ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОВАЛИНГ.  РОҲСОЗОНИ НОҲИЯ ДАР 6 МОҲ ЧӢ БУРДУ БОХТ ДОШТАНД?

ХОВАЛИНГ.  РОҲСОЗОНИ НОҲИЯ ДАР 6 МОҲ ЧӢ БУРДУ БОХТ ДОШТАНД?

31 июл 2023, Душанбе
15
0
Дар пайи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгард дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар ҳамин замина, дар ноҳияи баландкӯҳи Ховалинг низ барои сазовор пешвоз гирифтани 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ховалинг дар шаш моҳи сипаришуда як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба сомон расиданд.  
Тибқи иттилои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ховалинг Султон Каримов, дар шаш моҳи соли равон 57 километр роҳ таъмири ҷорӣ, тахту ҳамвор ва аз хоку лою сангрезаҳо тоза карда шуд. Инчунин, дар давраи зимистонгузаронӣ 196 километр роҳ  нигоҳубин шуда, рафтуомади бемамониати воситаҳои нақлиёт таъмин гардид. Дар баробари ин, дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта 30 аломати роҳ васл гардид, ки барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ мусоидат менамояд. 
Коргарон аз нарасидани техникаи роҳдорӣ мушкилӣ мекашанд, зеро Муассисаи мазкур барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 10 техника дорад, ки, мутаассифона,  6 адади он таъмирталаб ва танҳо 4-тоаш коршоям аст.  Кормандон иброз медоранд, ки дар сурати коршоям будани техникаҳои роҳдорӣ кори онҳо хубтару беҳтар мегардад. 
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳукумати маҳаллӣ барои зимистонгузаронӣ, соҳилбандӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ 189,8 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин маблағ мақсаднок истифода гардидааст. 
Дар баробари корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, кормандони Муассиса дар пайравӣ аз сиёсати ободкориву созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корҳои ободониро ба сомон расонданд. Қисман таъмир намудани бино ва деворҳои атрофи Муассиса, инчунин, ҷиҳати ҳуснафзоии сатҳи берунии идора шинондани ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва гулу буттаҳо илова ба нақша, аз ҷумлаи ҳамин ободкориҳо мебошанд. Дар баробари ин, дар якҷоягӣ бо кормандон дар қитъаи замини назди Муассиса картошка, пиёз ва лӯбиё кишт шудааст, ки барои хӯроки коргарон истифода мешавад. 
Маврид ба таъкид аст, ки нигаҳдорӣ ва сохтану асфалтпӯш намудани  роҳҳо симои ноҳияро куллан тағйир дода, онро боз ҳам зеботар кардааст.
 
Раҳмия ПУЛОДЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.07.2023 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив