. 
Тавре аз Вазорат ба мо хабар доданд, зимни вохӯрӣ  ҷонибҳо доир ба гус-тариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳа, аз ҷумла коркарди гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, истеҳсоли муштараки маводи доруворӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани табибон ва дар ин замина густариш додани мубодилаи таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар, ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
 
М. ТАБАРОВ, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 19.07.2023 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив