ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА ҶАВОБГАРИИ 166 ШАХСИ МАСЪУЛ

БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА ҶАВОБГАРИИ 166 ШАХСИ МАСЪУЛ

31 июл 2023, Душанбе
44
0
  
Дар корхонаву иншооти таҳти назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ тайи шаш моҳи соли равон 30 ҳодисаи нохуш рух дода, 26 кас ҳалок ва 21 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 13 воқеа зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ сардори Хадамот Раҳим Санъат Асо маълумот дод.
 
Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, сарфи назар шудани технологияи коркарди кон, ҳамчунин, норасоии мутахассисони соҳавӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2 827 корхона ва 12 127 иншоот сабти ном шудааст. Аз ҷониби ҳашт нозироти давлатӣ ва се нозироти комплексии бехатарии саноатӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар корхона ва иншооти бақайдгирифташуда, 117 назорати техникӣ, 100 нақшавӣ ва 17 назорати ғайринақшавӣ гузаронда шуда, 902 банди қоидавайронсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошкор гашт. Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 166 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои сабтшуда, ба маблағи 890 204 сомонӣ ҷарима шуд, – гуфт Раҳим Санъат Асо.
 
Кароматулло АТО
Санаи нашр: 31.07.2023 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив