ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  РАИСИ ВИЛОЯТ БО ШАРОИТИ КОРИИ РӮЗНОМАНИГОРОН ШИНОС ШУД

ВМКБ.  РАИСИ ВИЛОЯТ БО ШАРОИТИ КОРИИ РӮЗНОМАНИГОРОН ШИНОС ШУД

13 феврал 2023, Душанбе
26
0
Иттиҳодияи истеҳсолии матбааҳои вилоят дар гузашта яке аз корхонаҳои калонтарини вилоят маҳсуб меёфт. Дар ин ҷо беш аз 200 нафар кор мекард. Ба ғайр аз рӯзномаи вилоятӣ, рӯзномаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва тамоми маводҳои чопии идораву муассисаҳои вилоят дар ҳамин корхона чоп мешуданд. Бо мурури замон   корхона ба буҳронҳои иқтисодӣ-молиявии солҳои аввали 90-ум тоб наоварда,  аз фаъолият боз монд. Рӯзномаҳои  вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ  минбаъд  дар матбааҳои шаҳри Душанбе ба чоп мерасанд, ки ин боиси хароҷоти зиёди молиявӣ мегардад. Рӯзномаи  ноҳиявии  “Сарикол”-и  ноҳияи Мурғоб бошад, чанд муддат дар вилояти  Оши  Ҷумҳурии Қирғизистон чоп мешуд. 
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати аз нав ба кор даровардани матбааи вилоятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар арафаи Соли нави мелодӣ корҳои навсозӣ ва таъмири бинои  корхонаи мазкур оғоз гардиданд. Масъалаи таъмини корхона бо дастгоҳҳои нави чопӣ низ, дар моҳҳои наздик ҳалли худро меёбад.  
Бо мақсади шиносоӣ ва тезондани ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар матбааи вилоятӣ раиси вилоят  ва  дигар масъулони соҳа аз  корхона дидан намуданд. Мирзонабот Алишер Худобердӣ иҷрои супоришҳои пештараашро оид ба фаъолгардонии матбааи вилоятӣ  санҷида, барои ҳарчи тезтар ба кор андохтани матбаа ва анҷоми босифати корҳои таъмирии бинои он ба масъулон супоришҳои иловагӣ дод. Раиси вилоят зикр кард, ки аз нимаи  соли 2023 бояд матбаа барои чопи тамоми рӯзномаҳои вилоят ва дигар маводҳои чопӣ омода бошад. Бинобар ин, кор дар иншоот  мушаххасан аз рӯйи лоиҳаи тасдиқшуда ва ҷадвал бояд ба роҳ монда  шавад.
Дар  зимн, раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш  аз идораи   рӯзномаи вилоятӣ – “Бадахшон” – нашрияи Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, ки таърихи зиёда аз 90-сола дорад, боздид ба амал овард.  Раиси вилоят бо кормандони рӯзнома мулоқот карда, ба онҳо  барои тарғибу ташвиқи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, ба роҳ мондани корбарӣ аз рӯи дастуру супоришҳои  Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар дар самти васоити ахбори омма, инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ  изҳори  сипос намуд.  
Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасони идора  дидан карда, ба шароитҳои кории  фароҳамовардашуда изҳори қаноатмандӣ намуд. Раиси вилоят ба ҷараёни иҷрои нақшаи обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, гуфт, ки имрӯз хондани рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар  барои ҳар як шаҳрванд муҳим ва ҳатмист. Зеро бе дастрасӣ пайдо намудан ба иттилооти амиқ  аз  замони ҳар рӯз тағйирёбанда ва ноором, ки он маҳз тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, бахусус васоити ахбори  умуми давлатӣ, даст медиҳад, кор пеш намеравад. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар як идораву муассиса, балки ҳар як хоҷагӣ ба расонаҳои хабарӣ, хусусан рӯзномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва нашрияи  ММҲД-и вилоят обуна шаванд. Ӯ таъкид кард, ки обунашавӣ маҷбурӣ нест, вале барои ҳар аъзои ҷомеаи солим амри воҷиб аст. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки вазъи обунашавӣ ба рӯзномаҳои мазкур хуб аст ва сол ба сол рӯ ба беҳбудӣ дорад. 
Раиси вилоят ба идораи рӯзномаи “Бадахшон” як телевизор ва як яхдон туҳфа карда, ба аҳли эҷоди рӯзнома ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат дар самти ошкорбаёнӣ,  инъикоси  мунсифона ва воқеъбинонаи ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ва фаъолияти минбаъдаи эҷодиашон  комёбиҳо таманно намуд. Ҳамзамон, супориш дода шуд, ки кормандони рӯзнома, ҳамчунин дар самти ободонии гирду атрофи муассиса, бештар саҳмгирӣ намоянд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.02.2023 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив