ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. ДОИРАИ ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ТАВСЕА МЕЁБАД

ВМКБ. ДОИРАИ ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ТАВСЕА МЕЁБАД

19 июл 2023, Чоршанбе
16
0
Эълон гаштани  солҳои 2022-2026  ҳамчун  Солҳои рушди саноат    ба пешрафти саноат дар кишвар мусоидат намуд. Садҳо корхонаву коргоҳҳои нав  сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.  Дар ин раванд,  дар ҳудуди Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон низ  даҳҳо иншоотҳои нави замонавӣ қомат афрохта, корхонаву коргоҳҳои нав ба истифода дода шуданд. Махсусан, дар ноҳияҳои Мурғоб ва Дарвоз, ки дар самти саноат ноҳияҳои ақибмондатарин ба шумор мерафтанд, корхонаҳои бузурги истихроҷ таъсис ёфта, ҳоло муваффақона фаъолият карда истодаанд. 
 
Тавре  Ҳабиб Чоршанбеев, мудири шуъбаи  саноат ва энергетикаи  МИҲД-и вилоят  дар суҳбат зикр кард, танҳо дар давоми соли 2022 дар ҳудуди вилоят 30 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо таъмини 407 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шуд. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барои рушди соҳаи саноат бо назардошти дастрасӣ ба ашёи хоми ватанӣ дар мавзеи Теми Поёни шаҳри Хоруғ  амалигардонии 5 лоиҳаи сохтмони корхонаҳои саноатии  дорои  иқтидори миёна ба роҳ монда шудааст. Корхонаи коркарди санги ҶДММ “Суман”, ки  ба маблағи 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта шуд, аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо мебошад. Мавриди истифода қарор гирифтани ин  корхона имконият фароҳам  овард, ки дар иншоотҳои сохтмонии вилоят бештар маҳсулоти маҳаллӣ истифода шавад. Ҳамчунин, корҳои азнавсозии ҶДММ “Помир Энерго Сервис”, ки барои коркарди оҳану бетон пешбинӣ гардидаанд, аз моҳи августи соли 2022 оғоз шуда, дар он 50 фоизи корҳоро  ба анҷом расондаанд.     
Дар вилоят  дар ҳошияи рушди саноат ҷиҳати ташкили  пойафзолдӯзӣ қадамҳои нахустин гузошта мешаванд. Соли гузашта аз ҷониби соҳибкор Лангаршо Гадомамадов  бо дастгирии Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд” дар деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон аввалин корхонаи хурди пойафзолдӯзӣ бо ду ҷои корӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.  Ҳамчунин,  тибқи дастури раиси вилоят бо мақсади таъсиси корхонаи  пойафзолдӯзӣ  бо иқтидори миёна дар бозори “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои ҶДММ “Сандал” бинои мувофиқ ҷудо гардид. Соҳибкори ватанӣ Аъзам Аҳруллоев  бо дастгирии шарикони рушд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 3 миллион сомонӣ таҷҳизот харида, имрӯз корхона ба истеҳсоли пойафзол  оғоз кард. Маҳсулоти ин корхона бо маҳсулоти воридотӣ аз ҳар ҷиҳат  рақобатпазир  буда, аллакай, харидорони худро пайдо намудааст. 
Дар вилоят, ҳамчунин,  корхона ва коргоҳҳои коркарди меваи хушк, аз ҷумла ҶДММ “Меваҳои Бадахшон”-и ноҳияи Дарвоз, корхонаи чипсбарории ҶДММ “Ширкати маҳсулоти хӯрокаи кӯҳӣ”-и шаҳри Хоруғ, коркарди меваи хушки ҶДММ “Зиёратшо”-и ноҳияи Ванҷ, ҶДММ “Тути Помир”- и ноҳияи Шуғнон ва ҶДММ “Насим”-и шаҳри Хоруғ фаъолият доранд, ки  маҳсулоти маҳаллиро бандубаст карда, ба фурӯш мебароранд. Маҳсулоти ин корхонаҳо, бахусус ҶДММ “Тути Помир”, ҳамчунин,  ба хориҷи кишвар содирот мешаванд. Корхонаҳои мазкур аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо маҳсулоти худӣ  таъмин мегарданд. 
Дар доираи супориши  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба ташкили корхонаи коркарди шир дар ҳар як ноҳияи кишвар  дар вилоят  пешравиҳо дида мешаванд. Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастури қатъӣ гирифтанд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ҷиҳати сохта ба истифода додани корхона ва коргоҳҳои коркарди шир  чораҳои мушаххас  роҳандозӣ намоянд.  Дар ин раванд,   дар шаҳри Хоруғ  ҶДММ “Шири кӯҳистон” ба  фаъолият шуруъ кард, ки  9 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол ва пешкаши харидорон мегардонад. Соли равон дар ноҳияи Рӯшон коргоҳи коркарди шири ҶДММ “Шири Хуф” мавриди истифода қарор гирифт, ки маҳсулоти он дар бозорҳои шаҳри Хоруғ ба фурӯш мераванд. Барои ба кор андохтани коргоҳҳои коркарди шир ва дигар маҳсулоти чорводорӣ дар деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ва водии Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа  низ, корҳои муайян анҷом дода шуданд. Ҷиҳати ташкили корхонаҳо бо технологияи муосир, паркҳои инноватсионию технологӣ дар вилоят давоми солҳои охир  натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят як қатор корхонаҳо ба истифода дода шуданд. Соли 2021 бошад, дар ноҳияи Дарвоз бо иштироки Сарвари давлат 3 корхона – корхонаи бандубасти маҳсулоти хӯроквории ҶДММ “Таҷ-эт”, корхонаи истеҳсоли қубур ва тирезаи пластикии ҶДММ “Карон пласт” ва корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Меваҳои Бадахшон” ба истифода дода шуд. Корхонаҳои  мазкур бо таҷҳизоти  муосир ҷиҳозонда ва ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ нигаронда шудаанд. Дар панҷ соли оянда бошад, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 92 корхонаи саноатӣ бо фароҳамории  1387 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст ва  ин раванд ба фароҳамсозии ҷойҳои  нави корӣ, ки аз вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва ба ғанӣ гардондани буҷети кишвар бештар  мусоидат хоҳад кард. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.07.2023 №: 147
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив