ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БӮСТОН.  ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ "ARTEL"

БӮСТОН.  ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ "ARTEL"

26 июл 2023, Чоршанбе
18
0
Имрӯз бо шукргузорӣ аз осудагиву оромӣ ва соҳибистиқлолии кишвар мардуми сарбаланди вилояти Суғд, чун дигар сокинони саодатманду шарафманди диёрамон, дучанд меҳнат намуда, ба натиҷаҳои назаррас муваффақ мегарданд.
Дар ин раванд, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон  аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. 
Бахшида ба пешвози Ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонию савдо, аз ҷониби соҳибкорони  саховатпеша ва сармоягузорон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бунёд гардида истодаанд. 
 Дар ин росто, чанде пеш бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода дар шаҳри Бӯстон маркази хизматрасонии "Artel", ки дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров ҷойгир аст, ба истифода дода шуд. 
Тибқи иттилои масъулон, маҳсулоти истеҳсолии ширкати "Artel" аз соли 2019 инҷониб дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешавад ва  солҳои охир ба шарофати сиёсати дӯстонаву хирадмандонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев фаъолияти ширкати мазкур густариш ёфт. 
 Ширкати "Artel"  то ин дам зиёда аз 300 нуқтаву марказҳои фурӯши худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, азм дорад, бовариву эътимоди мизоҷонро дар бозорҳои дохилу хориҷ ба даст орад. 
Зимни суханронӣ Нигорахон Ғаффорзода ин тадбири соҳибкорони ватандӯстро яке аз қадамҳои устувор дар амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва тадбирҳои иҷрои Солҳои рушди саноат (2022-2026) унвон дода, изҳори миннатдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстонро баён намуд.
Дар навбати худ, соҳибкорону сармоягузорон барои дастгириҳои пайвастаи давлат ба роҳбарияти олии кишвар изҳори сипос карданд.
 
Саъдулло МАХКАМОВ,  рӯзноманигор
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив