ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЯК ОЯИ ОЖАНГ

ЯК ОЯИ ОЖАНГ

26 июл 2023, Чоршанбе
17
0
(Барои модаркалонам)
 
Кӯдак будам, ту навҷавонам кардӣ,
Роҳӣ ба ҷаҳони бекаронам кардӣ.
То чун нигаҳи ту дур парвоз кунам,
Дар лонаи чашми худ калонам кардӣ. 
 
Садбарги рухат гирифт хатти ожанг,
Рӯят нақшест аз Забуру Аржанг.
Тафсир агар кунанд, бешак, гардад
Як ояи ожанги ту садҳо фарҳанг. 
 
Меҳрат шуда боис сари болои маро,
Панди ту намуда раҳи фардои маро.
Лабханди ту то абад намояд рӯшан
Монандаи Офтоб дунёи маро.
 
СУБҲИ СИЁҲИ ИД 
Як даста гули сафед чидам саҳарӣ,
Бо суръати набзи худ давидам саҳарӣ.
Хушбахти хаёлу хушдимоғ аз гулҳо
Бар хонаи модарам расидам саҳарӣ. 
 
Афсус, ки дар хона набуд хуршедам,
Чун шом бишуд сиёҳ субҳи идам.
Месӯхт чу дил дастаи гул дар дастам,
Аз дида ба рӯяш об мепошидам.
 
АЗО
Ману акси туву рӯзи сиёҳам,
Ману як синаи сангин зи оҳам.
Ба чашмам айнаки торик мондам,
Азо пӯшид баъд аз ту  нигоҳам.
 
СУБҲИ МИЛОД
Надорад субҳи мелодам сафое,
Ки аз хуршеди ман н-ояд садое,
Ки хуршедам ғамамро мепароканд
Ба як лабханду бо дасти дуое.
Маро ҳар ҷо канори хеш мебурд,
Чаро ин бор кард аз ман ҷудоӣ.
Чаро рафту чаро аз ман баҷо шуд,
Набуд ӯро зи ман ҳарфи баҷоӣ.
Кунам аз духтарону хоҳаронаш
Ба чашми обрав модаргадоӣ.
Ба хобам кӯдакӣ дишаб чунин гуфт,
Ки, модар, рафтаӣ, дигар наоӣ.
Ниёзе нест бар умри дарозам,
Чӣ бошад зиндагӣ бе рӯшноӣ?!
Барои худ таманноям чунин аст,
Ки ёбам дар бари ту хокҷое.
 
Бузургмеҳри ҲАКИМ
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив