ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАРВАРИДӢ 

ПАРВАРИДӢ 

03 август 2023, Панҷшанбе
13
0
Маро шабҳо дар он гаҳвораи ноз
Ба сад меҳру муҳаббат парваридӣ.
Равам то ин ки ман хоби бароҳат,
Ту худ як лаҳзае роҳат надидӣ.
Зи ҷон беҳтар туро ман дӯст дорам,
Барои заҳматат минатгузорам.
Аё  модар, туӣ пушту паноҳам,
Ҳамеша дар барам чун такягоҳам.
Зи даргоҳи Худованди таолло,
Бароят умри тулонӣ бихоҳам.
Зи ҷон беҳтар туро ман дӯст дорам,
Барои заҳматат минатгузорам.
Ниҳодӣ модари бас меҳрубонам,
Каломи аввалинро бар забонам.
Зи дастонам гирифтӣ бо таманно,
Қадамҳои нахустин то бимонам.
Зи ҷон беҳтар туро ман дӯст дорам,
Барои заҳматат минатгузорам.
Ба гаҳвора бубаста дасту поям,
Суруди “алла” мехондӣ бароям.
Ҳама шодии дунё мешуд аз ту,
Агар бо ханда сӯят лаб кушоям.
Зи ҷон беҳтар туро ман дӯст дорам,
Барои заҳматат минатгузорам.
 
 
ЁДИ МОДАР
Як хаёле рӯзу шаб доим биёяд бар сарам,
Хизмати хубе накардам ман барои модарам.
 
Даҳ писар кай метавонад хизматаш орад ба ҷо, 
Ман чӣ сон танҳописар ин кор бар ҷо оварам?
 
Дар ҷавонӣ қадри модарро надонистам чаро?
Сар ба сангон мезанам, чун рафт акнун аз сарам.
 
Ҳар куҷо як пиразан бинам агар монанди ӯ,
Гиря печад дар гулуям, ҳам биларзад пайкарам.
 
Кошки ӯ бори дигар зинда гашта, ҳамраҳам
Менишастӣ гирди дастархони хона дар барам.
 
Модарам, ҷон модарам, ҷон модарам, ҷон модарам,
Рафта бо сад орзую оҳу армон аз барам.
 
Дар сари қабраш дуои хайр мехонам кунун,
Меҳри модарро ба дил ман то қиёмат мебарам.
 
 
КАМ АСТ
Ҳар қадар, ки васф созам модарамро, он кам аст,
Баъди ӯ бунёди қалбам сар ба сар пурмотам аст.
Оби дида ҳамраҳам карду бирафт ӯ аз барам,
Шоҳиди он лаҳзаҳоям, ашки сардам ин дам аст.
 
 
МЕҲРИ МОДАР
Зиндагиямро фидои номи модар мекунам,
Хоки пояшро ақиқу дурру гавҳар мекунам.
Ман ба ҷуз васфаш накардам кори дигар баҳри ӯ,
Арзи ишқамро зи меҳраш рӯи дафтар мекунам.
 
Бурии ҲАБИБУЛЛО, шаҳри Ҳисор
Санаи нашр: 02.08.2023 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив