ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРОН СУЛҲ МЕХОҲАНД!

МОДАРОН СУЛҲ МЕХОҲАНД!

01 август 2023, Сешанбе
27
0
Шаҳписарам, тоҷи сарам, болу парам, Олимназарам! 
Ту дили модари ночоратро садпора карда, ба абадият сафар кардӣ. Вақте бори нахуст рахти сафар ба он дунё бастанатро дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон шунидам, сахт ба худ печидам, вуҷудамро изтиробу ҳарос фаро гирифт. Дунёи равшан торику зулмонӣ гардид. Гуфтам, акнун тамом, бе Олимназар наметавон зиндагиро идома диҳам, аммо тақдирро бубин, ки Худованд боз сабр ато фармуду зиндагӣ идома дорад.
Фарзанди ширини ту, ягона ёдгори бебаҳои ту бо мост. Қаҳрамониву талошу ғайрате, ки ту дар роҳи ватандорӣ аз худ нишон додӣ, боиси давоми ҳаёти ману падарат шуд. Давлату Ҳукумат, рафиқону ҳамсангаронат моро танҳо нагузоштанд.
Мусибати гароне, ки ба сари мо омад, танҳо як чиз ҷуброн карда метавонад: озодӣ. Озодие, ки барои миллат мисли обу ҳаво зарур буд. Озодии Ватан озодии фарзанди ту, дахлнопазирии ҳар ваҷаб замини Ватан, ки домони поки намозии ту буд. Танҳо ҳамин арзиши воло метавонад сабаби ҷонфидоӣ бошад, ки ту инро барвақт дарк кардаӣ!
Вақте ба ту рутбаи подполковникиро дар Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд, аз хурсандӣ ба курта намегунҷидем. Сарамон ба осмон расид, ки шербачаи мо дар соҳаи ҳарбӣ ба зинаҳои болотар мерасад, аммо мо дар чи хаёлему фалак дар чи хаёл. Одамӣ пешомади фардои худро намедонистааст, мо низ бехабар будем, ки подоши ин ҳама пешрафтҳо шаҳодат аст. Агар ман ҳамчун модари фарзандгумкарда иҷозати муъҷиза офариданро медоштам, аввал ҷангро аз дунё несту нобуд мекардам. Тиру туфанг ва ҳама асбоби одамкуширо сӯхта хокистарашонро ба бод медодам. Охир, модарон сулҳ мехоҳанд. Модарон фарзандони худро бо арақи ҷабину хуни дил на барои он мепарваранд, ки дар баробари тири душмани манҳус сипар шаванд.
Аввалин зодрӯзи туро бидуни ҳузурат аҳли хонавода ҷашн гирифтем. Сари марқади хоксоронаатро саршори гулу гулдастаҳо кардем, ашк фишондему ёди туро гиромӣ доштем.
Ман модарам, муштипарам, гуфтам дар рӯзи таваллуди ту коре кунам, ки боиси хушҳолии ҳампешагони ту шавад. Номи некатро дар рӯи шириние, ки бо тасвири дирафши Тоҷикистон оро ёфтааст, навишта, ҳамчунин ин, хитобаро ҳам он ҷо коштам: «Ман зиндаам!»:
Модар, азизи ман,
Бе ҳарфу бе сухан
Истам ба амри дил
Дар сарҳади Ватан.
Бо дарди ман насӯз,
Ман зиндаам ҳанӯз!
 
Азизон, писари ман зинда аст! Ҷигар об мешавад, дил нола мекунад, вуҷуди хаста аз дард меларзад, қалам аз навиштан мемонад. Медонам, ки дар зодгоҳат кайҳо мақбараи ту ҷойгир аст, аммо боз ҳам бовар намекунам. Ба мисли кӯдакони хушбовар дилам ширин-ширин метапад, ки гӯё имрӯз ё фардо аз дар даромада меоӣ, аммо ин хаёли хом ба ҷуз руъё, ба ҷуз афсона дигар чизе нест.
Воқеан ҳам, ту зиндаӣ! Шаҳидон намемиранд, фақат бесадо мешаванд, фақат ҷисман аз мо пинҳон мешаванд, аммо руҳашон мисли кабӯтар ҳар субҳ болои бом менишинанд.
Аз ин ба баъд, аз ҳамсангарон, аз ҳамсафон, аз кормандони хурду бузурги Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратӣ хоҳиш мекунам, ки ба ҳаққи ҷоннисориҳои писари ман ва шаҳодати барҳаққи фарзандони ҳамаи модарони тоҷик аз гӯшаву канори гуногуни кишвар заррае аз хоки Тоҷикистонро ба бегонагон надиҳед. Як ваҷаб хоки онро ба ивази зару тилову лаъл набахшед! 
Модарони дилфигор мехоҳанд, ки ҳарчи зудтар ҳақ ба ҳақдор бирасад ва он сарзаминҳои аҷдодии мо дар ҳудуди Тоҷикистон бошанд ва сарҳади давлатӣ байни кишвари кинаҷӯй дақиқ бошад!
Шаҳписарони мо руҳан оромиш ёбанд, ки он ҳама худфарсоиву сипари Ватан шуданҳо бесабаб набудааст ва Тоҷикистон хасеро аз замини худ кам накардааст!
Модарон сулҳ мехоҳанд ва намехоҳанд дигар марги писарони худро бубинанд!
Гулдаста 
ОРУМБЕКОВА,
собиқадори меҳнат аз шаҳри Хоруғ, модари Олимназар Холиқназаров
 
 
 
ИН МОДАРИ МАН, МОДАР!
Аз ишқ муқаддамтар,
Аз шеър муназзамтар,
Аз вусъати уқёнус
Дар меҳр мукаррамтар.
Ӯ кист чунин дилбар?
-Ин модари ман, модар!
 
Дар меҳр чу дарёе,
Дар сидқ чу дунёе.
Бо ҷисми наҳифи хеш
Дар сабр чу хорое.
Хуршеду маҳу ахтар,
Ин модари ман, модар!
 
Аз хеш гузар карда,
Сад шом саҳар карда,
То манзили субҳи нав
Бедор сафар карда.
Гултоҷи Худо бар сар,
Ин модари ман, модар!
 
Ширинсухану хушгӯ,
Хуштарҳу малоикхӯ.
Аз накҳати ӯ нася
Бигрифта гулу ҳулбӯ.
Иқболи хушам дар бар,
Ин модари ман, модар!
 
Лафзаш шакару қанд аст,
Оганда ба сад панд аст.
Сарлавҳаи гуфтораш 
Тӯмор ба фарзанд аст.
Фарҳангиву донишвар
Ин модари ман, модар!
 
 
ПАЗМОНИИ МОДАР
Ба духтари азизам
Занг мехоҳам занам, аммо таҳаммул мекунам, 
Духтари зебои ман, бисёр пазмонат шудам.     
Шом омад, фориғам аз кору бори зиндагӣ,     
То ба ин дам банд бо ташвишҳои худ будам.   
 
Занг мехоҳам занам, аммо таҳаммул мекунам,  
Шояд ин дам дар сари гаҳвора хобат бурдааст. 
Ё ки ҳоло хотири болидаатро андаке              
Шӯхиҳои кӯдакони беғашат афсурдааст.         
Занг мехоҳам занам, аммо таҳаммул мекунам,
Шояд ин дам суҳбати тилфонӣ дорӣ ту ба шавқ.
Менамоӣ нақл бар ёри муҳоҷиргаштаат
Аз нахустин ҳарфҳои тифлакони худ ба завқ.
 
Занг мехоҳам занам, аммо таҳаммул мекунам,
То суруди аллаатро нашканам бо як садо.
Алла гӯ бар кӯдакони нозанинат бо ҳавас,
Бишкуфон боғи умеду орзуҳои маро.
 
Занг мехоҳам занам, аммо таҳаммул мекунам,
Дер шуд. Соат сафар дорад ба иқлими саҳар.
Хоби ширин, духтари ҷонам, даме худ дам бигир,
Занги худро бар таваққуф мениҳам бори дигар…
 
 
ДАР РӮЗИ ПИРӮЗИ МОДАРАМ
Дар ин рӯзи саиду соати фархунда, модарҷон,
Намеёбам бароят ҳадяи арзанда, модарҷон.
Бароям додаӣ номи наку, то васфи меҳратро
Барам бо ранги сабзи хома то оянда, модарҷон.
Ҳамехоҳам, ки дурри орзуҳои наҷибатро
Бирезам пеши поят аз садаф афканда, модарҷон.
Ба чашмонат биёрам нур аз кошонаи Хуршед,
Зи дарё гавҳари умри хушу поянда, модарҷон. 
Ба дастонат мадор аз шонаи маҳтоб меорам,
Ба рухсорат сафои хосаву зебанда, модарҷон.
Бисӯзонам матои ормону дардҳоятро
Ба дасти хештан дар оташи сӯзанда, модарҷон.
Макун ёди ғуруб, эй Офтоби зиндагии ман,
Бимон дар осмони бахти мо рахшанда, модарҷон.
Нахушкад то ки нахли сабзи эҷодам ба хушкистон,
Бимон бар марзи иқболам чунин боранда, модарҷон.
Бизӣ, то сабз бошад хомаам аз меҳри саршорат,
Баёзи шеърҳоямро зиёбахшанда, модарҷон.
Ҳамеша бош бо як каф дуо моро ҳидоятгар
Ба фардову пас аз фардои хушоянда, модарҷон.
Ҳама ташбеҳу васфе, ки ба модарҳост зебанда,
Ту ҳастӣ бар ҳазорон беш аз ин арзанда, модарҷон.
Муборак бод милодат, баҳори сабзи ҳафтодат,
Гулистони ҳаётамро сафооранда, модарҷон!
 
Адибаи ҲАБИБ, корманди шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив