ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГУМАНИЗМИ ТОҶИКӢ Ё ЧИ ГУНА ҲАМВАТАНОНИ МО ДАР ХОРИҶ СИМОИ МУСБАТ МЕОФАРАНД

ГУМАНИЗМИ ТОҶИКӢ Ё ЧИ ГУНА ҲАМВАТАНОНИ МО ДАР ХОРИҶ СИМОИ МУСБАТ МЕОФАРАНД

04 август 2023, Ҷумъа
21
0
 
Рӯй овардан ба ин мавзуъ аз равзанае иттифоқ афтод, ки Манучеҳр Расулов, як шаҳрванди Тоҷикистон, дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия зану кӯдакеро аз коми оташ наҷот дод. 
 
Ба навиштаи расонаҳо, сӯхтор санаи 1 август дар ошёнаи 25-уми маҷмааи манзилҳои «Светлый» ба амал омадааст. Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр баъд аз шунидани фарёди зане, ки бо тифли навзодаш дар миёни оташ монда буд, ба ёрӣ мешитобад. Ӯ, қабл аз омадани оташнишонон, дари хонаро бо болға шикаста, модару кӯдакро наҷот медиҳад. 
Сомонаи «Екатеринбург. Новости» таъкид дошта, ки амалу рафтори ин мард имкон дод, ки то омадани оташнишонон одамон наҷот ёбанд ва сӯхтор дар фурсати кӯтоҳтарин хомӯш карда шавад.
Манучеҳр Расуловро барои ин корнамоӣ ва сари вақт расидан ба кумаки одамон қадрдонӣ кардаанд.
Бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷони худро дар хатар гузошта, барои наҷоти одамон корнамоӣ нишон медиҳанд. Бархе, ҳатто, дар чунин ҳодисаҳо ҷони худро аз даст додаанд. Ҳоло мо доир ба чанд корнамоии ҳамватанони худ дар Федератсияи Россия нақл мекунем, ки воқеан, ифтихорафзо ва намунаи барҷастаи инсонгароӣ мебошад.
Корнамоии Фарзон Салимов бо 4 нафар тоҷикистонии дигар дар маркази тиҷоратии «Зимняя вишня»-и шаҳри Кемерово, ки беш аз 50 нафарро аз дами оташ наҷот доданд, сутуданист. Ин воқеа моҳи марти соли 2018 рӯй дода буд. Маҳз ҷасорати тоҷикписарон буд, ки теъдоди қурбониёни ин фоҷиаи маргбор ба маротиб кам гардид.
Аз корнамоӣ ва ҷасорати онҳо дар расонаҳои Россия бо арзи сипос матлабҳои зиёд нашр мегашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо мардуми Кемерово, балки тамоми кишвар изҳори миннатдории самимӣ мекарданд. Ҳатто, Владимир  Соловёв, ровии маъруфи телевизиони “Россия 1”, дар барномаи “Вечер с Владимиром Соловьевым” аз қаҳрамонии ин ҷавонмардон ситоиш карда чунин гуфта буд: “Ана онҳо қаҳрамонанд! Ба онҳо бояд мукофот диҳанд!”.
Ҳамин буд, ки қаҳрамонии тоҷикписар Фарзон Салимов аз ҷониби Кумитаи тафтишоти Россия бо медал қадр гардид. Вале дар ҷавоб ба ин ҳама Фарзон Салимов ва ҳамроҳонаш чунин иброз медоштанд: «Мо танҳо қарзи инсонии худро адо кардем». 
Диловарони дигари тоҷикистонӣ Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров сабаб шуданд, ки бошандагони як бино дар шаҳри Санкт-Петербург аз коми оташ наҷот ёбанд. Дар пайи ин ҳодиса касе осеб надид.
– Лифти бино кор намекард, аз ин рӯ, бо зинапоя ба боло шитофтем. Фикр доштем, ки байни осебдидагон кӯдакон ҳам буда метавонанд, – гуфта буд Зариф Ниёзов дар мусоҳиба бо ТВ “МИР”. 
Ин амали ҷавонмардонаро Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия бо мукофотҳои фахрӣ қадр кард. Далерии Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи васеъ пайдо кард. Корбарон ба ҷасорати ҷавонони тоҷик баҳои баланд доданд.
Қаҳрамонии Ҳоҷимурод Қаландарови 18-сола, ки бо фоҷиа анҷом ёфт, аз як ҷиҳат ифтихорафзо ва аз ҷиҳати дигар ғамангез буд. Ӯ бар қимати умри ҷавонаш ҷони кӯдаке, ки дар дарё ғарқ мешуд, наҷот медиҳад. 
Ҳангоми истироҳати зодагони Тоҷикистон дар соҳили дарёи Белая Ҳоҷимурод мебинад, ки кӯдаке ғарқ шуда истодааст ва худро ба об андохта, кӯдакро наҷот медиҳад. Вай кӯдакро ба соҳил тела дода, аз марг мераҳонад, вале гирдоб ӯро ба комаш фурӯ мекашад. 
Корнамоии Ҳоҷимурод аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Бошқирдистон баъди маргаш бо медали Шуҷоат қадр мешавад.  Волидони Ҳоҷимурод Қаландаров мегуфтанд, ки аз маргаш ғамгинанд, вале аз рафтораш ҳамеша ифтихор хоҳанд кард. 
Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод, амали писарашро ҷавонмардона медонад. Бешак, корнамоии тоҷикписар намунаи барҷастаи инсонгароӣ дониста мешавад.
Дар баробари ин, даҳҳо ҳолатҳои изтирории дигар ҳастанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои ҷаҳон корнамоиҳо нишон додаанд. Воқеаҳои баёнгашта, далели он аст, ки дар лаҳзаҳои душвору ҳалкунанда, қатъи назар аз хавфу хатар ҷавонмардони тоҷикистонӣ дар фикри на ҷони худ, балки ҷони дигарон мешаванд. Тоҷикистон бо чунин фарзандони диловараш ифтихор мекунад. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 04.08.2023 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив