ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Суҳбати телефонии вазирони  корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шведсия

Суҳбати телефонии вазирони  корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шведсия

03 август 2023, Панҷшанбе
14
0
Тавре дар хабари интишордодаи сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ омадааст, дирӯз бо дархости вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шведсия Тобиас Биллстрём суҳбати телефонии он ҷониб бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат гирифт.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар, дар баробари баррасии масъалаҳои мубрами байналмилаливу минтақавӣ, роҷеъ ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Шведсия, инчунин, дар чаҳорчӯби шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо табодули афкор намуданд.
 
 
Ҷаласаи корӣ дар Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ширкати  сармуҳосибони муассисаҳои тобеи Вазорат ҷаласаи корӣ оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» баргузор гардид.
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки тибқи Фармони мазкур,  аз 1 августи соли ҷорӣ қабули хизматрасонии муздноки тиббӣ ба таври нақдӣ қатъ гардида, ҳисоббаробаркуниҳо ғайринақдӣ сурат мегиранд. Ин амал ба шаффофияти воридоти маблағҳо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, коҳиш ёфтани таъсири омилҳои инсонӣ, воридоти пурраи пардохтҳои ҳатмӣ ва андозҳо ба буҷет, осон ва дастрас шудани хизматрасонӣ, кам гардидани талабот ба маблағҳои нақдӣ мусоидат хоҳад кард.
 
 
“ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”. БЕШ АЗ 3500 НАФАР БА ДАВРИ СЕЮМ РОҲХАТ ГИРИФТ 
Имсол низ Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида истодааст. 
Дар даври дуюми Озмун 47 ҳазору 51 нафар, аз ҷумла аз ВМКБ 1482, шаҳри Душанбе 4904, вилояти Суғд 19042, вилояти Хатлон 11186 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10437 нафар иштирок намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 9192 нафар зиёд аст. 
Аз шумораи умумии довталабон 3506 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифт. Аз Вазорати фарҳанг ба мо хабар доданд, ки даври ниҳоии Озмун дар пойтахт баргузор мегардад. 
 
 
Ҳунармандони сирки Тоҷикистон сазовори ҷоиза шуданд
Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» сазовори  медали биринҷӣ гардиданд. 
Дар Фестивал ҳунармандони тоҷик  Ануша Ҳусейнзода, Шаҳноза Ҷабборова, Шаҳриёр Иззатуллоев ва Қурбоналӣ Ҳалимов бо роҳбарии Илёсхон Алмосов дар жанри эквлибристика ширкат варзиданд. 
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ҷашнвора ҳунармандон аз 15 давлати дунё иштирок намуданд.
 
 
Тарҳи нави Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд идома доранд.
Тавре хабарнигори минтақавии мо хабар медиҳад, ҷиҳати мутобиқ намудани Фурудгоҳ ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар ин замина, барои нигаҳдории мошинҳо дар минтақаи истгоҳи мошинҳои махсус боксҳо бо ғунҷоиши 20 нақлиёт бунёд гардида, дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон сохта мешаванд. Ҳамчунин, дар Фурудгоҳ меҳмонхона ва ошхонаву тарабхонаи нав бунёд мешаванд. 
 
 
ВМКБ.  ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ ДОРУСОЗӢ ДАР НАЗАР АСТ
Дар машварати назоратии назди раиси ВМКБ рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025  баррасӣ гардид. 
Дар ҷаласа баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои дорусозӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла гиёҳҳои шифобахш, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар соҳаи дорусозӣ таъкид гардид. Зикр шуд, ки алъон дар вилоят зиёда аз 3 ҳазор гиёҳи шифобахш мавҷуд аст, ки  танҳо 250 намудаш мавриди коркард қарор дорад. Дар ин бора хабарнигори минтақавии «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. 
 
Санаи нашр: 02.08.2023 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив