ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ РУШДИ БОЗОРИ СУҒУРТА

БМТ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ РУШДИ БОЗОРИ СУҒУРТА

24 июл 2023, Душанбе
28
0
 
Дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси Бонк Фирдавс Толибзода ва иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ва масъулони воҳидҳои сохтории он ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид. 
 
Зимни ифтитоҳи он Фирдавс Толибзода зикр кард, ки сарфи назар аз таъсири манфии як қатор рӯйдоду пайомадҳои ногувор, ки  боиси коҳиши рушди воқеии иқтисодиёти ҷаҳон ва афзоиши бесобиқаи таваррум дар кишварҳои тараққикарда гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кам кардани таъсири манфии ин омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ чораҳои амалӣ андешид, ки дар натиҷа, нишондиҳандаҳои асосии мақроиқтисодӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои бозори суғурта, дар ин давра мусбат ҷамъбаст гардиданд.
Роҳбарияти кишвар, – иброз дошт Фирдавс Толибзода, – ба рушди бозори суғурта диққати махсус зоҳир намуда, барои ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани санаду меъёрҳои ҳуқуқии он пайваста дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад. Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои рушди соҳа татбиқи 3 лоиҳаи кумаки техникӣ оид ба масъалаҳои ҷорӣ намудани раванди муосири ҳисоботдиҳӣ ва таҳлили оморӣ, таҳияи Стратегияи рушди миёнамуҳлати соҳаи суғурта, баланд бардоштани иқтидори касбии мақоми назоратӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ татбиқ шуда истодааст.
Зикр шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди бозори суғурта тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, тадбирҳои саривақтӣ ва самаранок меандешад. 
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”,  аз 22 июни соли 2023, №586, аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ  амалӣ карда мешаванд.
Бинобар ин, масъалаи ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мондани амалиётҳо аз рӯйи маблағҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ бевосита ба зиммаи КВД “Тоҷиксуғурта” вогузор шудааст.  
Дар мавриди мустаҳкам намудани заминаи қонунӣ ва мутобиқ сохтани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муяссар гардид, ки таҳлили молиявии ташкилотҳои суғуртавиро дар алоҳидагӣ аз рӯи принсипҳои асосии суғурта анҷом диҳад. 
Вобаста ба ин, бо мақсади таъмини шаффофият ва эътимоднокии амалиётҳо шакли нави автоматикунонидашудаи ҳисоботҳои молиявӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардида, лоиҳаи пилотии он барои баррасӣ ва истифода ба ташкилотҳои суғуртавӣ равон карда шуд. 
Фирдавс Толибзода таъкид намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ дар доираи ваколатҳои худ мусоидат карда, бо амалигардонии мониторинги доимии фаъолияти бозори суғурта ислоҳоти сохторию  солимгардонии онро дар нимсолаи дуюми соли 2023 давом диҳад.
Сардори идораи назорати суғуртавӣ Дилбар Ҳусейнова дар мавзуи “Вазъи бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023” бо рӯнамои муфассал баромад намуда, иштирокдоронро бо натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар нимсолаи якуми соли 2023, аз ҷумла сохтори низоми суғурта, дороиҳо, уҳдадориҳои тавозунӣ, сармояи худӣ, сармояи оинномавӣ, воридоти мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ, мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ аз рӯи шаклҳои суғурта, саҳми мукофоти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғурта дар нимсолаи якуми соли 2023, шинос намуд. Зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дороиҳои низом нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,3, сармояи умумӣ 21,4, сармояи оинномавӣ 19,3, захираҳои суғуртавӣ 57,9, мукофотҳои суғуртавӣ 19,1 дарсад ва пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 36,5 фоиз  зиёд гардиданд. Дар маҷмуъ, дар нимсолаи якуми соли 2023 тибқи маълумотҳо дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ 2,2 дарсадро ташкил намуда, нисбат ба ММД бошад, ба 0,6 фоиз баробар шуд. 
Сарфи назар аз ноил шудан ба натиҷаҳои мусбат, – таъкид дошт Дилбар Ҳусейнова, – ташкилотҳои суғуртавӣ бо роҳи таъмини фаъолияти шаффоф ва устувор кардани вазъи молиявӣ бояд саҳми худро ба рушди иқтисодиёти мамлакат расонанд.
Фирдавс Толибзода ба роҳбарони як қатор ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон оид ба пешниҳоди саривақтӣ ва босифати ҳисоботҳо, гузарондани аудити беруна, татбиқи таъинотҳои Бонки миллии Тоҷикистон, иҷрои нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда, амалӣ намудани низоми автоматикунонии фаъолият ва ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда супоришҳо дод.
Ӯ дар назди ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавӣ вазифаҳои мушаххас, аз қабили насб кардани низоми автоматикунонидашудаи пешбурди ҳисобдорӣ, таҳия ва тасдиқ намудани “Сиёсати ҳисобдорӣ”, риояи тартиби ташаккулдиҳии захираҳои суғуртавӣ, талаботи қонунгузории соҳавӣ, вусъати амалиётҳои ғайринақдӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”,  аз 22 июни соли 2023, №586, зиёд кардани ҳиссаи пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ ва бештар намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотиро гузошт, ки дар амал татбиқ кардани онҳо ба раванди рушди минбаъдаи соҳа вусъат мебахшанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта, роҳбарияти ташкилотҳои суғуртавӣ вазифадор гардиданд, ки сари вақт чораҳои таъхирнопазир андешида, меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаро дар фаъолияти худ мунтазам пайгирӣ намоянд ва барои ҳалли мушкилоти мавҷуда, пеш аз ҳама, риояи ҳатмии меъёрҳои қонунгузорӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Фирдавс Толибзода иброз намуд, ки барои амалӣ кардани нақшаҳо ва вазифаҳои гузошташуда ҳамаи моро зарур аст, ки ҳамчун узви ҷудонашавандаи ин низом дар ҳамбастагӣ рушди бозори суғуртаи мамлакатро таъмин созем. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.07.2023 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив