ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ 

БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ 

08 август 2023, Сешанбе
6
0


6 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Гурҷистон муҳтарам Саломе Зурабишвили барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ!
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани теъдоди зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар осоишгоҳи Шовии Гурҷистони дӯст боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷиабори ин офати табиӣ, таъзияву ҳамдардии самимии худро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Гурҷистон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

Санаи нашр: 07.08.2023 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив