ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚУДРАТ ДАВЛАТЗОДА: “ПАЙИ ТАТБИҚИ СЕ ЛОИҲАИ БУЗУРГЕМ”

ҚУДРАТ ДАВЛАТЗОДА: “ПАЙИ ТАТБИҚИ СЕ ЛОИҲАИ БУЗУРГЕМ”

31 июл 2023, Душанбе
13
0
Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки айни замон дар Донишгоҳ ду лоиҳаи фармоишӣ аз ҳисоби буҷет ва як лоиҳа аз Фонди президентӣ маблағгузоришаванда татбиқ шуда истодаанд. 
 
Ҳамчунин, дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ ду лоиҳаи ҷорӣ, бо ёрии техникии Бонки осиёии рушд як лоиҳа ва Агентии ТИКА як лоҳиа пайи татбиқанд.
Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 18 устоди Донишгоҳ рисолаи илмии худро дифоъ кард, ки яке рисолаи докторӣ аст.
Дар Донишгоҳ 845 донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Туркия, Эрон ва Россия ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 15 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд.
 
Лола РИЗОӢ
Санаи нашр: 31.07.2023 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив