ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАШМ БА РОҲ

ЧАШМ БА РОҲ

26 июл 2023, Чоршанбе
27
0
 
Рухсатӣ баромадаму хостам тобистони имсоларо дар зодгоҳам – Кашмир (ҳамин тавр меноманд деҳаамонро зиёиёни маҳалла, варна дар забони мардум бо номҳои Соҳилобод – дар канори дарёи Ёхсу воқеъст ва Ғофилободу Анористон машҳур) гузаронам. Расман, деҳа чи ном дошту, аслан чи тавр обод шудааст, касе намедонад. Лекин обу ҳаво,  мавзеъву фазои деҳа воқеан ҳам софу форам, муаттару гуворост – ҷону танат ҳаловат мебаранд. Аҷаб кайфу роҳате дорад якшаба хоб дар Кашмири мо. Бовар кунед, се-чор соат хоби шаби деҳа ҳафт - ҳашт соат хоби шаҳрро бар мезанад. Одат кардаам, агар соле як ё ду бор деҳа наоям, хуморӣ мешаваму дар орзуву ҳавасаш обу адо. Ҳайронам, ки ҳамдиёрони мо ташвишу сарсониҳои зиёдеро бар дӯш гирифта, маблағи зиёду вақти қимати худро масраф намуда, барои  истироҳату фароғат аз диёри афсонавию биҳишти рӯи Замин ба ким-куҷоҳое мераванд! Хайр, ин мавзуи дигар... 
Агар деҳа равам, аз ҳама муҳимаш кампири модарам хурсанд мешаванд, зеро дер боз-қариб як сол мешавад, ки аз серкорӣ хабарашон нагирифтааму чашмони чорашон роҳ поида истодаанд. Аз хонаи навад гузаштаанд. Орзу доштам, ки садсолагиашонро мебинему ҷашн мегирем, вале афсус... 
Ҳар гоҳе маро истиқбол мекарданд, “оҳ, бачаи яккаву ягонаам” (яккаписарам) ё “ ай очи беочи оча” гуфта, ба қавле, курта-курта гӯшт мегирифтанд, аз шодии дидори ногаҳонӣ дар куртаашон намеғунҷиданду лаҳзаяке худро гум мекарданд. Гоҳе бо ҳар баҳона ё зарурияте дили модарамро ёфта, ӯро ба шаҳр меовардам, лекин шароити зиндагию муҳити шаҳр ҳеҷ ба табиаташон созгору мусоид наомад, ки наомад-да... Бо зорию тавалло, бо зарурияте вақтҳои охир, агар меҳмонӣ меомаданд, ба даҳану дандон ки меқапидӣ, бисёр меистоданд–як ҳафта ё даҳ рӯз! Охир, роҳи чорсадкилометраро тай карда омадан ин муҳлат барои кампири навадсола кирои  омадану истодан ҳам набуд.
Як-ду рӯзи аввал кампир “меҳмони хапак” буд дар хона, ана баъд, вақте хумори набераҳояш мешикасту хумори ҳамсояҳои дар деҳамондааш авҷ мегирифт, ана баъд норозигию бетоқатӣ сар мешуд:
– Одам бо одам зинда аст, ғанимат аст, дар як шаҳри калон дари роғе (кушода)-ву одами бекоре намебинӣ, ки сар дарун бикунию чор гапак зада, дилта холӣ бикунӣ!– гилаомез рӯ меовард ба ману ҳамсарам.–Аҷаб феъли баде доранд ин мардуми шаҳрӣ, саҳар барвақт ранги куҳрӣ аз хонаҳояшон мебароянду вақти говгум, торик-торики шаб дузди аламон ворӣ медароянд... Мегӯӣ ба ҳамдигар хундоранду рӯи номаҳрам доране. На салому на алек, назаршон намегирад. Аҷаб мардуми одамгурезан, мегӯӣ рӯшона ба намаков шустаанд. Одам бо одам зинда аст, заҳру зуқуму занги дилу ҷигари одама одам мегираде! Дилам торс мекафад дар ин хонаҳои қафасии сағера (маро ҳамин тавр мегуфт), ранги сари кали косағуруп шабу рӯзатро кӯр мекунӣ. Агар ҳамин дафъа сиҳату саломат ба ҳавливу дари худам равам, дигар поям погаҳи дари хонаи ин сағерара намебинад...
Ҳар боре деҳа кампири модарамро хабаргирӣ меомадам ё шаҳр пеши набераҳояш меомаданду мерафтанд: «Сағера, ғами дурии ту ахир маро мехӯрад, обу адо мекунад, дар барам бошӣ, ки ҳар лаҳза бинамат, аз рангу рӯят сер бошам, на ғам мехӯрам,  на пир мешаваму на бемор!», – бо ҳасрат мегуфтанд. 
«Як бачаи дигар мекардӣ, на ғам мехӯрдию на пир мешудӣ, оча!», – гӯён гоҳе тасалло медодаму худро сафед карданӣ мешудам. 
«Эҳ сағераи беақле, о намедонӣ, ки фарзанд доди Худост, бо Худо ҷанг карда нашава, ба ҳамин додагияш сад лак шукр. Туро ҳам Худованд бо сад зорию тавалло муяссар гардонд. Сад лак шукри Парвардигор, баъзеҳо ба нохуни фарзанд зоранду... Баъд ин ки Худованд  лоиқат набинад, даҳ фарзанд ҳам дошта бошӣ, роҳат не, бало, офати ҷонат мешаванд. Не дуру не валвала, Сафари паварота бин (дар деҳаи мо се мард ҳамном буданд ва хонаи ӯ, ки дар сари гардиши кӯча воқеъ буд, ба номаш «паварот» илова кардаанд), ёздаҳ фарзанд дораду дастнигари мардумай. Ёздаҳ дарди сар!», -гӯён шукрона мекарду аз нав маро ба оғӯш гирифта мебӯиду мебӯсид кампири модарам...
Кору кирдору гуфтору амали модарамро, ки занҳои деҳа – момаҳову бибиҳои мо ёдоварӣ мекарданд, ҳанӯз ҳам фаромӯш нашудаанд. То Худованди мутаол маро ҳаст кардан, оҳ, модари бечораам, чӣ қадар ҳасад мебурдааст ба занҳои бачадори ҳамсояву ҳамдеҳа! Бо орзуву ҳавасҳо менигаристаасту ба хости дили худ дӯстдорӣ мекардааст бачаҳои ҳамсояву ҳамдеҳаамонро. Аз дилаш он лаҳзаҳо чи мегузашт, чи муроду ҳавасҳо дошт, худаш медонисту Парвардигор, лекин бо ҳавас ҳар кадомеро ба оғӯш гирифта, мебӯсидаасту мебӯидааст. Шабу рӯз дар тазарруъ ва таваллои он будааст, ки Худованди кариму раҳим ба ӯ ҳам ақаллан як тухмаки нар (писар) муяссар гардонад. 
***
Раҳми Парвардигори мо омад, зорию таваллои модари дар ҳасрати бачабудаам ба даргоҳи Ҳақ мустаҷоб гашту ба орзуяш расид:- ана, ман ба дунё омадам! Бо хости модар Собирҷон номам мондаанд, яъне неъмати сабри ҷамилу таваллову тазарруи чандинсола! Вақте медиду мешунид, ки занҳои ҳамсоя аз рӯи пархоши бачаҳояшон дастбагиребонанду ҳақорату рӯйканию мӯйканӣ доранд ё номи модаронашонро гирифта дашному ҳақоратҳои мардона мекунанд (ҷанги занон қатли мардон гуфтагӣ барин, баъзан ин муноқишаву гуфтугузорҳо то шавҳарон ҳам рафта мерасид), модарам завқ бурда, ҳам механдиду ҳам нафрат мехонд, лаънат мегуфту ҳар ду тарафро ба муруввату мадоро ҳидоят мекард: 
«Эй беваи айғоқи ёсов (носара)-у беҳаё, дар исқотат равад ҳамон зормондаат, сари ду шӯра хӯрдӣ, ҳеҷ балот назад, ягон ҷоят кам нашуд, якбора хук ворӣ вармосидай (фарбеҳ шудай), мурдӣ ба ҳамон як дашномаки ширинаки кӯдак ё ай сарат сабил монад, кам мешавад!...» – сарзаниш мекард Моҳсафарро, ки бистару болини ду шавҳарро дидаву саришта карда, онҳоро ба хок супурда (гӯронда), сеюмашро рӯ ба гурез (яъне ба ҷон) оварда, дар деҳа бо номи «зани шӯкуш» машҳур буд.
 
«– Эй хола, (ҳ)олӣ мебинамат, Худованд яке ба рӯят хандаду соҳиби бача шавию ҳақорати як сағераи хилмаку ҳаромии аз даҳанаш бӯи ширу аз пушташ бӯи сиба меомадаро шунавӣ, қаҳру ғазабат омада, аламат мекунаду баъд мефаҳмӣ» – мегуфт Моҳсафару мешунавид таманною ҳушдору кинояи занҳои ҳамсояро.
«– Ай гапат дар даҳанат қандалот бигарда, Моҳсафари ҷоне. Забони ширинта бухӯруме, кошки, гуфтаи ту шавад! – якбора механдиду завқ бурда, хушҳолӣ мекард модарам. –Ана ҳамин гапамро дар ёдат бигир, Моҳсафар!  Агар Парвардигор раҳми маро ҳам хӯраду дар қадам афтаду ҳомиладор шаваму..., яке бача ба дунё ояд, эҳ, Худоҷон, кош орзуҳоям ҷомаи амал пӯшане, ба гӯшҳоям шунавам, ки касе очаи бачама дашном кардааст, худро хушбахттарин модари дунё медонам, дилам об мехӯрад, гӯшҳоям кушода мешаванд, орзую ҳавасҳоям мешикананду ба номаш як тоқии чакани гулдӯзӣ дӯхта, худам дар сараш  мемонам, эй кош он рӯз...» – ана ҳамин тавр, дар ҳузури ҳама ваъдаву қавл дода будаанд раҳматии модарам.
Бисёриҳо ин орзуву ҳавасҳои модарамро шунида, завқ бурда хуб хандиданд ва он зуд аз даҳон ба даҳон гузашта, дар деҳа паҳн шудааст. Ин муноҷотро ба хотир оварда, мегӯянд, ки фариштаҳо ҳавасу таманнои ҳамсояҳо, зораву таваллои модарамро шунида, “Омин!” гуфтаанду раҳми Парвардигори мо омада, он рӯз фаро расидааст: – ана ман – Собирҷон, ба дунё омадаам! Лекин ваъдаву қавли модарам бо мурури замон аз хотиру хаёли ҳамсояҳо фаромӯш шуда рафтааст.
...Назар ба гуфти шоҳидони воқеа (худ ёд надорам),тахмин чорсола будаам, ки бо бачаи шашсолаи ҳамсояи дарбадевор – Салимшо, ҳангоми бозии чиликдангал, гапҳоямон “гурехтааст” – у дастбагиребон шуда, очаҳои ҳамдигарро дашному ҳақорат кардаем. Ин манзара дар нигоҳи модаронамон аз оғоз то анҷом пинҳон намондааст. Модари Салимшо, Худо раҳматаш кунад, холаи Мисқолбӣ, ки ин лаҳза дар нонпазхона нон мепухтааст, ҳақорати бачаашро шунида, аловросткун сари даст: – “Ай ҷувонамарг шавие, ай сарат сабил монад исқотиате, очаи Собирҷон ҳам очаат мешавад, ширхӯрдаен, ширдаҳанат кардааст,  осӣ шудӣ, ин чӣ гапе буд, ки гуфтӣ!...”– гӯён..., вале, ҳамзамон, очаи   ман бошад, тоқии чакани гулдӯзӣ сари даст, мисли он ки мурғи бахтатро бо ҳавас пайгиру доштан мехоҳӣ, шоду хандон Салимшоро думболагир кардаанд. Аловросткуни партофтаи холаи Мисқолбӣ гирди гардани Салимшо як давр гашта, ба пойҳояш печидаасту ӯро ба замин афтондааст. Хестанӣ шудааст, ки аз модараш боз чанд шапалоқи дигар хӯрда, сараш чарх задааст. Модарам базӯр Салимшоро аз чанголи холаи Мисқолбӣ раҳо карда, ба сари лучаш тоқии чакан монда, аз рӯяш модарвор бӯсидан гирифта, бо овози баланд шунавондааст: “– Эй Моҳсафар, рӯта Худо бина, дар куҷоӣ?! Ман модари хушбахтам! Ана Худованд худаш шоҳидай – диду медона, ки ба аҳдам вафо кардам...!”
Ин ҳодиса чанд рӯзи дигар мавзуи гуфтану хандидани мардуми деҳа, бахусус занҳо, шудааст. Салимшо бошад, бо ташвиқу ҳидояти модараш бо гиряву зора барои носазо гуфтанаш аз очаам узр хоставу тавба кардааст. Ман ҳам  бо ҳидояти модарам бо гиряву зорӣ аз холаи Мисқолбӣ узр хоста, минбаъд акаву додар шудем...
Баъди ин ҳодиса бачаҳои деҳа дер боз байни худ  шӯхиомез мегуфтанд: – “Агар касеро тоқии нави чакан форад, мисли Салимшо бо Собирҷон ҷанг карда, очаша дашном диҳад...”.
 
* * *
Баъди пазмониҳои дидори модар, зимни суҳбатҳо, аввал аз навигарию хурсандиҳои ҳамсояҳову мардуми деҳа ҳарф зада, ба саволу пурсишҳоям кӯтоҳ ҷавоб медоданд. Аз бахти сиёҳи духтаракону вайронии оилаҳои ҷавон дарун-дарун месӯхтанду  беовоз мегиристанд.”Аз вайроншавии як оила ҳафт қабати замину осмон ба ларза меояд” – бо таассуф мегуфтанд модарам. Дар ин ҳолатҳо мехостам дарду ҳасраташонро то ҳадде камтар гардонаму таҳаммулпазир бошам.
– Оча, як гап мегӯям, бовар бикун. Агар ҳамин мардуми моро муҳити оилавиашон тинҷу ором бошад, ба номи Худо қасам, аз як аср ҳам зиёд умр мебинанд. Аҷаб не, кишвари мо дар умрдарозӣ ҷои аввал ё дуюмро гирад дар дунё.
– Нафаҳмидам, бачам,чӣ мегӯӣ!
– Мегӯям, ки келину домоду хусуру хушдоман бо ҳам ба муросою мувофиқа оянд, яъне хушу хурсанд зиндагӣ кунанд, умри дароз мебинанд. Ана баъд, олам гулистон мешавад!
– Аҳ намешавад, бачам, ту мегӯӣ, ай рӯзе, ки  дунё  бино ёфтааст, барои келину хушдомани бо ҳам дӯсту муносиб ва намуна як тахти заррин сохтаанд. Намедонам, чанд вақте гузашта бошад ҳам, афсӯс, ана  ҳамон тахти заррин то ҳол холист, соҳибашро наёфтааст!
– Соҳибашро меёбад, оча, ман медонам, Худо хоҳад, он тахти заррин насиби очаҷони ман ва келинашон (манзур ҳамсарам) мешавад. Барои ҳамин холист то ҳол, – гуфта модарамро ба оғӯш мегирам. 
– Э не, бачаме, – дарав (зуд) бо худ чеҳраи хандон гирифта, табассум дар лабон завқ  мебаранду механданд модарам, – хестӣ,  ки хобӣ, ӯ тахти заррина ду булак карда нашавад. Сағера, як гапҳое мезанӣ ки, о хушдоман дар машриқу келин дар мағриб! Масхарабозӣ  мекунӣ? 
– Мешавад, оча! Агар нашавад, ба мислаш як тахти заррини дигар месозем.
– Бисоз, насиб кунад, бачам, бисоз, сохтӣ, аввал занатро ба он бишинон ва то омадани ман худат  дар бараш бишин! Ман аз шумо гиламанд нестам, дар тақдирам чизе бошад, ҳамона мебинам.  
Модарам зинҳор намехост, ки мо (писари ягонаву келинаш) ҷигарпораҳо – набераҳояшро, мисли он ки чӯҷаҳои кабутарро аз лонааш, аз зери қаноти гармаку нармакаш уқоби бераҳме омада мерабояд, рабуда, шаҳрию шаҳрнишин шавем.
"Равед, ҳар куҷое дилатон мехоҳад, зиндагӣ кунед, роҳи сафед! Худованди мутаол  дар паноҳи исматаш  нигаҳбонатон, лекин..., лекин пораҳои дилам, ҷону ҷигарома (манзур набераҳо) аз ман ҷудо накунед. Агар карданиед, аввал маро дар Дашти Дилӣ (мазори деҳа) бурда зинда тайи хок кунеду баъд..." ҳамон суханоне, ки як вақтҳо аз дарду алама шунавонда буд, боз  хонда мешуд аз чеҳраву нигоҳу чашмони лъқи оби модарам. 
Ёд дорам, чанд сол пеш, ҳине ки аввалин бор бо келину набераҳо аз ҳавлӣ мебаромадему озими шаҳр мешудем, хостам дуову фотиҳаи модарро бигирам. Аввал рӯ ба қибла гашту бо димоғи чоқ, чеҳраи кушода, бо ғайрату неруи пирона: –”Илоҳо омин, хайрияти сафар, сафар бехатар, Хӯҷаи Хизр роҳбар...” гуфту дигар овозаш аз гулу набаромад, дасти дуои модар дар ҳаво муаллақ монда, дарду аламу  ғусса гулугираш кард, орзую муродашро ба дил гуфту кафи дастонашро хомӯш ба рӯй кашида,  ғаму ҳасрату меҳри дар қалбаш бударо бо ашки чашмонаш берун баровард. Рӯ - рӯи рухсораҳои гандумии пурожангаш ашки меҳру муҳаббату фироқ шашқатор метаровид. Ҳис мекардам, ки аз барои ғами мо синаи модар танг аст. Танҳо набераҳо шодию хурсандӣ мекарданд. Худам ҳам дар ҳолати ногувору риққатангезе  намедонистам модарамро чӣ гуна таскину тасалло бахшам. Беихтиёр ба оғӯшаш  гирифтаму аз чашму аз рӯи ашкбору пичаҳои сафеди нуқрафомаш бӯсидаму бӯсидам, рӯямро бо ашки чашмони модар шустаму шустам. 
Чандест ҷасади наҳифи кампир дар мазори Дашти Дилӣ ба хоби абад рафтааст, вале ҳар гоҳе ба деҳа–қадамҷои модар рафтанӣ шавам, дар назарам пайкари зиндаи модар назди дарвозаамон истода, чашм ба роҳ ҳанӯз ҳам  интизори мост...
 
Карим  ДАВЛАТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Санаи нашр: 25.07.2023 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив