ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

04 август 2023, Ҷумъа
51
0
СУҒД. БОЗ ЯК ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ ВА СОДИРОТ
    
Дар нишасти хабарӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд,  натоиҷи фаъолияти иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар нимсолаи якуми соли 2023 мусбат арзёбӣ кард. Мавсуф иброз дошт, ки қисми даромади буҷет 104, 8 дарсад таъмин шуда, ба хазина  1 миллиарду 393,4 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
  Корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии вилоят ба маблағи 12 миллиарду 106, 2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳамзамон, 162 коргоҳи хурду миёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта,  ба 1 ҳазору 146 нафар шаҳрванд ҷойи кор муҳайё гашт. 
Вилояти Суғд бо 57 кишвари хориҷӣ равобити иқтисодӣ, савдову тиҷоратӣ дорад. Гардиши савдои хориҷӣ 1миллиарду 350,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Бино ба иттилои раиси вилояти Суғд, ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ бо минтақаҳои гуногуни кишварҳои Россия, Беларус, Ӯзбекистон равнақи тоза ёфтаанд, ки  ба рушди дуҷонибаи соҳоти хоҷагии халқ мусоидат мекунанд. 
 
Ҷовиди АШТӢ
 
 
 
КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ 83044 АМАЛИЁТИ НАЗОРАТӢ ВА САНҶИШИ ФАВРИИ МУШТАРАК ГУЗАРОНД
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 560 санҷиши нақшавӣ ва 83044 амалиёти назоратӣ ва санҷиши фаврии муштарак гузаронда, ҳолати муҳити зист, ҳавои атмосфера ва манбаъҳои обиро муайян кард. Аз ҷумла, дар самти назорати таҳлили ихроҷи моддаҳои заҳрнок ба ҳавои атмосфера дар 84 иншооти фаъолияти хоҷагидорӣ ченкунии ҳаҷми партофт  анҷом дода шуда, нисбат ба субъектҳои хоҷагидор барои вайрон кардани экология тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Инчунин, дар самти назорати таҳлили таъсири партовҳо ба манбаъҳои обӣ Кумита 133 иншоотро ташхис кард, барои шӯршавии замин ва таъсири заҳрхимикатҳо 68 намуна санҷида шуд.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, изҳор дошт, ки бо вуҷуди қонунвайронкуниҳо дар баъзе фаъолияти субъектҳои хоҷагидор риояи тавозуни экологӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ шарт ва зарур аст. Аз ин рӯ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 744 маротиба аксияи «Тозагии соҳил», 736 бор аксияи «Тозагии маҳал» ва 500 аксияи «Тозагии шоҳроҳ» гузаронда, 1722190 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабзи ороишиву мевадиҳанда шинонда шуд, 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
 
ММҚ.  25 УНВОНҶӮ БА КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ МАШҒУЛ АСТ 
– Самти муҳими кори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муассисаи илмӣ, тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар зинаҳои унвонҷӯӣ ва магистратура ба ҳисоб меравад. Дар нимсолаи якуми соли равон як унвонҷӯи Марказ рисолаи номзадиро дар мавзуи “Функсияи экологии Тоҷикистон дар шароити муосир: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” ҳимоя намуд. Ҳоло дар Марказ 25 унвонҷӯ ва 9 магистр корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд,– иброз дошт Иззатулло Саидзода, директори Марказ, дар нишасти хабарӣ. 
Дар ин давра кормандони Марказ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва “Дар бораи экспертизаи экологӣ”-ро бо қонунгузориҳои ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия таҳлили муқоисавӣ намуда, оид ба бурду бохти қонунгузории миллӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо ирсол карданд. 
Тибқи иттилоъ, имрӯз дар низоми қонунгузории кишвар 384 санади қонунгузорӣ, аз ҷумла Конститутсия, 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс ва дигар қонунҳо амал мекунанд.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
2396 КАМБУДӢ ДАР  НИМ СОЛ
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки тибқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра, дар ҷумҳурӣ дар 765 иншоот 1255 назорати сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ гузаронда шуда, 2396 камбудӣ ошкор ва қонуншиканҳо ба маблағи 985038 сомонӣ ҷарима гаштанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал буда, ҳоло 65 маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд. Тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Норак, Леваканд ва Вахш аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» пурра ба охир расид.
Моҳи марти соли равон нақшаи генералии маркази ноҳияи Балҷувон пас аз тасҳеҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифт. Инчунин, Кумита нисбат ба лоиҳаҳои муфассали банақшагирии тасҳеҳталаб ва муҳлати амалашон баохиррасида тадбирҳои дахлдор андешида, аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» лоиҳаҳои муфассали банақшагирии маркази ноҳияҳои Ишкошим, Балҷувон, Вахш, Дӯстӣ, Ховалинг, шаҳрҳои Норак ва Леваканд, қисми марказии шаҳри Хоруғ таҳия гардид.
– Ҳоло таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар таҳрири нав, лоиҳаҳои муфассали банақшагирии марказҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент, Варзоб, Исфара, Бӯстон, Шаҳринав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Сангвор, Хуросон, Муъминобод, Ҷайҳун, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, қисмҳои алоҳидаи шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат идома доранд, – таъкид кард раиси Кумита. 
 
Кароматулло АТО
 
 
 
МАВОДИ НАШЪАОВАР
Фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятӣ қатъ карда шуд
Бар пояи маълумоти Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар, дар нимсолаи якуми соли 2023 дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 2 тоннаю 476 килограмму 967 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 4 дарсад кам мебошад. 
Қисми зиёди маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон мусодира гардидааст.  
– Баъди ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз ҷониби ҳаракати “Толибон” дар кишвари мо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар бамаротиб зиёд гашт. Агар соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2 тоннаю 425 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардида бошад, пас соли 2022 ин рақам ба 4 тоннаю 991 килограмм расид, – зикр кард Ҳ. Воҳидзода.  
Тибқи иттилоъ, мусодираи ҳабҳои синтетикӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфта, давоми шаш моҳ 2955 ҳаб аз муомилоти ғайриқонунӣ берун бароварда шудааст. 
Дар иртибот ба саволи “Ҷумҳурият”, директори Агентӣ иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияҳои истеҳсоли ҳабҳои синтетикӣ мавҷуд набуда, ин маводи марговар аз кишварҳои хориҷӣ ба мамлакати мо ворид мегардад.
Бино ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятӣ (2022 – 26) дар ҳайати 47 нафар (2022 – 47), ҳамчунин, 1 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шуд.
Инчунин, 42 парвандаи ҷиноятӣ (2022 – 60)  нисбат ба 66 нафар (2022 – 87)  барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо ирсол гаштааст. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
МАҲСУЛОТИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ
Нисбат ба субъектҳои хоҷагидор чораҳои маъмурӣ андешида шуданд
Ба иттилои Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, тайи шаш моҳи аввали соли равон бо мақсади назорати риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва қонунгузории соҳа дар асоси нақшаи санҷиши субъектҳои хоҷагидор нозирони давлатии раёсат ва бахшу шуъбаҳои зертобеъ, дар 916 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ санҷиш ва назорати давлатии риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникиро амалӣ намуданд ва дар 178 ҳолат, бо сабаби риоя нагардидани талаботи муқарраргардида нисбат ба субъектҳои истеҳсолӣ ба маблағи 95 594 сомонӣ ҷарима таъин гашт. 
Дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентӣ аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 209242 кг маҳсулоти гӯштӣ, 4509 кг равғани рустанӣ, беш аз 105 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ, 20152 кг маҳсулоти қаннодӣ, 2785 кг маҳсулоти ширӣ, 18152 кг иловагиҳои ғизоӣ, 3134 кг намак ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешиданд.
– Барои вайрон кардани қоидаҳои савдо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя накардани талаботи қонунгузории соҳа аз тарафи нозирон дар 3627 ҳолат ба маблағи 974572 сомонӣ қарорҳо оид ба бастани ҷаримаи маъмурӣ бароварда шуданд, – гуфт директори Агентӣ.
 
Руҳафзо МУРОДОВА
 
 
 
 
БАРНОМАИ ТАНЗИМИ “MOZILLA FIREFOX”
Қадами устувор дар рушди забони тоҷикӣ
Бо мақсади амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, бо ҷалби мутахассисон ва барномасозони маҳфили “Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ”-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ браузер (ҷустуҷӯгар)-и нав –  Барномаи танзими “Mozilla Firefox” ба забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ шуд. Он аз моҳи майи соли равон дар интернет фаъол мебошад. 
Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумита, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Қайд гардид, ки бо таҳияи чунин барномаҳо забони тоҷикӣ неру ва тавонмандии худро нишон дода, дар байни 190 забон дар даҳгонаи аввали забонҳои сомонаҳои интернетӣ қарор дорад. 
Мавриди зикр аст, ки кор кардан дар сомонаҳо тариқи “Mozilla Firefox”, ки ба забони тоҷикӣ мебошад, муносиб ва осон буда, баҳри рушди забони тоҷикӣ ва ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.
 
Комрон САФАР
 
 
 
ТОҶИКФИЛМ
5 ҷоизаи байналмилалӣ дар 6 моҳ
Дар нимсолаи аввали соли равон филмофарони тоҷик дар як қатор синамоҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаву ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, филми ҳунарии “Дов” (коргардон Муҳиддини Музаффар) дар кинофестивали кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон баргузор гардид, бо ҷоизаи “Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон барои баҳамоварии барҷастаи ҳунарпешаҳо, ки арзиши воқеии дӯстиро ба тамошобин манзур намудаанд” сазовор дониста шуд. 
Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, филми мазкур дар синамоҷашнвораҳои Чебоксария ва  “Дарвозаи ғарб”-и шаҳри Пскови Федератсияи Россия бо ҷоизаҳои “Таваҷҷуҳи тамошобин”, “Беҳтарин ансамбли ҳунарпешаҳо” ва “Ҷоизаи махсуси ҳакамон” қадр гардид. 
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ наворбардорӣ ва танзиму бандубастӣ филми ҳунарии “Ҳақиқат” (коргардон Манзаралӣ Шералӣ) анҷом ёфта, филми ҳунарии “Се хоҳарон” (Муҳаммадрабӣ Исмоилов) омода шуд. Дар баробари ин, давраи омодагӣ барои таҳияи филмҳои ҳунарии “Зиндагӣ зебост” (коргардон Далер Раҳматов), “Ҳадди орзуҳо” (коргардон Умед Мирзоширинов) ва “Девона” (коргардон Соҳибёр Толибов) шуруъ гардида, наворбардории онҳо рӯзҳои наздик оғоз меёбад. 
 
Комрон САФАР
 
 
 
ҶАЪФАРЗОДА МАЪРУФ: “МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕГАРДАНД”
31  июл дар раёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб нишасти хабарӣ баргузор гардид. Маъруф Ҷаъфарзода, сардори раёсат, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ даромади буҷети маҳаллии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 190,3 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 миллион сомонӣ бештар аст. 
Ба гуфтаи Маъруф Ҷаъфарзода, бақияпулии қарзи андози иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин ба ҳолати 1 июн 10,3 миллион сомониро ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 1,5 миллион сомонӣ кам мебошад. Шаҳри Кӯлоб 766 ҳазор сомонӣ, ноҳияҳои Восеъ 8,9 миллион сомонӣ ва Фархор 610 ҳазор сомонӣ қарзи андози иҷтимоӣ доранд.
Дар 32 ташкилоту муассисаи буҷетии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб оид ба мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ санҷиш гузаронда шуд, 880 ҳазор сомонӣ камбудҳо ошкор гардид, 801,4 ҳазор сомонӣ ба фоидаи муассисаҳо ва 9,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гашт, ки 92 дарсади маблағҳои ошкоргардидаро ташкил медиҳад.
 
Суннати СОДИҚ
Санаи нашр: 04.08.2023 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив