ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ШАРОРА”.  ТОБИСТОНИ КӮДАКОН ХОТИРМОН ХОҲАД БУД

“ШАРОРА”.  ТОБИСТОНИ КӮДАКОН ХОТИРМОН ХОҲАД БУД

21 июл 2023, Ҷумъа
27
0
 
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023” ва фармоиши вазири маориф ва илми кишвар аз 24 апрели ҳамин сол сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ барои хонандагон истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, беруназшаҳрӣ ва варзишӣ ташкил намоянд. Бар пояи иттилои Вазорати маориф ва илм, соли равон дар 1958 истироҳатгоҳ 178671 наврас ба истироҳат фаро гирифта мешавад. Дар робита ба ин, мо тасмим гирифтем, ки бо фаъолияти истироҳатгоҳи “Шарора” воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва рафти таътили мактаббачагон аз наздик ошно шавем.  
Бинобар маълумоти Гулнора Нуралиева, роҳбари истироҳатгоҳи “Шарора”, ҳамасола ба ин ҷой хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 8, 10, 26, 44, 52 ва 62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷалб мегарданд. Зимни сафари мо дар он 180 мактаббачаи аз 7 то 14-сола истироҳат мекард. 
Гулнора Нуралиева иброз дошт, ки истироҳати кӯдакон аз 12 июн шуруъ шуда, то 4 август идома меёбад. Ҳоло басти сеюм оғоз ёфтааст. Сайру гашт дар истироҳатгоҳ нишон дод, ки он дорои шароити замонавӣ буда, макони дилчаспе барои фароғати кӯдакон мебошад. Истироҳатгоҳ дорои майдончаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ, ошхона, толори хониш ва китобхона аст. 
Тибқи нақша, ҳамарӯза машғулиятҳои маърифатию  солимгардонӣ,  аз  ҷумла  маҳфилҳои  “Сухандон”, “Китобхонӣ”, “Қироати шеър”, “Офарин”, бозиҳои шашкаю шоҳмот миёни истироҳаткунандагон гузаронда мешавад. 
– Мактаббачагон дар ин истироҳатгоҳ худро хеле озод ҳис карда, мехоҳанд соли оянда низ дар таътили тобистона инҷо оянд. Ҳамаи ин чорабиниҳо танҳо бо мақсади истироҳати комил, инкишофи неруи зеҳнӣ, солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҳифзи солимии  онҳо ташкил шудааст, – гуфт Гулнора Нуралиева.
Солҳои қабл дар истироҳатгоҳ ҳавзи шиноварӣ ва майдончаи варзиш шароити хуб надошт. Ошхона низ таъмирталаб буд. Инчунин, дар даромадгоҳ шаршараҳо набуданд, дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда қариб хушк шуда буданд. 
– Имсол то омадани мактаббачаҳо ин мушкилиҳо бартараф гардиданд. Барои  250 нафар мизу курсиҳои замонавӣ дастрас гардид, – зикр кард роҳбари истироҳатгоҳ. 
Ҳамидулло Исматов, табиб, ки таҷрибаи чандсолаи кор дар истироҳатгоҳи “Шарора”-ро дорад, дар суҳбат иброз дошт: “Назар ба як соли қабл дар истироҳатгоҳ дигаргуниҳои зиёде ба амал омадаанд. Махсусан, шаршараҳои навбунёд ба истироҳатгоҳ ҳусни дигар зам кардаанд. Аз онҳо пайваста насими форам мевазад”. Ӯ афзуд, ки саломатии хонандагон дар мадди аввал қарор дорад. Барои солимии онҳо тамоми тадбирҳо андешида шудааст.
Мусаллам аст, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ба роҳ мондани лагерҳои беруназшаҳриву наздимактабӣ, таъмини онҳо бо кадрҳои баландихтисоси роҳбарикунандаи омӯзгорӣ, тиббӣ ва варзишӣ шарти асосӣ дониста мешавад. Бо ин мақсад, роҳбарияти лагери “Шарора” кадрҳои соҳибтахассусро ба кор ҷалб намудааст.
 
Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА,
 “Ҷумҳурият”

 

Санаи нашр: 20.07.2023 №: 148
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив