ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУШДИ САЙЁҲӢ РУШДИ ТОҶИКИСТОН АСТ

РУШДИ САЙЁҲӢ РУШДИ ТОҶИКИСТОН АСТ

26 июл 2023, Чоршанбе
76
0
 
Баъд аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон ҳамчун соҳаи асосии рушди иқтисодӣ ва фароҳамории ҷойҳои нави корӣ табдил ёфт. Аз ҷониби дигар, метавон гуфт, ки  ҷаҳонишавии босуръат ва равобити мунтазам бо кишварҳои хориҷӣ ба инкишофи ин соҳа заминаи мусоид гузошт. Бинобар андешаи мутахассисон, дар ҳолати дуруст ба низом даровардани рушди сайёҳӣ дар мамлакат, ин соҳаи манфиатнок метавонад дар солҳои наздик 25 дарсади даромади Тоҷикистонро таъмин намояд.
Албатта, инчунин, ҷаҳонишавии илму фарҳанг, иқтисодиёту савдо низ ба рушди бемайлону босуръати сайёҳӣ заминаи васеъ фароҳам овард. Тибқи омори байналмилалӣ, аз 1/3 қисми аҳолии сайёраамон имрӯзҳо хоҳиши ҳамешагии саёҳат доранд. Бар замми ин, фаъолияти зиёда аз 250 миллион нафар аҳолии ҷаҳон бо ин ё он андоза ба сайёҳӣ марбут аст. Инчунин, беш аз 15 мамлакати олам рушди иқтисодиёти худро  ба ин соҳа вобаста медонанд. Ҳамзамон, даромади ин гуна  давлатҳо аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ нисбат ба содироти мол 4,5-5 маротиба бештар мебошад. Ба ғайр аз ин, ҳиссаи сайёҳӣ 8 дарсади ҳамаи маблағгузорӣ ва 5 дарсади андози ҷаҳониро ташкил медиҳад. Хусусан, сокинони мамлакатҳои қитъаи Аврупо ва Амрикои Шимолӣ мехоҳанд, ки вақти рухсатии худро берун аз кишварҳояшон гузаронанд. Бояд гуфт, ки ба ин гурӯҳ қариб 7 дарсади аҳолии ҷаҳон шомил мешавад. Бино ба маълумоти мавҷуда, беш аз 8 дарсади аҳолии Амрикои Шимолӣ ва қариб 12 дарсади захираҳои меҳнатии мамолики Аврупо ба ин соҳа банд мебошанд.
Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дорои иқтидори бузургу дилрабои мафтункунанда дар соҳаи сайёҳӣ ва, ҳамзамон, таҳкими саломатӣ мебошад, пас, дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонӣ, бунёди инфрасохтори воқеӣ метавонад, ки на танҳо талаботи сайёҳони дохилӣ, балки ҳамсояҳои наздик ва сайёҳони дури хориҷиро низ, қонеъ гардонад. Аз ҷониби дигар, сарзамини тоҷикон аз қадимулайём чорроҳае ба шумор мерафт, ки Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимолро бо ҳам мепайваст. Савдогарону бозоргонон тавассути Роҳи Абрешим ба мамолики дуру наздик рафтуомад мекарданд ва аз сафарҳои худ ва диду боздидҳояшон ба ҳамдигар нақлу ҳикоятҳо мекарданду шуълаи сайру сайёҳӣ ва тиҷорату бозоргониро ба дили дигарон меафрӯхтанд.
Таҷрибаи аксари давлатҳои мутараққии қораи Осиёву Аврупо собит намудааст, ки дастгирӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ барои давлат аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоиро доро гардидааст.  Кишвари мо имкониятҳои зиёди рақобатпазири соҳаи сайёҳиро доро буда, дар фазои сайёҳии ҷаҳон метавонад мақоми устуворро касб намояд. Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари амну бехатар  барои истиқболу пазироӣ ва сайругашти бемамонияти сайёҳони хориҷӣ мебошад. 
Дар шароити ҳозираи иқтисоди бозоргонӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ мавқеи махсус пайдо карда, дар самти рушди иқтисоди миллии кишварҳои ҷаҳон нақши басо бориз мебозад. Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, даромади умумӣ аз ҳисоби сайёҳии байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳон ба 1,5 триллион доллари амрикоӣ  баробар гардид, ки 10 дарсади ММД-и ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба 1,2 миллиард  нафар расидааст. Давоми як сол ба ҳисоби миёна аз ин ҳисоб Аврупо 509 миллиард доллар, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 177 миллиард, Испания 65 миллиард ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 57 миллиард доллар даромад ба даст овардаанд. Ҳамзамон, беш аз 30 дарсади содироти хидматрасонии ҷаҳонӣ ба ин навъи фаъолият рост меояд, ки онро ҳамчун манбаи устувори иқтисодӣ инъикос менамояд.                                                       
 
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,
Райҳон МИРЗОЕВА, 
кормандони раёсати Академияи миллии  илмҳои  Тоҷикистон
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив