ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ. ФАЪОЛИЯТИ ДУ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МАНЪ ШУД

МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ. ФАЪОЛИЯТИ ДУ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МАНЪ ШУД

01 август 2023, Сешанбе
52
0
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2023 аризаи Прокурори генералӣ ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардида, фаъолияти сомонаи «Новый Таджикистан 2» боздошта шуд. Бар асоси ҳалнома, сомонаи мазкур ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф шуда, фаъолияти он дар мамлакат манъ гардид.
 
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, тамоми сомонаву вебсайтҳои ташкилоти мазкур ва саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни он, аз ҷумла: Suhrob Zafar, Умар Боев, Абдулло Ҳикматов, Парвиз Раҳимзода, Parviz Ashurov, Кундузхон Мамадалиева, Ховар Муродов, Курбонали Орипов, Сергей Буличёв, Немат Бегов, Grup-24, Қурбоналӣ Х. Қурбоналӣ, Фируз Мумин, Эмир Бахаддин, Изатулло Додобоев, Салмон Султонзода, Хикматулло Баходиров, Mansur Naimov, Хоҷа Абузар, Алихон Аюбхонович дар шабакаҳои иҷтимоии “Телеграмм”, “Фейсбук”, “Ютуб”, “Инстаграм” ва дигар сомонаҳои интернетӣ дар қаламрави Тоҷикистон баста шуданд. 
Ёдовар  мешавем,  ки  қабл  аз ин бо ҳалномаи Суди Олӣ (14 июни соли 2023) ташкилоти “Памир дейли нюс” (“Pamir Daily News”)  ё  “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он низ дар мамлакат манъ ва фаъолияти сомонаҳои интернетии ин ташкилот қатъ шуд.
Дар робита ба ин, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилотҳои экстремистӣ ва роҳбарону аъзои онҳо ғайриқонунӣ буда, мусоидат ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
 
Ф. ҶУМЪАЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив