ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАФИЛИ ПОЙДОРӢ

КАФИЛИ ПОЙДОРӢ

21 июл 2023, Ҷумъа
14
0
Ваҳдати миллӣ кафили ҷони мо,
Қудрати мо, зӯри мо, дармони мо,
Нурбахшу пурсахо чун офтоб,
Бахти мо, иқболи мо, армони мо.
 
Мо – ҳама ваҳдатсарои ин Ватан,
Аз дилу ҷон ошнои ин Ватан.
Рӯ ба истиқболи ҳам, оғӯши ҳам,
Бо муҳаббат дар санои ин Ватан.
 
Ваҳдати миллӣ шиори миллат аст,
Равнақу авҷу барори миллат аст.
Файзи хону бардамию офият,
Ҷовидон дар гирду дори миллат аст.
 
Тоҷикистон ваҳдатистон гаштааст,
Сарзамини файзу эҳсон гаштааст.
Сар ба сар бо ҳастии зебои худ
Як биҳишти роҳати ҷон гаштааст.
 
СУРУДИ ВАТАН
 
Месароям дар гулистони Ватан,
Аз шукӯҳу давру даврони Ватан.
Нестам ман шоири воломақом,
Булбуле ҳастам, ғазалхони Ватан.
Сад ғазал гуфтам зи истиқлоли ӯ,
То физоям як қадар шони Ватан.
Рӯзу шаб дар баҳри чашми ман равон
Оби софи чашмасорони Ватан.
Баҳри ман болотар аз боғи биҳишт
Мушку атри барфу борони Ватан.
Ман надидам дар ягон мулки ҷаҳон
Дар базебӣ лолазорони Ватан.
Як маҳал ҷамъаш парешон гашта буд,
Сӯхт ҷонам дар тану ҷони Ватан.
Дар қатори садҳазорони диёр
Ҷумлае аз ғуссагирёни Ватан.
Аз Ватан як лаҳза фориғ нестам,
Набзи ман дар набзи шарёни Ватан.
Бе Ватан ман кистам, ман чистам?!
Бо Ватан як ҳадя ҷонони Ватан.
Васф месозам Ватанро доиман,
Як нафар аз хоксорони Ватан.
Розиам аз зиндагии худ, агар
Ҷон диҳам дар рӯи дастони Ватан.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН
Санаи нашр: 21.07.2023 №: 149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив