ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ.  ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

БМТ.  ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

13 феврал 2023, Душанбе
24
0
Дар мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҷаноби Рето Вайерманн,  мудири барномаи макроиқтисодии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) ва хонум Малика Иброҳимова – корманди асосии барномаи рушди иқтисодии SECO дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор шуд, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба бо ташкилоти мазкур баррасӣ гардиданд.
Фирдавс Толибзода намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO)-ро бо дастовардҳои охири низоми бонкии кишвар ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ шинос намуда, иброз дошт, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ, низоми бонкии кишвар тавонист соли 2022-юмро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намояд.
Номбурда аз ҳамкориҳои судманди Бонки миллии Тоҷикистону Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти ташкилоти мазкур ҷиҳати  роҳандозии ҳамкориҳои техникиву машваратӣ, ки барои тақвияти устувории бахши молиявӣ, рушди низоми пардохт, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва таҳкими санадҳои меъёрӣ арзи сипос намуд.
Зимнан, натиҷаҳои бадастоварда дар доираи марҳилаи якуми барнома оид ба таҳкими бахши молиявӣ, аз ҷумла дар самтҳои таҳкими суботи молиявӣ, воситаҳои коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол ва масъалаҳои андозбандии онҳо, рушди идоракунии корпоратививу низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Мудири барномаи макроиқтисодии SECO ҷаноби Рето Вайерманн зикр намуд, ки дар раванди иҷрои марҳилаи якуми барномаи зикргардида комёбиҳои назаррас ба даст омаданд. 
Ҷонибҳо оид ба амалҳои боқимондаи марҳилаи якум ва муҳлатҳои иҷрои онҳо, ҳамчунин оид ба самтҳои эҳтимолӣ барои расондани кумаки техникӣ дар доираи марҳилаи дуюми барнома роҷеъ ба таҳкими бахши молиявӣ, изҳори назар намуданд. 
 Боиси зикр аст, ки дар идомаи мулоқот аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ рӯнамо оид ба раванди татбиқи барномаи мазкур пешкаш гардид. Дар рӯнамо оид ба амалисозии марҳилаи якуми барнома, таҳкими низоми бонкии кишвар, мукаммалсозии идоракунии корпоративӣ ва идорасозии хавфҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, тақвияти иқтидори назорат аз рӯи фаъолияти низомҳои пардохтӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулиятнокии  ташкилотҳои қарзии молиявӣ нисбати хизматрасонии молиявӣ ба истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат намуд. 
Ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз рафти иҷрои Барномаи таҳкими бахши молиявии Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ амалӣ гардида истодааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ, ҳамкории босамарро бо   низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо Бонки миллии Тоҷикистон, идома хоҳанд дод.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.02.2023 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив