ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ

Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ

21 июл 2023, Ҷумъа
17
0
Дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ 227 корхонаву ҷамъият ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он 56-тоаш дар самти байналмилалӣ ба фаъолияти боркашонӣ машғул аст. 83 корхонаву ҷамъияти нақлиётии дигар дар дохил фаъолияти мусофирбариро анҷом медиҳанд. 
Аз Вазорати нақлиёт ба мо хабар доданд, ки моҳҳои январ – майи соли ҷорӣ тавассути ҳамаи намуди нақлиёт 43 миллиону 370 ҳазор тонна бор интиқол ёфтааст, ки 40 миллиону 700 ҳазор тоннаи он ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Дар самти интиқоли байналмилалии бор ҳаҷми боркашонӣ 1 миллиону 90 ҳазор тоннаро (568 ҳазор тонна воридот ва 522 ҳазор тонна содирот) ташкил намуд. 
 
 
Вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзуд
Дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 490 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд аст.
Дар маҷмуъ, ба ҷумҳурӣ наздики 630 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо мақсадҳои гуногун (сафари хизматӣ, рухсатӣ ва ғайра) ташриф овард. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳӣ ба “Ҷумҳурият” хабар дод.
 
 
113 Бюллетен, 25 иттилооти таъҷилӣ ва 33 маълумоти оморӣ дар ним сол
Фарогирӣ бо ҳисоботи электронӣ, дар маҷмуъ, 66 шакли ҳисоботи давлатӣ ва таҳқиқоти омориро дар бар гирифта, ба 47 дарсад расонда шуд. Ин нукта дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Агентии омор таъкид гардид. 
Аз Агентӣ хабар доданд, ки дар ҷаласа, ҳамчунин, раванди иҷрои Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор”, пурра фаро гирифтани субъектҳои ҳисоботсупор, беҳтар гардидани интизоми хизмати давлатӣ ва гузарондани озмуну аттестатсияҳо баррасӣ шуданд.  
 
 
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН».  ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУН
Соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад. Он намунаҳои беҳтарини ҳунари асилро аз тамоми манотиқи кишвар ба ҳам оварда, истеъдодҳои зиёдеро дар фазои фарҳангии мамлакат кашф намуд.
Даври якуми Озмун дар ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид. «Ҳамагӣ дар даври якуми он 4442 довталаб иштирок намуда, 2078 нафари он ба даври дуюм роҳхат гирифт. Имсол дар даври аввали Озмун 1068 нафар зиёд ширкат варзид», – омадааст дар хабари пахшнамудаи Вазорати фарҳанг. 
 
 
 
Ҳамоиши муҳим дар  маркази саратоншиносӣ 
Дар Маркази илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, бо иштироки намояндагони раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Аз маркази матбуоти Вазорат ба мо хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ доир ба хатар ва падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм, иброз дошта шуд, ки бояд ҳар фарди худшинос ва худогоҳи Ватани азизамон бар зидди он мубориза барад ва бо ин роҳ дар таъмини сулҳу оромии  мамлакат саҳм гузорад.
 
 
 
«БОМИ ҶАҲОН» – ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСИҚӢ
Дар шаҳри Хоруғ Фестивали байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад.  
Хабарнигори АМИТ «Ховар» София Шоик иттилоъ додааст, ки Фестивал 35 ҳунарманди боистеъдоди хориҷӣ ва тоҷикро ба ҳам оварда, давоми ду рӯз ҳунарнамоии онҳоро беш аз 4000 нафар тамошо хоҳад кард. Ҳадаф аз он намоиши фарҳангии тоҷикон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон буда, саҳм гирифтан дар тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ, гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ тавассути баёни шаклҳои гуногуни санъат ва мероси фарҳангӣ мебошад.
 
 
Санаи нашр: 21.07.2023 №: 149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив