ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПУНУК. ГУЗОРИШ АЗ ШИМОЛТАРИН ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН, КИ НАМОИ ШАҲРРО ДОРАД

ПУНУК. ГУЗОРИШ АЗ ШИМОЛТАРИН ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН, КИ НАМОИ ШАҲРРО ДОРАД

19 июл 2023, Чоршанбе
62
0
Тариқи хатсайри нақлиётии Хуҷанд – Шайдон аз маркази маъмурии вилояти Суғд ба маркази ноҳия Ашт – шаҳраки Шайдон сафар кардем. Сипас, аз Шайдон бо роҳбаладии Мумин Абдулло, хабарнигори рӯзномаи маҳаллии “Шуҳрати Ашт”, ба маркази Ҷамоати деҳоти Пунук – деҳаи Пунук, ки шимолтарин деҳоти Тоҷикистон маҳсуб меёбад, роҳсипор гардидем. Як нуқта қобили зикр аст, ки роҳи 111-километраи Хуҷанд – Шайдон ва роҳи 75, километраи Шайдон – Пунук дар ҳолати на онқадар хуб қарор дошт. Ин дар ҳолест, ки пас аз кушода шудани гузаргоҳи сарҳадии «Навбунёд – Поп» миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, як қисми асосии роҳ аҳамияти байналмилалиро касб кардааст.
  
Зардолузорҳои зарринқабои ду канори роҳи ҷониби деҳаи Пунук ба кас фараҳ мебахшид. Баъзе аз шохаҳои дарахтон аз бори гарони мева шикаста буданд. Аз хурд то бузург ҳама дар такопӯйи ҳосилғундорианд. Мушоҳида мешуд, ки дар дохили боғҳо ва канори роҳҳо деҳқонон ба хушкондани зардолу машғуланд. Роҳбалади мо иброз дошт, ки дар даҳсоли охир бори аввал аст, ки зардолу чунин ҳосили фаровон дорад ва боғпарварон аз ин хеле руҳбаланданду машғули кор дар зардолузорҳо. Деҳқонон барои талаф наёфтани ҳосил ва сари вақт ҷамъоварии он дар баробари қувваи кории оилаи худ, инчунин, аз неруи кормандони кироя истифода мебаранд. Рӯзи кории кормандони кироя вобаста ба корашон аз 70 то 250 сомонӣ мебошад.  
Ҳамин тавр, мо ба деҳоти Пунук расидем. Роҳҳои дохили деҳа мумфарш буданд. Иттилоъ доданд, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша ва мардуми меҳнатқарину бо нангу номуси деҳот ба таври ихтиёрӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида, роҳҳо қисм-қисм таъмир мешаванд. 
Тибқи маълумоти раиси Ҷамоати деҳоти Пунук Бурҳониддин Муҳиддинзода, чанде қабл 20 километр роҳ аз самти деҳаи Дӯстии деҳоти Ашт то маркази маъмурии Ҷамоат аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. 
Ҷамоати деҳоти Пунук аз ҳафт деҳа: Пунук, Навбунёд, Навобод, Даҳана, Сарваки боло, Сари ҳавз ва Сари пул иборат буда, беш аз 11 ҳазор аҳолӣ дорад. Шуғли асосии сокинон кишоварзист ва дар ҳудуди деҳот 352 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад. 
 
ПУНУК-ШОП
 
Дар як деҳоти дурдасттарини кишвар сокинон маҳсулоти ғизоиро мисли шаҳрҳои мутараққии ҷаҳон тариқи интернет ва телефони мобилӣ фармоиш медиҳанд. Ҳар сокини деҳа имкон дорад, дар хона истода молу маҳсулоти лозимаро аз мағозаҳои деҳа дархост кунад ва то манзилаш оварда расонанд. Тааҷҷубовар ин аст, ки дар ҳудуди Ҷамоат бозор нест. Дар робита ба ин, раиси Ҷамоат Бурҳониддин Муҳиддинзода гуфт, ки чанд маротиб нияти ташкили бозорро карданд, аммо бинобар сабаби аз якдигар дар масофаи дур ҷойгир будани деҳаҳо ин амр иҷро нашуд.
 
САРВАКИ БОЛО – ЯГОНА ЭКСКЛАВИ (ҶАЗИРАҚАЛАМРАВ) ТОҶИКИСТОН 
 
Агар ба харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар намоем, аз шимоли кишвар қаламраве дида мешавад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир асту бо аломате ҷониби Тоҷикистон ишора шудааст. Он деҳаи Сарваки Боло буда, масоҳаташ 27,8 километри мураббаъро дар бар мегирад. Деҳаи Сарваки Боло ягона эксклави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он беш аз 110 ҳоҷагӣ (650 нафар) ба сар мебаранд. Деҳаи мазкур аз маркази Ҷамоати деҳот дар масофаи 13 километр дур воқеъ аст.
Боиси зикри хос аст, ки баъд аз ба сифати нав баромадани муносибатҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон зиндагии сокинони ин ҷазирақаламрав маҷрои нав гирифт. Масъалаи рафтуомад осон шуд, зеро то соли 2018 хешу таборашон дар рӯзҳои ғаму шодӣ канори якдигар набуданд. Ҳоло бошад, барои рафтуомад ягон мушкил ҷой надорад. Нафароне, ки хоҳиши дидорбинии дӯстону пайвандонро доранд, метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ва гирифтани иҷозат бемонеа равуо намоянд.
Имсол бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сарваки Боло аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи 2 миллиону 420 ҳазор сомонӣ муассисаи нави таълимӣ сохта шуд. Мактаб аз 8 синфхона иборат мебошад. 
Бино ба гуфтаи раиси Ҷамоат, маросими расмии ифтитоҳи муассисаи навбунёд дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.   
Юсуфҷон Бойматов, корманди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56-и деҳаи Сарваки Боло, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки мактаб беш аз 100 хонанда дорад.
– Мактаби деҳа, ки соли 2003 тариқи ҳашар бунёд шуда буд, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Хушбахтона, ин мушкили сокинони деҳаи дурдасти Тоҷикистон ҳалли худро ёфт ва мо соҳиби мактаби замонавӣ гардидем, – гуфт Юсуфҷон Бойматов.
Мутаассифона, дар деҳаи Сарваки Боло мавҷи телевизионҳои кишвар ва алоқаи мобилӣ дастрас нест. Дар робита ба ин, хуб мешуд, ки масъулони Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти сокинони ин деҳотро ҳал намоянд.
 
СОЙИ “ПУНУК” МАНБАИ АСОСИИ ОБЁРӢ
 
Сокинони деҳоти Пунук, асосан, аз оби сойи «Пунук», ки аз байни деҳаҳо мегузарад, истифода мебаранд. Барои як қисми аҳолии деҳаҳои Навбунёд ва Даҳана аз чоҳҳои амудии кофташуда бо хатти обгузар 2 километр об бурда шудааст. Бошандагони маҳаллаи Дашт ба масофаи 4 километр оби нӯшокиро бо қубурҳо овардаанд. 
– Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар ҳудуди деҳот ҳар сол дар мавсими боронгарӣ омадани сел ва расондани зарар ба сокинон мебошад. Гарчанде баҳри пешгирии ин ҳодисаҳо аз ҷониби сокинон ҳар сол корҳои соҳилбандӣ гузаронда шаванд ҳам, он натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Барои мисол давоми соли ҷорӣ 300 метри мураббаъ корҳои соҳилбандӣ анҷом дода шуданд, – гуфт раиси Ҷамоат Бурҳониддин Муҳиддинзода. 
Гузашта аз ин, хоҷагиҳои деҳқонӣ барои обёрии заминҳояшон чоҳҳои амудӣ мекананд. Ҳамин сол аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди деҳот 4 чоҳи амудӣ ба маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ кофта барои обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ ба истифода дода шуд.
 
МАҒЗИ ЧОРМАҒЗИ ПУНУК ДАР ХОРИҶА 
 
Яке аз шуғлҳои мавсимии сокинони деҳоти Пунук ҷудо намудани мағзи чормағз аз пӯчоқаш мебошад. Онҳо чунон моҳирона пӯчоқро мегиранд, ки мағзи дохилаш бутун мемонад. Ҳоло соҳибкорон дар баробари чормағзи маҳаллӣ, инчунин, чормағзи ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг, Сангвор ва, ҳатто, Дарвозро харида, дар хонаҳо тақсим мекунанд ва ҳар оила ба қадри заҳматаш пул мегирад. Барои мағз кардани як килограмм чормағз аз 5 то 10 сомонӣ пардохт мешавад. Дар сурати дар як ҳафта аз ҷониби як оила 200 килограмм чормағзро аз пӯсташ ҷудо кардан, наздикӣ 2000 сомонӣ ба буҷети хонавода фоида ворид мешавад. Гузашта аз ин, пӯчоқро ҳамчун ҳезум истифода мебаранд. 
Мағзҳои чормағзи деҳоти Пунук дар баробари бозорҳои дохилӣ, инчунин, ба кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Федератсия Россия, содирот мешаванд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,
Ҷовиди АШТӢ, 
«Ҷумҳурият»
 
Санаи нашр: 19.07.2023 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив