ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

26 июл 2023, Чоршанбе
17
0
ДУЗДӢ
Боздошти ҷавоне, ки қаблан дар Россия ҳам суд шудааст
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ҷавони 22-солае ба гумони дуздӣ хабар дод, ки қаблан дар Федератсияи Россия суд шудааст. 
Шахси гумонбар ба содир намудани ҷинояти дуздӣ сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, 12 июни соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мошини марбут ба марди 27-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар назди бозори “Саховат”-и пойтахт қарор дошт, 9700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
 
 
 
ҚАЛЛОБӢ
366 ҳазор сомонӣ  чӣ гуна ба боди  фано рафт?
Нисбат ба як сокини шаҳри Истаравшан бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, нафари гумонбар ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ (марди 47-сола) моҳи феврали соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии сокини дигари ҳамин шаҳр даромада, бо баҳонаи хариди манзили истиқоматӣ аз шаҳри Хуҷанд аз ӯ 366 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Вале ин маблағро ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, то ҳол ба аҳди худ вафо накардааст.
 
 
 
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ
Дар Шаҳритус  зани ҷодугарро  ҷазо доданд
Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритус зимни як амалиёт муайян карданд, ки зане дар деҳаи Хокак ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.  
Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки ин зан бо исми Гулбаҳор Исимова дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру фолбинӣ даст зада, бо истифода аз ашёи гуногун, ба монанди шамъу ришта ва қуфлу калид гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшидааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Гулбаҳор Исимова бо моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода, нисбаташ ҷазои муайян татбиқ карда шуд. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
 
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив