ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАЗИЛАТ

ФАЗИЛАТ

31 июл 2023, Душанбе
32
0
 
Бибии Фазилат. Ин номи азизро дар баробари номи модараму бибиям ба забон мегирам, ҳарчанд ӯ модаркалони шарикдарсам Муслим буд. Ягона фарзанди бибии Фазилат, гулдухтари беҳтар аз ҷонаш, яъне модари Муслим, бармаҳал вафот мекунад. Бо маслиҳати бибии Фазилат падари Муслим бори дигар оила барпо мекунад ва дар тарбияи ояндаи ӯ модарандар бояд масъул мегардид. Бибии Фазилат чашми онро надошт, ки зани бегона духтарашро дар меҳру вафо иваз карда метавонад. Аз ин сабаб, ягона нишонаи духтараш – Муслимро худ ба оғӯши меҳр мегирад.
Мо чанде аз шарикдарсони Муслим ҳангоми донишҷӯӣ бо ҳам унс гирифта, аксар рӯзҳои тиллоии он солҳоро якҷо мегузарондем. Борҳо ба хонаҳои якдигар меҳмон низ шудаем. Рустои Муслим дар маҳали хушманзари кӯҳистон, дар ноҳияи Вахш воқеъ буд, хусусан баҳору тобистон ҷолибу тамошобоб мегашт. Номи шоирона дошт он ҷо – Гулисурх. Вақти таътил бештар меҳмони Муслим ва модарбузургаш – бибии Фазилат мегаштем. Меҳмонию пазироии бибӣ минбаъд бароямон хотироти неке боқӣ гузошт. Ба ҳавлӣ даромадан замон, бибӣ ба пешвоз омада, аз пешонӣ ва китфони ҳар яки мо бӯса карда, бо дастони дурушту меҳнатдида, ки бароямон чун абрешим нарму маҳин менамуд, бо силаи сару рӯямон ба такрор мегуфт: «Хуш омадед, ҷӯраҳои набераам!»
Баъзан мо дар боғ суҳбат карда, беихтиёр рӯйи сабзаи тар менишастем. Бибии Фазилат кӯрпа дар даст назди мо ҳозир шуда, онро болои сабзаҳо паҳн мекард. Мегуфт, ки аз сабзаи тар ва замини пурнам бемор шудан мумкин. Аз назди мо намерафт, то даме ки рӯйи кӯрпа нанишинем. Субҳгоҳон баъди шустани дасту рӯй гирди дастархон менишастем. Бибии Фазилат мегуфт, ки ҳоло бароятон шири гарм меорам. Назди ҳар яки мо косаҳои шири гарми ҳаловатбахш мерасиданд. Ҷойи косаҳои холишудаи ширро лаъличаҳои саршир (қаймоқ), меваҳои тару хушк, кулчаю чапотӣ мегирифт. Бо лутфу эҳтиром ба хӯрок таклиф менамуду ноаён аз хона берун мешуд, то мо худро озод ҳис кунем. Бафурҷа ва дулунҷа хӯрок хӯрем. Аҷиб зани дурбину рамузфаҳм буд, ӯ.
Бибии Фазилат кам ҳарф мезад, бештар моро дӯстдорӣ мекард. Гусели мо чун пешвозгирӣ самимӣ ва модарона буд. Ӯ ҳар яки моро аз пешонӣ ва китфон бӯсида, бо дастони дурушт, ки бароямон чун абрешим нарму маҳин менамуд, сафари бехатар мехост ва дасти дуояш ҳанӯз ҳам дар ёдамон аст. Рафта-ратфа мо ҳам ба ӯ одат кардем. Мисли модаркалон меҳраш ба диламон нишаста буд.
Баъди хатми донишгоҳ бо васияту маслиҳати бибии Фазилат тӯйи арӯсии Муслим барпо шуд. Он рӯз барои бибиҷон ҳам тӯй ва ҳам идро мемонд. Дар назари мо бибиҷон чанд сол ҷавон шуд, чақону серҳаракат ва бардаму хушҳол буд. 
Пас аз ба ҳавлӣ овардани арӯс бибии Фазилат гуфта буд: «Ба орзуи дерина расидам ва таваллуди писари Муслимро бинам, аз дунё беармон меравам». Мо ин суханони бибиро рад карда, изҳор доштем, ки баръакс, вақти истироҳати шумо расидааст, Муслим бо арӯсу фарзандон хидмати шуморо хоҳанд кард.
Баъди як сол Муслим соҳиби писар шуд. Ҳама рафта, ӯро табрик кардем, аммо баъди чанде хабари вафоти бибии Фазилат моро хеле ғамгин кард. Бо ҳар роҳ ба деҳаи Гулисурх, ба ноҳияи Вахш, ба ҳавлии пиразан худро расондем. Ба мазори деҳа рафта, назди манзили охирати ӯ дуову фотиҳа хондем. Ҳама бо сари хам муддате хомӯш нишастем, аммо хомӯшӣ ба ашк мубаддал шуд. Мо ҳама набераҳои бибии Фазилат барои чунин зани меҳрубон, хоксор, софдилу ғамхор ашки ҳасрат мерехтем. Ҳар яке аз некиҳо, меҳрубониҳои ӯ бо самимият сухан мекард. 
Воқеаи ба Ҳақ расидани бибиҷон ҳам аҷибу мармуз аст. Муслим рӯзи таваллуди нахустин фарзандашро ба ёд оварда мегуфт: «Шодию фараҳи модаркалонамро ҳадду ниҳо набуд. Фарзанди моро, абераашро ба гаҳвора хобонда, дасти дуо бардошт, ки умри хуш бинаду номбардори аҷдод бошад. Чанд муддат як паҳлуи гаҳвора ҷойи бибиҷонам буд. Гаҳвора меҷунбонд, абераашро навозиш мекард, аллаҳо месуруд. Як шаб ҳам паҳлуи абера хобид. Қарибиҳои субҳ аз хоб нахест, оҳиста ба ӯ наздик шуда дидем, ки беҳаракат шудааст. Чунон беозору маъсум ва ноаён ин дунёро падруд гуфтааст, ки фиғон аз дилу ҷигар мехезад».
Ин қиссаро шунида баландтару ошкоротар гиристем. Бибии Фазилат, дар ҳақиқат, бо фазилатҳои неку наҷиби илоҳӣ, бо ҳамон беозориву хушдилӣ ҷаҳонро тарк карда.
Рӯзи хайрухуш дар назди дарвозаи ҳавлии Муслим бибии Фазилат гӯё бори охир ҳар яки моро аз пешонӣ ва китфонамон бӯсида, бо дастони дурушт, ки бароямон чун абрешим нарму маҳин менамуд, сару рӯямонро сила карда, барои саломатӣ ва хушбахтии ояндаи мо дасти дуо мебардошт. Ӯ гӯё буду гӯё набуд. Барои мо афсонаи зебое шуда буд. Ҷойи чунин модарони бузургу дарёдил дар ҷону ҷигари ҳамаи мо, ки, аллакай, худ пирамардем, барои ҳамеша холист.
 
Аъзам МӮСОЕВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон
Санаи нашр: 31.07.2023 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив