ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ

ҶОМИ КУШОДИ ОСИЁ

31 июл 2023, Душанбе
5
0
Дзюдочиёни наврасу ҷавони тоҷик  11 медал гирифтанд
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон (27-30 июл, Тошкент, Ӯзбекистон) соҳиби 11 медал (1 тилло ва 10 биринҷӣ) шуданд. 
Бар пояи маълумоти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, нишони тиллоро миёни ҷавонон Абубакр Шеров (-73кг) ба даст овард. Мақомҳои сеюмро миёни ҷавонон Фазлиддин Садриддинзода (-66кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73кг), Сайфиддин Сайфиддинзода (-81кг), Умед Раҷабов (-90кг), Ҳабибулло Ашӯров (-100кг) ва Аҳлия Муминова (-52кг) касб карданд.
Байни наврасон Лоиқ Қутбиддинов (-55кг), Мадина Қурбонзода (-48кг), Муҳаммадин Лоиқов (66кг) ва Абдуҷалилзода Аминҷон (-73кг) ба гирифтани медалҳои биринҷӣ даст ёфтанд.
 
 
 
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023
Кадом дастаҳо ба даври 1/4  ниҳоӣ роҳ ёфтанд?
Дастаҳои “Истиқлол”, “Файзканд”, “Хатлон”, “Ҳосилот”, “Регар-ТадАЗ”, “Эсхата”, “Моҳир” ва “Равшан” пас аз ғалаба дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023 ба даври 1/4 ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.  
Тибқи иттилои ЛФТ, бозиҳо бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: “Истиқлол” – КМВА – 5:1, “Файзканд” – “Саройкамар” – 5:2, “Парвоз” – “Хатлон” – 0:2, “Ҳосилот” – “Барқчӣ” – 3:2, “Хуҷанд” – “Регар-ТадАЗ” – 1:1 (4:5 силсилаи пеналти), “Панҷшер” – “Эсхата” – 3:2, “Моҳир” – “Истаравшан” – 2:1 ва “Кӯктош” – “Равшан” – 0:3.
 
 
 
«CAFA FUTSAL CUP-2023» 
Тими Эрон – ғолиби мусобиқа
Аввалин Мусобиқаи байналмилалии «CAFA Futsal Cup-2023» (23-30 июл, Душанбе) бо ғалабаи мунтахаби Эрон (12 хол) ба анҷом расид. 
Медалҳои нуқра ва биринҷиро тимҳои Афғонистон (10 хол) ва Ӯзбекистон (9 хол) ба даст оварданд. 
Мизбони мусобиқа –Тоҷикистон (7 хол) ҷойи 4-умро гирифт. Дар мақоми  панҷум Туркманистон (6 хол) ва дар зинаи охир Қирғизистон қарор гирифтанд.
Ҳамин тавр, ҷоизаи «Fair Play» насиби тими миллии Тоҷикистон гардид. Беҳтарин нишонзани мусобиқа бо 5 гол Ҳусниддин Нишонов (Ӯзбекистон) гашт. Маҳдӣ Ростамӣ (Эрон) беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Беҳтарин бозигари мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» Алӣ Акрамӣ (Эрон) эътироф гардид.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 31.07.2023 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив