ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат

Иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат

13 феврал 2023, Душанбе
24
0
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони зилзилаи шадид дар Ҷумҳурии Туркия ёрии башардӯстона фиристода шуд. Кумаки мазкур аз маҳсулоти зарурии  хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон ва оби нӯшокӣ, иборат мебошад.
Дар баробари ин, ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи музофоти гуногуни Туркия либосу пойафзоли зимистона, хайма,  кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ҷиҳози хӯрокхӯрӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ дастрас мешавад. Ҳаҷми умумии ёрии башардӯстона наздик ба 100 тонна мебошад.
Инчунин, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия иборат аз 50 наҷотдиҳандаи ботаҷриба, ҷарроҳ ва духтур – травматолог (шикастабанд) фиристода шуд. Кумак бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ омода гардида, тавассути ҳавопаймои махсус бо ҳайати расмӣ ва гурӯҳи наҷотдиҳандагон аз ҷониби сохторҳои дахлдор ба Туркия фиристода шуд.
 
 
 
Изҳори тасаллият ба мардуми Туркия
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар  Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуда, дар робита ба заминларзае, ки субҳи 6 феврал дар қисми ҷанубу шарқии Туркия ба вуқуъ пайваст ва боиси талафоти зиёди ҷонию молӣ гашт, ҳамдардиву тасаллияти мардуми тоҷикро расонд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати муваффақонаву некбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодисаи табиӣ ҷиҳати расондани ёрӣ ва сафарбар намудани гурӯҳи наҷотдиҳандагон омода буда, минбаъд низ, дар ин самт чораҳои мушаххас меандешад.
Инчунин, вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин низ, дар Сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе паёми ҳамдардиро ба давлат ва мардуми Туркия дар китоби таъзия, ки ба ин муносибат, дар Сафорат боз шуда буд, дарҷ карда, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷруҳон шифои комил орзу намуд.
 
 
 
ДУШАНБЕ 
Ғолибони озмунҳои шаҳрӣ қадр мешаванд
Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2022» 10 ҳазор сомонӣ, «Омӯзгори сол-2022» 10 ҳазор сомонӣ ва «Хонандаи сол-2022» 6 ҳазор сомонӣ дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мешаванд. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, – хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр.
Қарори мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, омӯзгорон ва мураббиён буда, ғолибони ин озмунҳо дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Омӯзгори сол-2022» аз 15 то 17 декабри соли 2022 баргузор гардид, ки дар даври шаҳрии он омӯзгори фанни забони англисии Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фарангез Оддиева сазовори ҷойи якум шуд.
Мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Малика Саидова дар даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2022», ки моҳи декабри соли 2022 баргузор гардид, сазовори ҷойи якум шуд.
Дар даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2022» хонандаи Гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ Иброҳим Одинаев сазовори ҷойи якум гардид.
 
 
 
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дар асоси мувофиқаи бо роҳи дипломатӣ бадастомада дар шаҳри Бишкек аз 3 то 9 феврали соли 2023 вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, аз натиҷаи вохӯрӣ протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Санаи нашр: 10.02.2023 №: 33
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив