ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

13 феврал 2023, Душанбе
38
0
ГИРИФТАНИ ШАҲРВАНДИИ ДУВУМ АЗ ОМИЛҲОИ АСОСИИ ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲОСТ
 
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ яке аз омилҳои асосии ҷудошавии оилаҳоро гирифтани шаҳравандии дувум номид. Маълум гардид, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 13 308 оила аз ҳам ҷудо шудааст.
– Таҳлилҳо нишон доданд, ки яке аз сабабҳои асосии аз ҳам пошидани оилаҳои тоҷик ба хотири гирифтани шаҳрвандии дувум, асосан Федератсияи Россия, расман аз ақди никоҳи давлатӣ даст кашида, давом додани зиндагии муштараки зану мард аст. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 804, дар ноҳияи Рашт 103 ва дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ 31 ақди никоҳ ба хотири гирифтани шаҳрвандии кишвари дигар бекор гардидааст, – гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Кормандони Кумита, ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва соҳибкорон ба бонувони минтақаҳои дурдасти мамлакат 15 мошинаи дарздӯзӣ дастрас кардаанд. Ба хотири амалигардонии 80 лоиҳаи мақсаднок 2,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда, дар натиҷа, 395 ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ муҳайё шуд.
 
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,  "Ҷумҳурият"
 
 
 
 
 
ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ
Теъдоди умумии аъзо ба 913 адад расид
 
Соли сипаришуда ба узвияти Палата корхонаю ташкилотҳои нав ҷалб гардида, теъдоди умумии аъзоён ба 913  расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 адад зиёд мебошад, –  гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта шуд, ки Палатаи савдо ва саноат дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо дар ташкили 55 Бизнес-форум ва Бизнес-миссияҳои доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ, 127 конференсия,  семинар- вебинар ва тренингҳо ба таври онлайн ва офлайн мусоидат намуда, иштироки намояндагони худро дар чорабиниҳои мазкур таъмин намудааст.
Палата дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар  ҷиҳати  ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 26  намоишгоҳи байналмилалии 13 давлати дунё ва 21 намоишгоҳи  дохилиҷумҳуриявӣ мусоидат намуд. Бо мақсади шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар кишварҳо зиёда аз 1480  соҳибкор ба таври онлайн ва офлайн дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва Бизнес-форумҳо фаъолона иштирок намуд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
 
ФЕДЕРАТСИЯИ ГӮШТИИ МИЛЛӢ “ГӮШТИГИРӢ” 
Намояндагиҳои мо дар беш аз 50 кишвари олам ифтитоҳ мешаванд
 
Барои боз ҳам оммавӣ намудани гӯштии миллӣ, ки мақоми байналмилалӣ касб кард, Барномаи давлатии рушди гӯштии миллӣ “Гӯштигирӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад. Лоиҳаи Барнома омода буда, рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад. 
Ин матлабро Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зимни нишсти матбуотӣ дар посух ба саволи “Ҷумҳурият” иброз дошт.  
Номбурда мақоми байналмилалӣ гирифтани гӯштии миллии тоҷикиро яке аз муҳимтарин дастовардҳои варзиши тоҷик дар соли рафта унвон кард. 
– Мо корро дар самти муаррифии бештари ин намуди зебои гӯштӣ, аллакай, оғоз намудем. Ҳоло дар Федератсияи Россия, кишварҳои Ҳиндустон ва Эрон намояндагии Федератсияи гӯштии миллӣ “Гӯштигирӣ” таъсис ёфта, корро шуруъ карданд. Тибқи нақша, дар беш аз 50 кишвар намояндагиҳои Федератсияи гӯштии миллии тоҷикӣ кушода мешаванд, – иброз дошт раиси Кумита.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
 
 
 
 
САЙЁҲӢ
Ҳиссаи соҳа дар ММД 2,8 дарсадро ташкил дод
 
Шумораи умумии сайёҳони хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида 999,3 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 703 ҳазор нафар ё 3,4 маротиба зиёд мебошад.
Дар ин бора раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. 
Ба иттилои раиси Кумита, шаҳрвандони хориҷӣ, асосан, аз Ӯзбекистон, Россия, Қазоқистон, Туркия, ИМА ва дигар кишварҳои хориҷи дуру наздик ташриф оварданд.
Таъкид гардид, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон феълан 5 лоиҳа бо маблағи умумии ҳудуди 30 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор дорад. 
Аз рӯи маълумотҳои пешакӣ, дар соли гузашта ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 2,8 фоизро ташкил дод ва тибқи ҳадафҳои рушд то соли 2030 саҳми соҳа дар ММД то 8 дарсад расонда мешавад.
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
 
 
 
ПАРВИЗ АКРАМЗОДА: 
"Саҳми сардхонаҳо дар таъмини бозори истеъмолӣ назаррас аст"
 
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта нақшаи даромади буҷет 102, 7 фоиз иҷро гардида, қисми хароҷоти он 97,6 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсолоти мол, кор ва хизматрасонӣ ба 4 миллиарду 42, 5 миллион сомонӣ баробар гардид. 
– Табиист, ки шаҳри Турсунзода ҳамчун шаҳри саноатӣ дар миқёси мамлакат мақоми хосса дорад. Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 19 миллион сомониро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 222 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба маблағи 483,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Ҳамзамон, фаъолияти корхонаҳои саноатии ҶДММ «Алюмин-Проф», «Сардор-2008», «Нигора», «Вежа фарма», «Саркор-2015», «Шарор», «Анавак» ва «Вена» назаррас буда, онҳо иқтидори истеҳсолии худро аз 150 то 300 фоиз баланд бардоштаанд, –  афзуд раиси шаҳр. 
– Соли 2022 аз шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 148 ҳазору 53 тонна маҳсулот ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва берун аз он содирот гардид. Маблағи маҳсулоти ба хориҷа содиротшуда 7 миллиону 815 ҳазор долларро дар бар мегирад. Ҷиҳати талаф наёфтани маҳсулот дар шаҳр 67 сардхона бо ғунҷоиши 14 ҳазору 982 тонна фаъолият мекунад. Алҳол дар сардхонаҳо 28 тонна ангур, 210 тонна сабзӣ ва 181 тонна мевагӣ ҷойгир карда шудааст. 
Қарзи корхонаю ташкилоти шаҳр аз андоз то аввали соли ҷорӣ 5,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, буҷети шаҳри Турсунзода аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ 13 миллион сомонӣ қарздор аст. Раиси шаҳр дар ин бобат гуфт, ки аз ҳисоби барзиёдии буҷет марҳила ба марҳила қарзи мазкурро пардохт менамоянд. 
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва барқарорсозии 398 иншооти гуногун ба  нақша гирифта шудааст. Соли рафта дар шаҳр 74 иншооти таъиноташон гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.  
 
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият» 
Санаи нашр: 13.02.2023 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив