ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАВЗАИ РИЗВОНИ МАН, МОДАР

РАВЗАИ РИЗВОНИ МАН, МОДАР

21 июл 2023, Ҷумъа
35
0
Шамиматро шудам пазмон, гули райҳони ман, модар,
Насиме аз биҳишту равзаи ризвони ман, модар!
Калиди раҳмати Раҳмону мифтоҳи дари ҷаннат,
Асоси эътиқоду решаи имони ман, модар!
Зи ту омӯхтам фарқи миёни ҳаққу ботилро,
Ба ҳақ, ирфони ҳақомӯзи ман, фурқони ман, модар!
Зи умри хеш коҳидӣ, ки бар умрам биафзоӣ,
Биафзудӣ зи ҷони хештан бар ҷони ман, модар!
Ба меҳмонӣ куҷо рафтӣ, ки дигар барнамегардӣ?
Набудӣ як-ду рӯзе бештар меҳмони ман, модар!
Шудам пазмони рӯйи ту, Худо гӯям, ки хоб ояд,
Ба хоби ман биё, чун мешавӣ пазмони ман, модар!
Ғазал гуфтан чӣ маъно дорад аз ин баъд, гар н-ояд,
Ба гӯшам лаҳни қудсии ту: “Ҷаъфарҷони ман!” модар...  
 
 
 
УМРИ ТУ, МОДАР...
Умри ту, модар, ба пазмонӣ гузашт,
Чашм дар роҳам ба раҳбонӣ гузашт.
Хотири ман ҷамъ дар базми нишот,
Хотири ту бо парешонӣ гузашт.
Шомҳоям бо ғазалхониву ишқ,
Шомҳоят бо писархонӣ гузашт.
Бехабар аз ин, ки меҳмонам туӣ,
Рӯзу шабҳоям ба меҳмонӣ гузашт.
Лаҳзае дар мазҳарат будам агар,
Неъмате буду ба султонӣ гузашт.
Мушкиле гар доштам дар зиндагӣ,
Бо дуоҳоят ба осонӣ гузашт.
Давлате будиву ман ғофил аз ин,
Войи умрам, ки ба нодонӣ гузашт.
Омад он рӯзе, ки мегӯям ба худ:
Умри Ҷаъфар бо пушаймонӣ гузашт.
 
 
 
МОДАРАМ МЕОЯД...
Гуфтам ба умед: модарам меояд,
Як рӯзи саид модарам меояд.
Оғӯш кушода сӯйи ман нурафшон,
Чун субҳ дамид, модарам меояд.
Дил рафт гулистону зи ҳар навъе гул
Гулдаста бичид: модарам меояд
Дар пушти дари баста нишастам, яъне
Монанди калид модарам меояд.
Дар боғ нишастаам ба ин як уммед:
Як боғ навид, модарам меояд.
Имрӯз баъид аст, дарояд аз дар,
Шояд, ки ба ид модарам меояд...
 
 
 
 
ҲАМА ДАМ ТУРО БИЁБАМ...
Ғами ту нафас надорад, ки барояд аз гулӯям,
На димоғ монда, модар, ки гули нишот бӯям.
На ба чашм фарқи ранге, на ба ком фарқи таъме,
На таносубу на мантиқ ба калому гуфтугӯям.
На тамоюле ба шеъру на тааммуле ба ҳикмат,
Ба маҳофили адибон ҳама рафта обрӯям.
Ба дуои ту нишинам ҳама бомдод то субҳ,
Ки ту пар занӣ, биёӣ чу фариштае ба сӯям.
Ва фироқи ҷовидонат на калом дораду ҳарф,
Ки мани забонгирифта зи ғами фироқ гӯям.
Ва дилам бимурд бо ту, на ҳавас, на орзу монд,
Ба фано бирафт яксар ҷараёни орзуям.
Ба кадом шаҳр рафтӣ, ки суроғае надорад,
Зи куҷо туро бихонам, зи куҷо туро биҷӯям?
Ба каломи порсият, ки зи ту бимонд мерос,
Қасамо, ки пос дорам, раҳи дигаре напӯям.
Ҳама дам туро биёбам, чу ба лафзи ту нависам, 
Ҳама ҷо туро бубинам, чу ба лаҳни ту бигӯям.
 
 
 
 
АЗ ДАСТ РАФТ ОХИР
Гиромитар зи ҷонам, модарам аз даст рафт охир,
Аз ин дорулфано рахти сафар барбаст, рафт охир!
Чӣ сон гирям, забонам лолу чашмам кӯр гардидаст,
Чӣ сон сӯзам, ки бо дорулбақо пайваст, рафт охир. 
Чӣ сон нолам, ки фарёд аз тани бедил намеояд,
Чӣ сон бошам, ки бо ӯ ҳар чӣ буду ҳаст, рафт охир!
Фақат мегуфт: дил кандан наметонам зи фарзандон!
Чӣ сон гӯям, ки аҳди хешро бишкаст, рафт охир?
Фақат мегуфт: дар фарҷоми корам дил қавӣ доред,
Худо нокарда надҳедаш варо аз даст... рафт охир.
Куҷо рабте малакро бо ҷаҳони хок мебинем?
Малаксимои ман аз ин қафас вораст, рафт охир.
 
Ҷаъфар МУҲАММАД,
профессори Донишгоҳи давлатии 
ховаршиносии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон
 
Санаи нашр: 20.07.2023 №: 148
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив