ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – САРПАРАСТИ МАЪНАВИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – САРПАРАСТИ МАЪНАВИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН»

03 август 2023, Панҷшанбе
116
0
 
Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар низоми иқтисодии кишвар такягоҳи боэътимоди рушди саноати ватанӣ ва зодаи ғояи консепсияи иқтисоди миллии Пешвои миллат, Раиси маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, саодати зиндагии шаҳрвандон дар даҳсолаҳои наздик аз бунёду фаъолияти он вобастагии амиқ дорад.
Ин матлабро Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, зимни маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизб, ки 31 июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён кард. Дар маҷлис, ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси Ҳизб ҷараён гирифт, аъзои КИМ ҲХДТ, фраксия дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок доштанд.
Дар рӯзномаи маҷлис 2 масъала: дар бораи фаъолияти ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, дар бораи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун сарпарасти маънавии НБО «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар робита ба масъалаи якум Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ, баромад намуда, аз ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил ва зиндагии шоиста барои бонувон ёдовар шуд. Номбурда афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш ба манзури тақвияти мақоми зан дар ҷомеа чорабиниҳои муҳими фарҳангиву маърифатӣ ва иҷтимоӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миёни ҷавондухтарон ва дар ҳошияи силсила озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузории нишасту ҳамоишҳои гуногунмуҳтаво ва амалҳои созандаву бунёдкоронаро бо ширкати фаъоли занон баргузор менамояд.
Хайринисо Юсуфӣ ҷиҳати бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта дар ҷомеа аз кумитаҳои иҷроия ва ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал овард, ки барои коҳиш додани хурофоту бегонапарастӣ, хушунату зуроварӣ ва қонуншиканиву ҷинояткорӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи ҳадафҳои барномавии Ҳизб, таҳкими фарҳанг ва ахлоқи миллӣ, тарбияи худшиносӣ ва рисолати оиладории бонувон, бо ҷалби занону духтарони фаъол корҳои заруриро анҷом диҳанд. Дар ин самт тақвият бахшидани фаъолияти Шурои кор бо занон ва комиссияҳои доимоамалкунандаи назди кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо зарур шумурда шуд, зеро ба қавли муовини Раиси Ҳизб, таҳрик додани корҳои тарғиботӣ натиҷаи пурсамар хоҳанд дод.
Зимни музокира оид ба ин масъла Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, Таҳмина Имомёрбекова, директори маркази саломатии шаҳри Хоруғ, Мунира Сангова, раиси Шурои кор бо занони маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Мунзифа Пулодова, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Руқия Қурбонова, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ, Садорат Шарипова, соҳибкор аз ноҳияи Рашт, Ҷамшед Муродзода, аъзои Ташкилоти ҷамъятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, Миҷгона Раҳимӣ, директори литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор андешаву пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода баромад карда, иттилоъ дод, ки ахиран бо ташаббус ва сарпарстии ҲХДТ барои тарғиби аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кохи нури Тоҷикистон – НБО “Роғун” чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардида, тавассути роҳхати ҳизбӣ 418 нафар барои кори доимӣ ба ин иншооти бузурги энергетикӣ ҷалб гардид.
Хайрулло Сафарзода, директори генералии ҶСК НБО “Роғун”, бо ибрози сипос аз КИМ ҲХДТ барои амалӣ намудани иқдомҳои созанда дар бунёди НБО “Роғун” зикр кард, ки бунёди иншооти бузурги аср, на танҳо манфиатҳои иқтисодӣ дорад, балки ба ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯсти кишвар руҳу илҳоми тоза бахшида, эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони кишвар боз ҳам қавитар мегардонад.
Дар идомаи маҷлис Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси ҲХДТ, ба кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки ҷиҳати шиносоии фаъолон бо рафти корҳои созандагӣ дар НБО “Роғун” ва тарғиби ҳамаҷонибаи он чораҳои таъхирнопазир андешида, дар ҳама сатҳҳои ҳизбӣ оид ба нақши ин иншооти муҳими аср дар иқтисоди миллӣ ва таъсири он ба вазъи иҷтимоии кишвар корҳои назаррасро анҷом диҳанд. Инчунин, таъкид гардид, ки маълумотнома доир ба бунёди Неругоҳ ва фаъолияти фидокоронаи кормандони он бо теъдоди зиёд нашр ва ба ташкилотҳои ҳизбӣ тақсим карда шавад, то онҳо дар мулоқотҳо бо электорати ҳизбӣ мавриди истифода қарор гиранд. Тибқи супориши Абдуҷаббор Азизӣ, бояд дар маълумотнома роҷеъ ба мақоми НБО “Роғун” ҳамчун манбаи “энергияи сабз” дар Осиёи Марказӣ ва нақши он дар ҳифзи муҳити зист иттилоъ дода шавад.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ, ҳамчунин, тавсия дод, ки барои шиносоии бештари мардум, махсусан ҷавонон, бо заҳмати фидокоронаи кормандони НБО “Роғун” тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, ба таври мунтазам боздиди фаъолони ҲХДТ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз ин иншооти бузурги аср ташкил карда шавад.
 
“ҶУМҲУРИЯТ”
Санаи нашр: 02.08.2023 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив