ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СТОМАТОЛОГИЯ: АЗ ПАЖӮҲИШ ТО ТАБОБАТ

СТОМАТОЛОГИЯ: АЗ ПАЖӮҲИШ ТО ТАБОБАТ

03 август 2023, Панҷшанбе
118
0
 
Маҳмадулло Қосимов, директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматалогия ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй», номзади илмҳои тиб, аз шахсиятҳои маъруфи соҳа ба ҳисоб рафта, таҳти сарварии ӯ стоматологияи кишвар рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо ӯ дар ин хусус ва масъалаҳои марбут ба он мебошад. 
– Бисёре аз соҳаҳо аз кас истеъдоди фитриро хостгор аст. Соҳаи Шумо низ, албатта, дар ин шумор мебошад. Вобаста ба он, фикр мекунам, ки интихобатон дар ин маврид тасодуфӣ набуд...
– Инсон аз рӯзи ба дунё омаданаш бо ақлу заковат илму дониш андӯхта, танҳо бо кӯшишу талошҳои зиёд ба комёбиҳо муваффақ мегардад. Дар сиришти ӯ интихоб ва муҳаббати касб ҳанӯз аз айёми тифлӣ ҷо гирифта, роҳи ояндаи ӯро мунаввар мекунад. Инсони комил ҳеҷ гоҳ баҳри сарвату шуҳрат талош намеварзад, балки донишу таҷриба ва истеъдоди фитрияшро баҳри рушди касби интихобкардааш равона намуда, саҳми муносиб гирифта, меҳнати шоиста менамояд. 
Табиб – стоматолог мутахассиси серталаб аст, ҳамарӯза даҳҳо беморро бо шикоятҳои гуногун қабул намуда, бемориҳои марбут ба дандон ва ковокии даҳонро ташхис, табобат ва пешгирӣ мекунад. Дандонҳо узви ҳассос, унсури системаи ковокии даҳон мебошанд, ки нигоҳубини эҳтиёткоронаро талаб мекунанд. Ҳангоми табобат табиб- стоматолог қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи тиббиро риоя мекунад, роҳҳо ва усулҳои муқарраршудаи табобатро истифода мебарад, ки дар тули солҳо исбот ва дар адабиёти таълимӣ ва амалӣ оварда шудаанд. 
Барои табиб – стоматолог шудан шахс бояд дар баробари дониши аъло, малака ва маҳорати баланди касбӣ, инчунин, иродаи мустаҳкам ва тамкин дошта бошад. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки стоматология касби сердаромад аст, вале як чизи муҳимро бояд дарк намуд, ки танҳо мутахассиси хуб, ки дониши амиқ, маҳорат, таҷрибаи корӣ ва пайваста донишҳои назариявӣ ва амалии худро чи дар дохили кишвар чи дар хориҷи он такмил медиҳад, метавонад шумораи мизоҷони серталаби худро зиёд намуда, дар ҷомеа соҳиби обрӯю эътибор гардад. Чунончи ҳакими тоҷик Абуалӣ ибни Сино мефармояд: “Шахсе, ки худро ба табибию табобат бахшидааст, бояд одӣ, боҳиммат ва бетамаъ  бошад. Тамоми симои ӯ бояд боварию эътимодро бедор кунад”.
Ман ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ мехостам, ки дар оянда табиб- стоматолог шавам. Бинобар ин, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи «Стоматология»- и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1998 хатм намудам. 
Соли 2012 рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Реконструктивная хейлоринопластика у больных с односторонней расщелиной верхней губы» ҳимоя намудам. Соли 2014 бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» таъин гардида, фаъолият намуда истодаам. Ин эътимод маро водор месозад, ки барои боз ҳам вусъат пайдо кардани соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғӯ рӯй дар кишвар беш аз пеш тадбирҳои самарабахшро амалӣ намоям.
– Агарчи ин пурсиш, чун меҳмони “Ҷумҳурият” ҳастед, хуб нест, аммо аз рӯи талаботи касбиам маҷбурам бипурсам. Аксар гирифторони гепатити С ва дигар навъҳои он шикоят доранд, ки ба ҳангоми муолиҷа ва ё кандани дандон ба он гирифтор шудаанд. Дар ин миён нафароне ҳам ҳастанд, ки ба балоғат нарасидаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин рӯйдодҳои нохуш эроди ҷиддӣ  гирифтанд ва барои пешгирии он дастур доданд. Чӣ корҳое баъд аз он ба анҷом расиданд? Ин дар сурате ҳаст, ки ҳанӯз шикоятҳо поён наёфтаанд, ҳарчанд исбот карданашон мушкил ва ҳатто, бенатиҷа аст.
– Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, инчунин, дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, 1 сентябри соли 2019 оид ба баланд бардоштани масъулияти касбии кормандони тиб, аз он ҷумла ба табиб-стоматологон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ зимни хизматрасонӣ ба беморон дода шуданд, як қатор корҳо ба анҷом расиданд.
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд, барои пешгирӣ ва бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб, яъне манбаи сирояти гепатитҳои В ва С эътироф шудани стоматологон, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиш аз 26 ноябри соли 2014, таҳти № 1006, “Дар бораи дар амалияи муассисаҳои стоматологӣ ворид намудани истифодаи тестҳои фаврӣ оид ба муайян намудани вируси гепатитҳои В, С ва ВНМО ба имзо расонда шуд. 
Баҳри иҷрои фармоиши мазкур дар Пажӯҳишгоҳ ҳуҷраи муоинаи экспресс-тестӣ ташкил карда шуд, ки тамоми муроҷиаткунандагон аз ташхисҳои бемориҳои сироятӣ бо истифода аз экспресс-тестҳо гузаронда мешаванд, ки имконият додааст сатҳу сифати ташхис ва табобати беморон беҳтар карда шаванд. Инчунин, дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй” тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаанд, аз ҷумла барои ташхис, табобат, муайян ва пешгирӣ кардани бемориҳои вирусҳои гепатити (В, С) ба миқдори кофӣ тестҳои фаврӣ ва дастгоҳҳои тамйизгардонии муосир, ки ҷавобгӯ ба талаботи стандартӣ мебошанд, дастрас ва мавриди фаъолият қарор доранд.
– Оё ба назар намерасад, ки тарғиби пешгирии дардҳо ва муолиҷаи дандонҳо, хосса аз даврони кӯдакӣ, дар кишвари мо пеш аз замони истиқлол низ ҷавобгӯи талабот набуд? Ба ин хотир, агар пажӯҳиш бишаваду таҳқиқ бигардад, аксар мардуми мо ба иллатҳои гуногуни дандонҳо гирифторанд. Бо чӣ роҳ метавон ин фоизро кам кард?
– Имрӯз рушди соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ба дастовардҳои илму инноватсия, технологияҳои муосир ва мавҷудияти озмоишгоҳҳои замонавӣ, пояи устувори моддиву техникӣ ва неруи кадрӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. 
Феълан, дар ҷумҳурӣ 815 муассиса, шуъба ва ҳуҷраи стоматологӣ амал менамояд, дар он 1624 табиби стоматолог, аз ҷумла 1209 табиб-стоматолог дар муассисаҳои системаи давлатӣ ва 415 нафараш дар муассисаҳои стоматологии хусусӣ фаъолият дорад. Асосан, нишондиҳандаҳои фаъолияти муассисаҳои стоматологиро қаноатмандии аҳолӣ аз ёрии стоматологӣ, сарбории кормандон, сатҳу сифати хизматрасонии табиб – стоматолог ва муоинаи клиникии беморони гирифтори бемориҳои стоматологӣ ташкил менамояд. Қаноатмандии аҳолӣ аз сатҳи хизматрасонии стоматологӣ ин дастрасии хизматрасонӣ, таъминнокии аҳолӣ бо воҳидҳои кории табиб – стоматолог мебошад
Таҳлили гузарондашуда нишон медиҳад, ки аз рӯйи дараҷаи таъминнокӣ бо мутахассисони соҳаи стоматология ба 10000 нафар аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,8 аст, миқдори зиёди мутахассисон дар шаҳри Душанбе буда, 7,0 нафар ба 10000 аҳолӣ, в.Суғд (1,8), в. Хатлон 1,1% ва НТҶ (1,1) фаъолият мекунанд. 
Бо беҳтаршавии базаи моддӣ-техникии потенсиали кадрӣ баландшавии сатҳу сифат ва дастрасии хизматрасонии стоматологӣ ба аҳолӣ нигоҳ накарда имрӯз дар ҷумҳурӣ ба гирифторшавии бемории кареис дар сатҳи баланд қарор дошта, аз 80 то 98%-ро бемориҳои илтиҳобии бофтаҳои атрофи дандон 30-80%, нуқсонҳои минтақаи ҷоғу рӯй 78,2 % ташкил менамоянд. 
Барои пешгирии бемориҳои стоматологӣ усулҳои зерини пажӯҳиш: пешбурди корҳои санитарию тарбиявӣ, роҳандозии мунтазами нигоҳубини тозагии ковокии даҳон, истеъмоли ғизои ғанигардондашуда, истифодаи бонизом ва маҳаллии фторидҳо ва ғайра ба роҳ монда мешавад. 
– Мехоҳам дар хусуси дастовардҳои соҳа, хосса Пажӯҳишгоҳ, дар замони истиқлол суҳбатро идома бидиҳед. Чӣ корҳои муҳиму муфид ба анҷом расиданду мерасанд?
– Мавриди зикр аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи ҳамкории бисёртарафаи пурсамар хизматрасонии стоматологӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи мамлакат ба ниҳоди бонуфузи давлатӣ табдил ёфт ва эътирофи миллию байналмилалиро касб намуда, оид ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, беҳтар намудани пойгоҳи моддию техникӣ ва таҳкими заминаи захиравии соҳа тадбирҳои зиёде андешида шуданд. 
Дастовардҳои муҳиме, ки дар давоми даҳсолаи охир ба вуқуъ пайвастанд, аз ҷумла ифтитоҳи шуъбаҳои ҷарроҳии ҷоғу рӯй, имплантология ва кӯдакон ва наврасон имконият доданд, ки дар самти анҷом додани хизматрасонии алоқаманд ба ворид намудани услуби муосири ташхис ва табобати нуқсон ва шаклдигаркунии устухонҳои рӯй, нуқсони модарзодии лабу ком, муолиҷаи адентия бо имплантатҳои денталӣ, муолиҷаи аномалияҳои ҷоғу дандонҳо бо эйҷуайз-техника, артропластика бо эндопротезҳои титанӣ дар ҳолати анкилози буғумҳои чаккаю ҷоғу поён, тармими аномалияҳои рӯй бо истифодаи имплантатҳои контурӣ аз силикон, гузоштани пуркардҳои бо нур сахтшаванда, сафедкунии дандонҳо бо нур, сохтани протезҳои филизию керамикӣ ва аз термопласт, яъне рушди сифатӣ ва сатҳӣ рӯи кор ояд.
Имрӯз дар соҳаи стоматологияи кишвар технологияи ҳозиразамон, мавод, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти муосир истифода бурда мешаванд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ба Пажӯҳишгоҳ таҷҳизотҳои ҳозиразамони лабораторӣ барои гудохтани металлҳо ва сохтани ғилофакҳои фарфорӣ, маводҳои муосири ташхисӣ ва табобатӣ барои муолиҷаи дандонҳо – апекс локатор, хамираҳои бо нур сахтшаванда, маводҳои сафедкунии дандонҳо ва ғайра, дастгоҳи ташхиси рентгенӣ ортопантомограф, ортопантомографи рақамӣ, дастгоҳи портатевии рентгенӣ, таҷҳизоти тиббии муосир барои тамйизгардонии асбобҳои стоматологӣ – автоклав, асбобҳои ултрасадои барои тамйизгардонии лавозимоти тиббӣ, асбоб барои тамйизгардонии пармаҳои стоматологӣ, ки истеҳсоли Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Итолиё, Бразилия ва Чин мебошанд, ворид карда шудаанд. 
Яке аз масъалаҳои муҳими соҳа таъмин намудани муассисаҳои тиббии кишвар бо кормандони баландихтисос мебошад. Дар ин радиф бо мақсади тайёр ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии мутахассисон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи ба номи И.В. Гёте дар Франкфурти лаби Майна (Олмон), Донишгоҳи улумпизишкӣ ва хадамоти беҳдоштии дармонии Шаҳидбиҳиштии Теҳрон (Эрон), Донишгоҳи давлатии тиббии Қазон (Россия), муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи стоматологияи ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ба роҳ мондааст. Дар ин радиф, бо мақсади андӯхтани таҷрибаи пешқадами давлатҳои тараққикарда, мутахассисони Пажӯҳишгоҳ дар чорабиниҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ, семинарҳои омӯзишӣ сафарбар карда мешаванд. Кормандони мо дар Конференсияи байналмилалии стоматологон «CADEX» ва Намоишгоҳи байналхалқии махсусгардондашудаи стоматологон (шаҳри Алмаато), якумин Анҷумани дандонсозон(Сочӣ), Конгресси IV-уми байналмилалии стоматологон дар мавзуи «Масъалаҳои муҳими стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй» ва Анҷумани VIII стоматологони Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат варзиданд. Инчунин, 3 нафар барои гузаштани такмили ихтисос ба шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар шуд. Дар раванди сафари омӯзишӣ дар бемористони Қоим, Имом Ризо, Донишгоҳи дандонпизишкии шаҳри Машҳад амалиётҳои муосири минтақаҳои ҷоғу рӯйро аз худ намуда, имрӯз таҷрибаи андӯхтаро дар табобати беморони шуъбаи ҷарроҳии ҷоғи рӯйи Пажӯҳишгоҳ амалӣ намуда истодаанд. 
Инчунин, бо мақсади воқифии шаҳрвандон аз дастовардҳои навини бахши ҷарроҳиҳои мураккаби минтақаи ҷоғу рӯй бори аввал дар ҷумҳурӣ амалиёти ҷарроҳии нуқсон ва шаклвайронкуниҳои ҷоғ бо истифода аз эндопротези титании индувидуалӣ, бомуваффақият гузаронда шуд. 
– Мо дар арафаи Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва Рӯзи Истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Вобаста ба ин ҳар дуи санаи муҳим чӣ дархосту таманноҳо доред?
– Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Дар таърихи ҳар халқу кишвар рӯзҳои барҷастае ҳастанд, ки бузургдошт ва ҷашнгирии онҳо барои ҳама боиси сарбаландию ифтихори шаҳрвандӣ мебошад”. Дар робита ба ин, моҳи сентябри соли 1980 мувофиқи қарори махсуси сесияи 20-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО (Париж, соли 1978) 1000-солагии донишманд ва мутафаккири бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино (980-1037), соли 2005 бо қарори махсуси ЮНЕСКО ҷашнгирии 1025-солагии фарзанди фарзонаи тоҷик - падари тибби дунё гузарондани конфронсҳои байналмилалӣ дар Душанбе ва Бухоро, қоматафрӯзӣ кардани муҷассамаи Шайхурраис, таъсиси медали ҷашнии «1025 - солагии Абуалӣ ибни Сино», номгузории ДДТТ, ҳамасола ҷашнгирии зодрӯзи ӯ дар рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари таваҷҷуҳу эътибори беандозаи мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари мо ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанг мебошад. 
Абуалӣ ибни Сино ҳамчун асосгузори ин соҳа доир ба усулҳои пешгирии бемориҳои дандон ва милку даҳон бо ёрии ташкилу танзими дурусти истеъмоли таом ва нигоҳубини дандонҳо воқеан ҳам, дастурҳои хирадмандона додааст, ки ин дастурҳо то имрӯз арзиши худро гум накардаанд.
Кормандони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй” ба дарки масъулияти баланди касбӣ ва шукргузорӣ аз истиқлолият ва сулҳу суботи комил, ки бо сиёсати хирадмандонаву оқилона ва ваҳдатсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон муяссар гардидааст, минбаъд низ, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои ниҳоии барномаҳои миллӣ дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои стоматологӣ нақши созгор дошта бошанд. Дархосту таманнои мо ин аст, ки ба қадри ин неъмати бузург бо дарки масъулиятшиносӣ бирасем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
 
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.08.2023 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив