ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЪМИНОБОД. АЗ АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ТО РУШДИ САЙЁҲӢ

МУЪМИНОБОД. АЗ АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ТО РУШДИ САЙЁҲӢ

01 август 2023, Сешанбе
26
0
 
Сокинони сарбаланди ноҳияи Муъминобод, чун дигар мардуми шарафманди тоҷик, истиқлоли давлатиро ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ ва арзиши бунёдӣ шинохта, ба дастоварду музаффариятҳои Тоҷикистони азиз дар замони соҳибистиқлолӣ арҷи бепоён мегузоранд. Зеро Тоҷикистон дар зарфи 32 соли Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои азиме дар сиёсати дохиливу хориҷӣ ноил гардида, ҳоло дар шоҳроҳи тараққиёт қадами устувор мегузорад.
Дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, сол ба сол рушду шукуфоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ таъмин мегардад. Чунончи, соли гузашта истеҳсоли ғаллаю лӯбиёиҳо ба 29164 тонна, сабзавот 14691 тонна, картошка 9804 тонна, мева 15694 тонна расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 890 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин марҳила кишти такрории зироатҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ба ҳавасмандии деҳқонон ва фаровонии бозори маҳсулот мусоидат кард. Дар ноҳия айни замон 4791 нафар фермерҳо бо рушди боғдорӣ, токпарварӣ, ғаллаю сабзавоткорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Саршумори занбӯри асал ҳоло ба 7627 оила расида, истеҳсоли маҳсулоти он ба 149 тонна баробар шудааст. Занбӯриасалпарварони мо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, азму иродаи қавӣ доранд, ки истеҳсоли асалро бештар намоянд.
Маҳз бо ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳи 46 километраи Муъминобод – Кӯлоб тармиму навсозӣ шуда, инак соли сеюм аст, ки дар хидмати мардум қарор дорад. Дар тавозуни роҳҳои ноҳия 169 километр роҳ мавҷуд буда, соли ҷорӣ 15,2 километр роҳ аз нав таъмир гардид. Аз ҷумла, мумфаршкунии роҳи Ғеш – Чилдухтарон дар масофаи 8,2 километр, роҳҳои дохилии деҳаи Ҳанатарош дар масофаи 2 километр ва мавзеи Тимтоил то роҳи асосии Чилдухтарон – Ховалинг дар масофаи 5 километр ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ҳамин ҳол, навсозии роҳи Чашмасор – Лангар дар масофаи 8,5 километр ба нақша гирифта шудааст, ки бо ба истифода додани он на танҳо рафту омади мардум ва тиҷорат беҳтар мегардад, балки ба ҷалби сайёҳон ва рушди туризм дар ноҳия мусоидат мекунад. 
Ноҳияи Муъминобод дорои зиёда аз 14 мавзеи таърихӣ, 20 макони тамошобоб, 4 хатсайр буда, сол ба сол шумораи сайёҳон дар ҳоли афзоиш аст. Чунончи, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба ноҳия беш аз 40 ҳазор сайёҳ, гардишгарон, шикорчиён омадаанд, ки қисме аз онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин замина, қарор аст, дар яке аз мавзеъҳои дилфиреби ноҳия осорхонаи экологӣ-биологӣ бунёд гардад, ки он ҳам ба рушди туризм мусоидат хоҳад кард. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нав-батиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 декабри соли 2022 чунин дастур доданд: «Дар се соли минбаъда барои бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ бояд ҷиҳати таъсис додани 30 парки технологӣ ва минтақаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат чораҳои зарурӣ андешида шаванд». Дар ин самт дар ноҳияи Муъминобод ҳам 21 корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад ёфт. Дар сохтмону бунёди чунин корхонаҳо, албатта, соҳибкорони ватанӣ ҳам саҳми бориз хоҳанд гузошт. Тибқи нақша, то соли 2026 корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ менамоянд, ки бештарашон ба соҳаи саноат тааллуқ доранд. Дар байни онҳо корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, гӯшти парҳезӣ ва маҳсулоти ширӣ, фарматсевтӣ, дӯхти либосҳо ва армуғонҳои миллӣ бартарият доранд. Бо сохта ба истифода додани корхонаҳои нав имкон фароҳам меояд, ки сокинон бо ҷойҳои нави кор ва шуғли пурмаҳсул фаро гирифта шаванд.
Бо итминони комил гуфта метавонам, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Муъминобод имсол Ҷашни Истиқлоли давлатиро бо руҳияи баланд ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол хоҳанд кард ва баҳри татбиқ намудани сиёсати созандаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ талош меварзанд.
 
Лутфия ШАРИФЗОДА, раиси ноҳияи Муъминобод
 
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив