ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «CAFA FUTSAL CUP-2023»

«CAFA FUTSAL CUP-2023»

26 июл 2023, Чоршанбе
10
0
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм
24 июл мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври дуюми мусобиқаи байналмилалии «CAFA Futsal Cup-2023» тими Туркманистонро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. 
Бино ба иттилои ФФТ, Афғонистон бар Ӯзбекистон бо натиҷаи 4:3 ғолиб омад. 
Мунтахаби Эрон дастаи Қирғизистонро мағлуб кард (1:0).
Пас аз ду давр тими Афғонистон бо 6 хол дар садри ҷадвал аст. Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Турк-манистон ва Эрон се холӣ доранд. Мунтахаби Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охир мебошад. 
 
 
ТЕННИС 
Аз ғалабаи Рублёв дар ATP-250 то радабандии нави ATP ва WTA
Дар финали мусобиқаи ATP-250 дар шаҳри Бостади Шведсия теннисбози рус Андрей Рублёв бар Каспер Рууди норвегӣ бо ҳисоби 2:0 (7:6 (7:3), 6:0) ғалаба кард.
Бар пояи маълумоти сомонаи news.sportbox.ru, барои Андрейи 25-сола ин 14-умин ҷоиза дар корномаи варзишиаш ба ҳисоб меравад. Ӯ соли равон дар мусобиқаи “Masters” (Монте-Карло) низ беҳтарин шуда буд. 
* * *
Дирӯз Ассотсиатсияи тенниси касбӣ (ATP) радабандии нави ҷаҳониро нашр кард, ки Карлос Алкараси испанӣ бо касби 9375 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. 
Новак Ҷокович (Сербия, 8795 хол) ва Даниил Медведев (Россия, 6520 хол) дар мавқеъҳои дуюму сеюм мебошанд. 
Ба даҳгона инҳо шомиланд: Каспер Рууд (4905, Норвегия), Стефанос Ситсипас (4850, Юнон), Холгер Руне (4825, Дания), Андрей Рублёв (4730, Россия), Янник Синнер (3975, Италия), Тейлор Фритс (3310, ИМА) ва Фрэнсис Тиафо (3130, ИМА). 
Дар радабандии нави ҷаҳонии Ассотсиатсияи тенниси бонувон (WTA) мавқеи аввалро Ига Швёнтек (9315 хол, Лаҳистон) касб мекунад.
Арина Соболенко (8845, Беларус), Елена Рибакина (5465, Қазоқистон), 
Ҷессика Пегула (5395, ИМА), Каролин Гарсия (4865, Фаронса), Онс Жабер (4846, Тунис), Кори Гауфф (3390, ИМА), Петра Квитова (3341, Чехия), Мария Саккари (3310, Юнон) ва Маркета Вондроушова (3106, Чехия) дар қатори даҳгонаи беҳтаринҳо қарор доранд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 25.07.2023 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив