ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛЕННИ МОНТИЕЛ

ХАТЛОН. МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ЛЕННИ МОНТИЕЛ

01 август 2023, Сешанбе
20
0
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ленни Монтиел мулоқот намуд. Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар ин самт миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Дафтари СММ дар Тоҷикистон изҳори андеша карданд.
Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои рушдёбандаи кишвар ба ҳисоб рафта,  шароити иқлими он имкон медиҳад, ки зироатҳои кишоварзӣ ба таври фаровон рӯёнда шаванд.  Ҳар сол кишоварзони вилоят ба хориҷи кишвар  беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот ва полизӣ, содирот менамоянд. Таъкид шуд, ки тавоноии зиёд кардани содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, махсусан сабзавоти барвақтӣ: пиёз, помидор ва бодиринг мавҷуд аст.
Давлаталӣ Саид вобаста ба дигар имкониятҳои мавҷудаи вилоят иттилоъ дод, ки барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, вилояти Хатлон бо табиати зебо ва обу чашмаҳои шифобахшаш барои рушди сайёҳӣ низ, имкониятҳои зиёд дорад.
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами андешаҳои худро баён дошта, иброз намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид баҳри рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ҳамеша омода аст ва мақсади ин мулоқот ҷоннок намудани ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошад. 
Зикр шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ  дар бахши хусусӣ дастрасиҳои зиёдеро фароҳам овардааст ва дар ин бахш ҳамкориҳои густурда роҳандозӣ мегарданд.
Дар таҳияи лоиҳаҳои ҷадид ва баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии вилоят ва таъмини технологияҳо ҳамкориҳо сурат хоҳанд гирифт.
– Мо барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ҷониби Шумо умедворем, – гуфт хонум Парвати Рамасвами. 
Зимнан, дар баромади худ роҳбари Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон аз таҷрибаи зиёди худ дар самти амалигардонии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон андешаронӣ карда, изҳори итминон намуд, ки бо истифода аз имкониятҳо ба хотири ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон омодаанд. 
Ҳамчунин, ӯ омодагии хешро ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳо дар самти бунёду навсозии роҳҳо дар вилоят изҳор намуд.
Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки дар самти бунёди корхонаҳои хурд лоиҳаи наверо таҳия кардаанд ва баҳри амалишавии он талош доранд.
Зикр шуд, ки агар ин лоиҳа татбиқ гардад, ҳазорҳо ҷойи нави кор таъсис меёбад. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив