ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ.  МАРОСИМИ ОЗМОИШИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ГУМРУКИИ АСИКУДА

ДУШАНБЕ.  МАРОСИМИ ОЗМОИШИ НИЗОМИ ИТТИЛООТИИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ГУМРУКИИ АСИКУДА

01 август 2023, Сешанбе
38
0
 
Дар шаҳри Душанбе маросими озмоиши Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд. 
 
Дар маросими озмоиши низоми мазкур роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид, бахши хусусӣ ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд. 
Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иброз намуд, ки бароҳмонии озмоиши Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар роҳи сода гардондани расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва тавсеаи ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қадами муассир аст. 
Бо мақсади иҷрои чорабиниҳои Барномаи рушди миёнамуҳлати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 оид ба такмили маъмурикунонии гумрукӣ, аз нимсолаи дуюми соли 2022 дар асоси созишномаи баимзорасида бо Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД), дар Хадамоти гумрук системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ, ҳамчун марҳилаи нави ислоҳоти гумрукӣ, амалӣ мегардад. 
Бояд зикр кард, ки системаи иттилоотии мазкур дар доираи бахши сеюми марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ мешавад. 
Системаи иттилоотии мазкур фарогири аксари расмиёти тиҷорати хориҷӣ буда, барои коркарди декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи он, баҳисобгирӣ ва назорати расмиёти транзит, нигаҳдории муваққатии мол ва автоматикунонии дигар расмиёти гумрукӣ пешбинӣ гардидааст. 
Система барои суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ тавассути автоматикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ равона шуда, бо ин роҳ, кам кардани хароҷоти маъмурии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва мақомоти давлатиро таъмин менамояд. Ҳамчунин, системаи мазкур ба ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ тавассути ҷамъоварии дурусти пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамояд.  
Мақсади амалисозии он дарёфти маълумоти муътамад ва саривақтӣ дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва омори фискалӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ, ки ба рафти банақшагирии иқтисодӣ мусоидат менамоянд, ба ҳисоб меравад. 
Татбиқи ислоҳоти гумрукӣ ва гузариш ба системаи АСИКУДА имкон медиҳанд, ки дар сатҳи миллӣ системаи пурраи электронии танзими гумрукӣ ҷорӣ гардад ва таҷрибаи муосиру пешқадами байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, беҳтар намудани назорати идорӣ ва афзоиши пардохтҳои гумрукӣ амалӣ карда шаванд. 
Иқдоми дигаре, ки дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” амалӣ мешавад, ин таҳияи Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Дастрасӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии тоҷирон, шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва татбиқи якхелаи қонунгузории гумрук муҳим буда, ба ҳадафҳои созишномаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат оид ба содагардонии расмиёти савдо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дастрасии озод ба иттилоот созгор мебошад. 
Бо ин мақсад, бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби ширкати ватании барномасоз системаи электронии ягона ва мутамарказ, ки дар он ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи гумрук ҷойгир шудаанд, таҳия ва марҳилаи озмоиши он роҳандозӣ гардид. 
Намояндаи  Бонки ҷаҳонӣ зимни суханронии худ зикр намуд, ки ислоҳоти соҳаи гумрук барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо ҷиҳати рушди рақамикунонӣ ҳадафи муҳим ба ҳисоб рафта, дар раванди озмоиши системаи АСИКУДА тамоми ҷонибҳои манфиатдор иштироки фаъол ва таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. 
Таъкид шуд, ки сарфи назар аз дастовардҳои соҳа, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷ ба технологияҳои муосир ва таҷҳизоти назорати гумрукӣ дорад. Вобаста ба ин, Бонки ҷаҳонӣ аз шарикони рушд даъват ба амал овард, ки дар самти мазкур дар оянда саҳми худро гузоранд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив