ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

13 феврал 2023, Душанбе
48
0
ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ОСОН МЕШАВАД
 
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки омӯзиши забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ осону дастрас мешавад.
– Ҷиҳати омӯзиши забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ китобу дастурҳои зиёд мавҷуд ҳастанд, аммо барои шаҳрвандони хориҷӣ барнома ва китобҳои электронии мувофиқ ба стандартҳои ҳозиразамон вуҷуд надоранд. Барои ислоҳи ин мушкил Кумита гурӯҳи кориро бо ҷалби мутахассисону коршиносон ташкил кард. То оғози моҳи март имконияти дастрасии хориҷиён ба ин китобҳо дар назар аст, – гуфт Олимҷон Муҳаммадзода.
Инчунин, кормандони ниҳод барномае сохтанианд, ки он ба таври худкор ислоҳ кардани калимаҳои навиштаи тоҷикиро дар «Word» осон мекунад.
– Барномаи ислоҳи иштибоҳ дар асоси луғати нави орфографии тоҷикӣ таҳия шуда истодааст. Баробари тасдиқ гардидани лоиҳа барнома фаъол хоҳад шуд, – афзуд раиси Кумита.
 
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"
 
 
 
"ТОҶИКФИЛМ" 
Аз шукӯҳи "Тоҷи Сомон" то "Маҷмуаи тиллоии филмҳо"
 
Директори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки масъулони ин ниҳод ҷиҳати амалисозии Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 панҷоҳу шаш филм, аз ҷумла чордаҳ филми ҳунарӣ, бисту шаш филми мустанад, ёздаҳ филми кӯтоҳи ҳунарӣ ва панҷ филми тасвириро рӯи навор оварда, ёздаҳ филми бадеиро ба забони тоҷикӣ дубляж намуданд. 
– Хуштарин паёми соли 2022 баргузории нахустин Синамоҷоизаи миллии "Тоҷи Сомон" буд, ки таҳти шиори "Қадршиносии ҳунари асил" гузашт. Инчунин, барои ҳифзи филмҳои классикии тоҷик бо фарогирии 100 филми беҳтарин (солҳои 1934 - 2003) "Маҷмуаи тиллоии филмҳо" омода гардид, – хабар дод Маҳмадсаид Шоҳиён.
Зикр гардид, ки соли гузашта як қатор филмҳои тоҷикӣ дар синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок карда, баҳои баланди доваронро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, филми ҳунарии "Бачаи обӣ" дар шаҳри Москва ҷоизаи "Беҳтарин филм", "Беҳтарин нақши мардона", филмҳои кӯтоҳи ҳунарии "Этюд" дар синамобазми Кения ҷоизаи "Беҳтарин филми ҳунарии кӯдакона», "Додараки фариштаҳо" дар ҷашнвораи "Адабиёт ва кино" сазовори ҷоизаи "Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ" гардиданд. Филми ҳунарии "Дов" бо ҷоизаи "Беҳтарин филми ҳунарӣ" дар фестивали Калкуттаи Ҳиндустон қадр шуд. 
Дар назар аст, ки "Тоҷикфилм" соли ҷорӣ 4 филми ҳунарии кӯтоҳ ва пурра, 4 мустанад ва 2 филми тасвириро таҳия намуда, пешкаши тамошогарон  созад. 
 
Латифабону РУСТАМОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
ИКРОМ СУБҲОНЗОДА: 
«Фаъолияти 15 муассисаи таълимӣ қатъ гардид»
 
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода иттилоъ дод, ки соли 2022 фаъолияти 15 муассисаи таълимӣ қатъ гардид. Фаъолияти баъзе аз онҳо бо хоҳиши муассисон ва боқимонда бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, мустаҳкам набудани заминаи моддию техникӣ ва таъминоти кадрӣ боздошта шуданд.
Масъулони Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ 900 муассисаи таълимиро аз санҷиши сатҳи сифати таҳсил гузаронданд, ки ин нисбат ба соли 2021 зиёд мебошад. Маълум шуд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ сифати донишандӯзии хонандагон баланд рафтааст.
Бори аввал шуъбаи мониторинги Агентии мо барои муайян кардани сатҳу сифати таҳсилот хонандагонро ба супурдани саволномаҳои тестӣ ва навиштани иншо ҷалб намуда, онро мусбат арзёбӣ кард, – афзуд Икром Субҳонзода.
 
Д. ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"
 
 
 
 
 
ДБССТ
Сифати таҳсил беҳтар ва навъи ихтисосҳо зиёд мегардад
 
– Вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръат, татбиқи муқаррароти Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 барои пешбурди фаъолияти таълимӣ Донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои нав иҷозатнома гирифт. Инҳо полиси сайёҳӣ, тибби сайёҳӣ, сайёҳии осоишгоҳӣ – табобатӣ, иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, хадамоти консулӣ, муносибатҳои байналмилаливу сиёсати берунӣ ва дипломатия  мебошанд, – гуфт зимни нишасти матбуоти Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. 
Тибқи иловаи ректор бо мақсади тақвияти забондонии омӯзгорону донишҷӯён дар Донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил ва гузаронда шуданд. 
Дар баробари гурӯҳҳои амалкунандаи таҳсилашон бо забони англисӣ, дар соли таҳсили 2022-2023 боз гурӯҳҳои нави таҳсилашон бо забони англисӣ аз рӯи ихтисосҳои «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ», «Идораи давлатӣ», «Хадамоти гумрукӣ», «Иқтисодиёти ҷаҳон», «Муҳандиси барномавӣ» ва «Молия ва қарз» ташкил шуданд. 
– Яке аз дастовардҳои муҳиме, ки дар ин давра дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ба даст омад, ташкили табодули академии як қатор донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон мебошад. Айни замон, барои нимсолаи дуюми соли таҳсил донишҷӯён тибқи барномаҳои табодули академӣ ба хориҷи кишвар давра ба давра сафарбар мегарданд, – гуфт дар зимн Убайдулло Асрорзода. 
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
ДТҶТ
Факултети гӯштии миллӣ рӯйи кор меояд
 
Ба ифтихори байналмилалӣ гардидани гӯштии миллии тоҷикӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов факултети гӯштии миллӣ таъсис дода мешавад.
Дар ин бора ректори Донишкада Шодӣ Сафаров дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
– Гӯштии миллӣ, аз ҷумлаи варзишҳои дӯстдоштании халқи тоҷик буда, таърихи қадим дорад. Гӯштигирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардондани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш воситаи муҳим ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ гӯштии миллӣ (гӯштигирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария сабт шуда, гӯштии миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид, – иброз дошт Шодӣ Сафаров.
Ба маълумоти Хуршед Ибайдуллоев, мудири кафедраи гӯштии миллии Донишкада, ҳамзамон, сармураббии тими мунтахаби кишвар оид ба гӯштигирӣ аз 1 то 3 март дар кишвар Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардида, барандаи се зинаи ифтихорӣ барои мусобиқоти байналмилалӣ омода карда мешавад. 
Иттилоъ дода шуд, ки 500 донишҷӯи Донишкада узви дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон мебошад.   
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
 
МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият меёбанд
 
Соли 2022 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тадқиқоти стратегии Россия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ҷумҳурии Корея ҳамкориҳои мутақобилан судманд анҷом дод. Гузашта аз ин, бо марказҳои тадқиқоти стратегии Туркманистон, Эрон, Ӯзбекистон, Беларус, Арабистони Саудӣ ва маркази зеҳнии Малайзия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд. 
Ин матлабро Хайриддин Усмонзода, директори Марказ, зимни нишасти хабарӣ иброз дошт. 
Номбурда афзуд, ки соли рафта аз ҷониби кормандони Марказ ду тадқиқоти сотсиологӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон гузаронда шуд, ки аз натиҷаи онҳо дар раванди омодасозии таҳлилу гузоришҳо васеъ истифода мебаранд.
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
 
ҚОСИМ РОҲБАР:  «Маҷмааи «Харбуза» 39 миллион сомонӣ нархгузорӣ шудааст»
 
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни нишасти матбуотӣ, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта дар шаҳр  21 коргоҳу корхонаҳои саноатии хурду миёна бо 227 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Истеҳсолот дар соҳаи саноат 120,7 дарсад иҷро гардид. Барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ҳудуди шаҳр 39 сардхонаи замонавӣ фаъолият мекунад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 21 сардхона зиёд мебошад. Дар онҳо  9300 тонна маҳсулоти кишоварзии гуногун захира карда шуд. 
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр такмил ёфта, шумораи лоиҳаҳои чорабиниҳо аз 654 ба 2071 баробар гардид, ки маблағи он 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Тибқи нақшаи генералӣ, ба ҷойи биноҳои фарсудаи дуошёна, ки муҳлати истифодаашон гузаштаю симои шаҳрро коста мекунанд, аз ҷониби соҳибкорон хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мегардад. То соли 2025-ум 59 бинои истиқоматии бисёрқабата бунёд ёфта, ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ соҳиби манзил мешавад.
Инчунин, зикр шуд, ки соли гузашта 900 ҳазор бақияпулии андоз кам гардид. То 1 январи соли 2023-юм бақияи андоз дар шаҳр 4, 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи андози корхонаю ташкилоти шаҳр ҳамчун қарзи мушкилситон боқӣ монда, барои баратараф намудани он дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ  мешаванд.
Ба саволҳои хабарнигори «Ҷумҳурият» дар мавриди қарзи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустии шаҳр, масъулон посух доданд. Афзуданд, ки соли 2017 барои бартараф намудани қарзи музди меҳнат бо дархости собиқ роҳбарони шаҳр Вазорати молия 7 миллион сомонӣ ба буҷети маҳаллии Ҳисор ҳамчун қарз ворид карда буд. Дар давоми панҷ сол масъулон 3,6 миллион сомонӣ маблағи қарзро ба Вазорат пардохт намудаанд. 3, 4 миллиони он боқӣ мондааст. 
Қосим Роҳбар гуфт, ки алҳол дар ҳамаи беморхонаю муассисаҳои ҳудуди шаҳр 44 табиби маълумоти олидор намерасад. Ҳамчунин, ба суоли дигари хабарнигорон вобаста ба тақдири минбаъдаи Маҷмааи «Харбуза», раиси шаҳр зикр кард, ки ин иншоот хусусӣ мебошад. Соҳибмулкон онро ба маблағӣ 39 миллион сомонӣ ба фурӯш мондаанд. Эҳтимол, аллакай харидор низ, пайдо карда бошанд. 
 
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
ҶАМШЕД ШАРИФЗОДА: 
“1545 нафар корҷӯ бо ҷойи кор таъмин гардид”
– Соли рафта қисми нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозҳо 102,2 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 51 миллиону 669 ҳазору 779 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Нақшаи пардохти фонди иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 103,3 дарсад таъмин шуда, ба буҷет 11,2 миллион сомонӣ ворид гардид, –  гуфт Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ дар нишасти хабарӣ.
Ба  иттилои номбурда,  соли гузашта заҳматкашони ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 175 миллиону 768 ҳазору 500 сомонӣ расонданд, ки  125 дарсади нақшаро ташкил дода, нисбат ба соли 2021-ум 34 миллиону 925 ҳазор сомонӣ бештар аст. Ба гуфтаи Ҷ. Шарифзода, порсол дар ноҳия 8 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 50 ҷойи нави корӣ таъсис ва мавриди истифода қарор  гирифт
Ӯ тазаккур дод, ки соли гузашта ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1860 нафар муроҷиат намуда, тибқи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 1545 нафар корҷӯ бо ҷойи кор таъмин гардид, ки 119 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Порсол аз тарафи шуъбаи мазкур 15 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва дар 23 ташкилоту муассисаҳои ноҳия 140 мансаби холӣ пешниҳод карда шуд. 
Ҷамшед Шарифзода гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 1 миллиарду 510 миллиону 293 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба соли пешин 121 миллиону 349 ҳазору 700 сомонӣ  зиёд аст. Аз ҷониби кишоварзони ноҳия 2903 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид, ки 108,3 дарсади нақшаро ташкил мекунад. 
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.02.2023 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив