ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОРРУПСИЯ.  БАРОИ МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ ҶОМЕАКУШ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕШАВАД

КОРРУПСИЯ.  БАРОИ МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ ҶОМЕАКУШ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕШАВАД

21 июл 2023, Ҷумъа
39
0
Вазорати фарҳанг дар доираи «Барномаи давлатии рушди нашриёт ва матбааи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба таблиғоти зиддикоррупсионӣ таҳти унвони «ВАО зидди коррупсия»-ро эълон мекунад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанг, муаллифон мақолаҳоеро, ки дар маркази ноҳия, шаҳр, вилоят ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ давоми соли 2023 вобаста ба мавзуи мубориза бо коррупсия чоп менамоянд ба озмун пешниҳод карда метавонанд.
Се ҷоиза бо маблағҳои ҷои аввал 7000 сомонӣ, ҷойи дуюм 4000 сомонӣ, ҷойи сеюм 2000 сомонӣ муайян гардидааст. Пешниҳоди роҳбарияти рӯзнома ё маҷалла барои муаллиф зарур аст. Озмун моҳи декабри соли ҷорӣ ҷамъбаст мешавад.
 
Д. ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 21.07.2023 №: 149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив