ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗИЁРАТИ КАЪБАТУЛЛОҲ

ЗИЁРАТИ КАЪБАТУЛЛОҲ

21 июл 2023, Ҷумъа
36
1
 
19-уми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз иштирок дар нахустин вохӯрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ, аз шаҳри Ҷидда ба шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи Мукаррама қиблаи мусалмонон – Каъбаро зиёрат карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дар дохили Каъбатуллоҳ ду ракъат намози нафл хонданд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳон бо ҳафт маротиба давр задан дар гирди Каъба тавофи қиблаи мусалмононро ба ҷо оварданд.
Пас аз тавофи Каъба, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми паёмбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлуи Каъбатуллоҳ аст, ду ракъат намози нафл хонданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳон пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон – хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр намуданд.
Сипас, Пешвои миллат дар назди чоҳи замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби он нӯши ҷон намуда, ба пояи кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва, ҳафт маротиба равуо кунанд. Чор бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.
Баъди анҷоми саъй дар пояи кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн, маросими умраи ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Мавриди зикри хос аст, ки ин зиёрат дафъаи панҷум ҷараён мегирад.
Бо инояту меҳрубонии Парвардгори олам ва бо таваҷҷуҳи хосу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шуда, бо гузоштани ду ракъат намоз барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи наку намоянд.
Пуштибонии пайваста аз дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, чанд дафъа ба забони тоҷикӣ нашру дастраси мардум гардондани Қуръони карим ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит – Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоён дар ҷаҳони ислом мебошад, ки Пешвои миллатро ба шаъну эътибори баланд расондаанд.
Ба чунин шарафи баланд даст ёфтани Сарвари давлати Тоҷикистон ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаашон дар олами ислом аст. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба феҳристи 500 мусалмони соҳибнуфузи олам шомил гардиданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки то ин вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.
Боиси хушнудию шукргузорист, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон, зоироне, ки мақсади тавофи Каъбаву зиёрати равзаи Паёмбари ислом Муҳаммади Мустафоро (с) доранд, сол ба сол тадбирҳои хайрро амалӣ менамоянд. Шароити сафар ва будубоши ҳоҷиён аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ беҳтар мегардад.
Санаи нашр: 20.07.2023 №: 148
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (1)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Howard
Howard 26 июл 2023 22:48
I enjoy looking through a post that will make people think.
Also, thank you for allowing for me to comment!slim crystal
reviews